Қонуни тиб

Агар сабаби диққ омос ва ё дарди ягон андоме бошад, воҷиб аст, ки нахуст онро дармон кунанд. Ҳар кӣ бихоҳад тадбирҳои гуногунеро ба таври мураккаб ба кор барад, ки каси табаш сахт шиддатёфтаро созгор бошанд, бояд нахуст [ба бемор] бомдод қурсҳои кофур ва дигар чизҳои ба равиши он бударо бо сикангубин бидиҳанд, баробари баромадани офтоб оби ҷавро бо харчангҳо, агар беморро аз онҳо бад наояд, ё бо гулоб ва ё бо оби анор бидиҳанд ва ба наздики хуфтан агар аз сӯи меъда ва дигар [андомҳо] ягон монеае набошад, ба ӯ луоби аспғул биошомонанд. Тадбири сардифизоӣ, чунонки донистӣ, аз доруҳои ошомидании сардиоваранда, аз тараҳои сардифизой, аз қурсҳое чун қурси кофур, аз зимодҳои сардиоваранда, доруҳои чарбӣ ва монанди инҳо ва аз сард сохтани ҳавои [атрофи беморон], агарчи зимистон ҳам бошад, иборат аст. Агар бемор таҳаммули ин кардан натавонад, болопӯши ӯро сабуктар созанд, зеро сард сохтани ҳавои [атрофи] ӯ беҳтарин тадбир бувад. Ӯро либосҳои сандалу кофурзада бипӯшонанд, [хушбӯиҳои] бӯи гул, кофур ва сандал дошта, меваҳои сард ва шоҳисфараме бибӯёнанд, ки бар вай гулоб пошида бошанд ва бо арақоварию гармоба кардан бухордиҳӣ кунанд.96 Зимодҳои сахт сардиоварандаро бар андомҳои наздик ба андомҳои нафасгирӣ набояд муддати дароз нигоҳ дошт, зеро бошад, ки онҳо нафас ва овозро зиёни бузурге бирасонанд. Бояд бемор бештар ба осудагӣ, хоб, фароғат ва дилхушӣ машғул бошад ва бояд ӯро аз чизҳои хашмангез, ҳузнангез ва андӯҳовар ва аз гуруснагию ташнагии тӯлонӣ кашидан дур бидоранд. Зимодҳои сардиоварандае, ки барои чунин [беморон] ба кор бибаранд, бояд аз атрҳо иборат бошанд, зеро [андудани] атрҳо хусусан бар сина ва атрофи он аз ҳама хубтар суд бибахшад ва [низ] бояд онҳо сардиоваранда буда, вале қабзкунанда набошанд, зеро қабзкунандагӣ ба изофаи хушконидан қувваи доруро фурӯтар гузаштан нагузорад. Бояд [зимодҳоро] пайваста иваз кунанд, то дору бисёр истода гарм нашавад ва гармӣ наоварад ва ба изофаи он бояд шиддатнокии сардиоварии он риоя карда шавад, зеро агар он ба шиддат сардӣ оварад, (61) аз эҳтимол дур нест, ки андомро нотавон созад ва агар ба наздики андомҳои нафасгирӣ бошад, аҷаб нест ҳиҷоб ва дигар андомҳоро карахт сохта, онҳоро аз баровардани нафас ба осонӣ боз дорад. Тадбири тариоварӣ аз ғизоҳои нарм, меваҳо, обзанҳо, доруҳои чарбӣ, зимодҳо, доруҳои андар бинӣ кашиданӣ, доруҳои андар бинӣ афканданӣ, осудагӣ, фароғат ва гуруснагӣ ва ё ташнагӣ накашидани [бемор] иборат аст.
Зикри доруҳои сардиоварандае, ки [хоси] ин гуна беморонанд. Аз ҷумла тариоварандаи онҳо ё саросар ғизоиянд ва ё бахши ғизоӣ андар онҳо ғолибият дорад.
Мисоли ин оби ҷави бо харчангҳо ҷӯшонида аз ҷиҳати харчангҳои доштааш ҳамин гуна аст. Харчангҳоро бояд аз андомҳои атрофӣ, яъне аз дасту пойҳо ва ашкҳо пок кунанд ва бо оби сарду намаки хуш ва хокистар се бор ва ё беш аз он бишӯянд, то покиза шаванд ва бадбӯияшон биравад. Сипас онҳоро андар [оби] ҷав биҷӯшо
нанд. Мисоли [дигар] дӯғи маска баргирифтаи гов, ё афшураҳои тараҳои маълуме, ки андар бобҳои табҳои тез ёд шудаанд ва ё луоби аспғул мебошад. Сирко бошад, сахт хушкиоваранда буда, дорои қувваи ҳалкунандагист.
