Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Як сабаб ба иллати шиддатнок ва ё ба таври суст даровехтанаш бо модда метавонад гоҳе сабаби диққ гоҳе сабаби таби якрӯзӣ бошад. Мисоли ин оташ аст, ки он бо ҳезум бар ду ваҷҳ бичаспад: як ваҷҳ ба тариқи гарм кардану бухор намудани он ва дуввум ба тариқи афрӯхтан.
Таби уфунатӣ ва омосӣ бисёр вақт аз он сабаб ба бемории диққ бигузарад, ки таб шиддат ёбад, латифсозии ғизо андар ин ҳангом шиддатнок карда шавад, оби сард ошомидан нагузоранд ва бо ёрии тилоҳо ва зимодҳо хусусан ҳангоми бемориҳои андомҳои ҳамҷавори дил, масалан, ҳиҷоб, ҷониби дилро муроот накунанд.
Бисёр бошад, ки ҳангоми он ба иллати афтодани қувват ва думодум аз ҳуш рафтан пизишк ноилоҷ ба бемор хамр, оби гӯшт, доруи мушк ва монанди он бидиҳад. Гоҳе диққ бо табҳои уфунатӣ ва омосҳо мураккаб бигардад.
Диққ андар оғоз ба душворӣ шинохта ва ба осонӣ муолаҷа шавад, вале ба охир осоншиносу душвормуолаҷа бувад. Пажмурдагӣ ба охир, албатта, илоҷнопазир аст.
Нишонаҳо: Набз борик, сахт, думодум нотавон ва бар як ҳол пойдор бувад. Аммо эҳсоси аз ламси чунин беморон дарёфтшаванда бад-ин гуна аст: гармии аз эшон эҳсосшаванда камтар аз гармии таби сунухус ва [бемориҳои] бад-он монандест, ки аз ҷиҳати моддаҳояшон афрӯхта мебошад. Андар оғоз [гармии] ба ламс дарёфта паст аст, вале агар даст бар он мавзеъ соате биистад, гармии сахт ва сӯзише ҳис карда шавад, ки пайваста рӯ ба афзоиш бувад ва аз ҳама бештар мавзеҳои рагҳову шараёнҳо гарм бошанд. Гармии чунин беморон яксон буда, коҳиш наёбад. Лекин ҳар гоҳ андар [рагҳо] ғизо бигузарад, гармӣ афзоиш ёфта шиддатнок шавад ва набз қавӣ гардида, бузург шудан бигирад, чунонки оташ ҳангоми расидани равған баланд бигардад ва тобаи [тобнок] ҳангоми рехтани об [аз худ гармӣ барорад]. Бинобар ин бархе аз пизишкони нодонро чунин ориз бигардад, ки беморонро ба иллати ин гуна ҳолат рӯй додан аз ғизо хӯрдан боз доранд ва бо ҳамин эшонро ба ҳалокат бирасонанд.
Ин яке аз далелҳои қавии диққ аст ва ғизо ба ҳангоми дигар табҳо ҳарчанд муҷиби ҳаракатҳои пуризтироби табиат бигардад ҳам, вале ногузир муҷиби ин гуна афрӯхта шудан нахоҳад шуд. Ин гуна афрӯхта шудан на чун афрӯхта шудани дигар табҳост, ки баъд аз фишурдагии набз падид ояд ва бо давраҳои муайяне бошад, балки он баробари ғизо додани бемор ҳар вақте ба амал хоҳад омад. Худованди беморӣ гармии андар хеш бударо чандон бисёр ҳис накунад, аз баҳри он ки вай ҳамчун мизоҷи андом ва созгори он гардида бошад. Ту чигунагии ҳолро андар ин гуна вазъ аз Китоби нахустин донистӣ.
Лекин гармӣ ба ҳангоми хӯрдани ягон ғизо ба иллати шиддат ёфтан зоҳир бигардад.
Яке аз далелҳои гузаштани таби якрӯзӣ ба таби диққӣ ин аст, ки авҷ гирифтани гармӣ андар рӯзи севвум ниҳоят бо шиддат бошад. Андар бештари ҳолатҳо таб баъд аз дувоздаҳ соат рӯ ба пастравӣ ниҳад, вале агар таб аз дувоздаҳ соат гузарад ва нишонаҳои пастравӣ зоҳир нагарданд, балки то ба рӯзи севвум бикашад ва шиддат ёбад, пас, ин таби диққ аст. Яке аз далелҳои бо табҳои уфунатӣ таркиб ёфтани диққ ин аст, ки гармии хушк баъд

аз поён ёфтани пастравӣ ва баъд аз арақи фаровон боқӣ бимонад, пажмурдагию лоғарӣ беш аз андозае бошанд, ки ба муҷиби ин иллат бувад ва пешобу бироз равғаннок оянд. (60) Агар [бемории] зоҳир диққ [33] ва ноаён ғайри диққ бошад, бар ин фишурда шудани [набз] ба ҳангоми навбатҳо далолат кунад, зеро ин гуна ҳолат ҳангоми диққ албатта вуҷуд нахоҳад дошт. Бидон, ки гоҳе диққ бо меъда даровехта оғоз ёбад ва он мизоҷи ҷигарро аз тариқи ҳамҷаворӣ табаҳ кунад.
Нишонаҳои пажмурдагӣ: Аммо нишонаҳои пажмурдагӣ ин аст, ки ҳар гоҳ таб ба сӯи пажмурдагӣ равона шавад ва хусусан агар сабаби гирифтори диққ шудан омосҳои ҳалнашаванда бошанд, андар ин ҳангом сахтӣ, заъф, хурдӣ ва думодумии набз шиддат бигиранд. Ин ориз, яъне думодумии набз ва инчунин суръат ҳам сахт афзоиш ёбанд ва набз аз ҷумлаи он ҷинсе бигардад, ки бо номи «думи муш» маъруф аст. Агар [пажмурдагӣ] аз сабаби ошомидани шароби гарм падид омада бошад, ба ҷои набзи «думи муш» набзи «ҷуволдӯзӣ» ҷой хоҳад дошт. Аразҳои пажмурдагӣ ниҳоят ба шиддат зуҳур накунанд, зеро онҳо фурсати то ба ин дараҷа расидан наёбанд. Андар пешоб фазлаи равғанӣ ва пулакчаҳо падид оянд. Чашмон ба фурӯ нишастан сар кунанд ва ҳар гоҳ пажмурдагӣ ба марҳалаи ахир бирасад, фурӯнишастагии онҳо шиддат ёбад ва хинби хушк бисёр бигардад.
Марзаҳои устухонҳои ҳар як андом ва рӯй берун бароянд, ҳар ду гижгоҳӣ пахшшуда бигарданд, пӯсти пешонӣ аз ҳам кашида шавад ва тобиши пӯст биравад ва чунон бинамояд, ки гӯӣ бар вай ғубор нишастааст ва ё аз офтоб сӯхтааст. Ҳол ба ҷое бирасад, ки аз бардоштани абрӯвон гаронӣ ояд ва чашм аз ғайри хоб рафтан пинакравандаю пӯшида бигардад. Бинӣ борик ва мӯй дароз шаванд, шупуш падид ояд ва шикамро хушкида, ба пушт часпида ва чунон дарёбӣ, ки гӯё пӯсти хушкида бувад ва бо кашида шудани худ пӯсти синаро ҳам кашида бошад. Ҳар гоҳ нохунҳо хамида, камоншакл бигарданд, [пажмурдагӣ] ба марҳалаи анҷом бирасад ва ба азҳамрезандагӣ оғоз кунад. Ҳар гоҳ пажмурдагӣ ба азҳамрезӣ табдил ёбад, куркуракҳо гудохта шаванд.
Дармони таби диққӣ. Ғараз аз дармони таби диққӣ сардиоварию тарифизоист ва ҳар як аз ин ду тадбир аз тариқи наздик сохтани сабабҳои он ва аз миён бардоштани сабабҳои зидди он анҷом ёбад. Гоҳе мумкин аст сабаби яке аз онҳо сабабгори зидди дигарӣ бошад. Масалан, сабаби сардиоварӣ бошад, ки сабабгори хушкидан бигардад ва ин зидди тарифизоӣ бувад, чунонки бо қурсҳои кофурӣ, табоширӣ ва монанди онҳо сардифизоӣ кардан ҳамин гуна бувад. Гоҳе мумкин аст сабаби тарифизоӣ низ сабабгори тафсонидан бигардад, ки ин зидди сардифизоӣ бувад. Чунончи шароб ба ҳақиқат тарӣ биоварад, лекин [баробари он низ] битафсонад. Бинобар он бояд инро ба эътибор гирифт ва ҳар гоҳ зарурат тақозои сардифизоии қавӣ кунад ва он бидуни хушкиоварандагӣ набошад, баробар бо чунин [дору], ё пеш ва ё баъд аз он [доруҳое] бидиҳанд, ки дорои қувваи тарифизоиянд.
Ҳамчунин агар зарурат [чизҳои] ба таври қавӣ ва зуд тарифизоянда тақозо кунад, чунончи оби гӯшт ва шароб ҳамин гуна буванд, андар ин ҳол бояд ҳамроҳи онҳо, ё пеш ва ё баъд аз онҳо чизе ба кор бибаранд, ки дорои қувваи сардифизоист.

пешина
аз 1215
навбатӣ