Бинобар ин, бояд онро омехта бо оби бисёр ва ё бо баъзе чизҳои тарифизояндаи нармиоваранда биошоманд, то ки ҳар ду хусусияти он муътадил бигардад. Шири хар ба изофаи тариоварӣ қариб сардибахшанда буда, ҳатто гурӯҳе тарифизоии онро бартар аз тарифизоии дӯғи маска баргирифтаи гов шуморидаанд, лекин он касонеро созгор аст, ки фақат ба таби диққӣ гирифторанд ва ягон модда ва хилти омодаи гандидан надоранд. Бояд эҳтиёт шуд, ки шир панир нагардад ва яке аз чизҳои боздорандаи ин ҳолат шакар бувад. Ҳар гоҳ туро бими гандидани шир падид ояд, онро ба нармӣ ба исҳол овар, вале агар бими он дошта бошӣ, ки аз [исҳол] тафс падид хоҳад омад, беморро якчанд рӯз [аз истеъмоли шир] боз дошта, андар ин ҳангом бо қурсҳо ва обҳои меваҳо муолаҷа кун ва сипас [шир доданро] аз сар бигир.
Аммо мисоли доруҳои сардиоварандаи бидуни тарифизояндагӣ қурсҳои маъмулу тавсифшуда, яъне қурсҳои кофур ва қурсҳои сарди аз бехи марҷон сохташуда ва ё масалан қурсҳоеанд, ки ба сифати зерин буда, нусхаи онҳо чунин аст: чаҳор дирамӣ табошир ва гили арманӣ, шаш дирам гул ва се дирамӣ тухми хурфа, бодранг, каду ва каҳраборо гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд. Як ошомидании он ба қадри ду дирам буда, сахт хуб аст.
Низ як доруи ба ҳамин наздикест, ки нусхаи он чунин аст: се дирамӣ забони барра, нашоста, самғ ва касиро, чаҳор дирамӣ гили арманӣ ва табошир, панҷ дирам хашхош, шаш дирамӣ гул, тухми каду, бодранг ва хурфа, ҳафт [дирамӣ] донаи биҳии муқашшар, тухми харбуза ва тухми хиёрза ва даҳ [дирам] рубби ширинбаёнро гирифта, бо луоби аспғул маъҷун созанд.
Аммо доруҳои чарбӣ, тилоҳо, зимодҳои сардиоваранда, доруҳои андар бинӣ кашиданӣ ва доруҳои андар бинӣ афкандании сардиовар ҳамонҳоеанд, ки донистӣ. Аз ҳама беҳтари онҳо доруҳои чарбиест, ки аз равғани каду, хашхош, нилуфар, бед ва бунафша бигиранд.
Фаршҳои сардиоварандаи тарифизоянда бояд сахт ҳамвор ва аз чарми гулобпошида ва ё аз навъи катоне иборат бошанд, ки ба Табаристон бисозанд ва андаруни онҳоро бо чизҳое оганда созанд, ки гармибахшанда набошанд, балки аз ҷинси катони ҳаллоҷӣ карда буда, онҳоро пайваста нав бикунанд. Ё бояд фаршҳоро аз чармҳое бисозанд, ки пури об карда бошанд ва пеш аз он онҳоро бизананд, то об густурда шавад ва андар як ҷой ҷамъ наояд. Бояд ба наздики обҳо ва маҷроҳои онҳо бошад ва ба зери он баргҳои дарахтони сарди таре аз қабили бед ва ҳамешабаҳор, тараҳои тар ва аз гулҳои сардиовар масалан гули садбарг ва низ баргҳои дарахтони сард, сарнавдаҳои ток ва монанди инҳо паҳн кунанд.
Зикри доруҳои тариоварандае, ки [хоси] чунин беморонанд. Аммо он чи аз инҳо, ки низ дорои сардиоварист, пеш аз ин ёд шуданд ва ҳоло ин ногуфта мондааст, ки чӣ гуна ба бемор ширҳову дӯғи маска баргирифта бидиҳанд ва чӣ гуна обзанҳову гармоба, доруҳои чарбӣ, равғанҳо, тилоҳо ва дигар тадбирҳоро ба кор бибаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор