Қонуни тиб

Чӣ гуна ба бемор додани ширҳоро мо андар боби сил ва хушкии меъда баён кардем ва бояд он қонуни муолаҷа бошад. Ҳеҷ шир баъд аз шири занон ба шири хар, сипас ба шири буз намерасад, [34] вале чунонки медонӣ, бояд ба онҳо гиёҳҳо ва тараҳои сарди тар бидиҳанд. Агар диққро ягон чизи канда метавониста бошад ва агар ягон гандагӣ ба сабаби моддаи ҳосилшуда, рӯй надода ва ё эҳтимоли рӯй додан надошта бошад, ин [ширҳо] ва хусусан шири хар [диққро] биканад ва ҳеҷ чизе мисли он сазовори бартарӣ нест. Шир аз оғози диққ то анҷоми он аз барои чунин беморон судманд аст ва шири занон (62) ба тариқи [аз пистон] макидан беш аз ҳама созгор бувад.
Қонуни ба бемор додани дӯғи маска баргирифта низ ба ҳамин наздикӣ дорад ва агар нерӯ ёварӣ кунад, беҳтар он бошад, ки нахуст аз даҳ дирам оғоз намуда, [сипас] то ба сиҳ дирам ва беш аз он бирасонанд. Туро мебояд бо он ягон қурси сардиовар биомезӣ ва агар қувват барои гуворидан ёварӣ кунад, ба ҳангоми ошомидани якум ва ахир метавонӣ миқдори ёдшударо афзоиш бидиҳӣ.
Аз обзанҳо аз ҳама беҳтар он аст, ки ба ҳангоми он об нимгарм ва ҳарорати бисёртар надошта бошад ва ба изофаи он дорои қувваҳои тараҳо ва гиёҳҳои сардибахшандаю тарифизоянда бошад ва [гармияш] ба ҷое бувад, ки арақ овардан як сӯ биистад, ҳатто боиси намнокии [пӯст] ҳам нагардад. Раво нест, ки аз обзан бухори гарм барояд. Агар ягон монеае намебуд, аз истеъмоли обзани сард чизе беҳтар нест. Лекин заъфи тани беморон ва лоғарии он монеи он бувад. Аммо ба аввалҳои [беморӣ обзани сард] бошад, ки эшонро шифо бахшад.
Вай гоҳе заъфи танро низ шифо бахшад, вале ба изофаи он ба муҷиби мизоҷи хеш андак сардие биоварад, ки онро метавон муолаҷа намуд. Агар тан аз ин ҳам заъифтар бошад, бими он аст, ки ба диққи пирона97 гирифтор кунад. Ин бисёр кам рӯй дода ва бо вуҷуди он фаро расидани замони маргро ба дарозо бикашад ва гоҳе бемор ба ҳангоми он як муддати хеле қобили мулоҳаза зинда бимонад. Бисёр бошад, ки ба чунин намуд гузаштани диққ созгортар бувад.
Аммо ба ҳангоми обзан, ки мо ҳадиси онро овардем, беҳтар он аст, ки нахуст аз оби як андоза гарм оғоз намуда, тадриҷан ба оби ба таври муътадил сарди таҳаммулпазир бигузаранд. Ин гуна ба тадриҷ рафтор кардан танро пазирои сардӣ бигардонад, зеро аз ногаҳон ворид шудани чизи мухолифи мизоҷ дард падид ояд. Инчунин тан аз оби гарм чизе шабеҳи фарбеҳӣ ҳосил карда, бо ҳамин таҳаммули оби сард кунад. Агар обзанро андар як рӯз се бор ба такрор кор фармоянд, хуб хоҳад буд, вале бояд онро бо эҳтиёт ба кор бурд, то қувват наафтад. Агар ду соат пеш аз обзан оби ҷав биошоманд, хуб бувад. Агар баъд аз дӯшидани шир бар тан ба тавре ки мо онро баъд шарҳ хоҳем дод ва он аз барои васеъ шудани маҷроҳои ғизо бошад, обзан ба кор баранд, сипас оби ҷав ва чизҳои бад-он монанд бихӯранд, баъд сабр кунанд ва баъд аз он барои густариш ёфтани ғизо [бори дигар] обзан ба кор бибаранд, ин бисёр хуб аст.
Баъд аз обзан ва гармоба бо равғанҳои сардифизояндаи тариоваре аз қабили равғани бунафша ва хусусан
бо он [равғане], ки аз равғани каду сохта шудааст ва инчунин бо равғани нилуфар ва равғани [холиси] каду равғанмолӣ кунанд. Агар баъд аз обзани [гарм] ба обзани моил ба сардии андак ва таҳаммулпазир гузаранд ва сипас равған бимоланд, ин хуб аст. Агар пеш аз ҳама равғанҳо бимоланд ва ин корро зуд анҷом дода, сипас ба оби андаке сард бидароянд, низ хуб аст, вале ин бояд ба ҳасби таҳаммули бемор бошад ва ба тадриҷ амал кардан бад нест. Беҳтарин вақт барои ин тадбир баъд аз гуворидани таом аст. Агар имконият бошад, ки баъд аз обзани гарм якбора бидуни ба тадриҷ рафтор кардан андар оби сард бидароянд, ин аз ҷиҳати муолаҷа ба ғоят хуб, вале аз ҷиҳати хатарнокӣ сахт пурхатар бошад.
Оҳиста рехтани он аз якбора ғӯтонидани бемор андар он камтар хатарнок, вале камтар судманд аст. Бояд сардии об ба андозаи сардии оби тобистон, яъне миёни нимгармӣ ва ниҳоят сард бувад.
Агар нахуст ба ҳоли нотавон набудан бар андомҳои [бемор] шир бидӯшанд ва ё агар бемор нотавон бошад, ширро омехта бо об ба кор баранд ва сипас обзан истифода кунанд, хуб хоҳад буд, зеро бар тан дӯшидани шир сахт тарифизоянда бувад. Ширҳои аз барои дӯшидан хуб онҳоест, ки ёд шуданд ва бояд онҳоро [бевосита] аз пистон бидӯшанд. Беҳтар он аст, ки шаб бар тамоми тан ва пайвандгоҳҳо равғанҳои ёдшударо молида бихобанд.
[Аз гармобаҳо] ба бемор танҳо ба гармобае даромаданро иҷозат бидиҳанд, ки арақ наоварад, натафсонад, нафасро дигаргун насозад, гармии обаш камтар аз гармии ҳавои он бошад, гармии оби он ширгарм буда, ба ҳадде бошад, ки нуфуз кунад, вале ранҷовару арақовар набошад ва бояд андар тани бемор ягон моддаи омодаи гандидан ҷой надошта бошад. Хусусан [набояд] ин ба ҳангоме бувад, ки ҳанӯз таом гуворида нашудааст, балки ба ҳангоме бояд гармоба кунанд, ки таоми гуворидаро андар тан густариш додан бихоҳанд. Набояд андар он дер бимонанд, балки зуд берун шаванд ва чун аз он берун омаданд, ягон чизи тариовар ва ягон ошобае бихӯранд, ки зиёновар набошад ва аз ҷав ва шир сохта бошанд. Агар [беморро] андар гармоба ташнагӣ рӯй диҳад, онро бо оби ҷав, оби дӯғ ва шири хар ором кунанд.
Бояд ба гармоба даровардани чунин беморон ва аз он ҷо баровардани эшон ба тариқе бошад, ки ягон озоре наёбанд ва мо аз ин андар ҷойҳои дигар огоҳӣ додем ва бахше аз онро боз хоҳем овард. Бояд [беморро] андар боргире98 бардошта, ба гармоба бибиранд, (63) ки андар он фарши ҳамворе густурда бошанд. Чун ба хонаи якум расиданд, ӯро бар кӯрпаи нарме гузаронда хобонанд, ки яке аз чизҳои муносиби гармоба аст. Ҷомаҳояшро андар ин ҷой ва ё агар хонаи миёнгин гарм набошад, андар он ҷой бикашанд. Андар яке аз ин ду хона танҳо ба андозае биистад, ки ӯро фуруд оранд, андаке нафас гирад ва ба андозаи кашидани ҷомаҳо бимонад. Сипас ӯро ба хонаи севвум бидароранд, ки он набояд сахт гарм бошад.
Андар он ҷой то замоне биистад, ки ба обзан бардошт дорад. Ин буд он чи андар ин хусус гуфтаанд. Вале ба наздики ман дӯстдоштатар он аст, ки бояд обзани ӯ андар хонаи миёнгини муътадил бошад. Ҳар гоҳ бемор аз обзани сард берун ояд, ӯро бо рӯймол ва ё фараҷияи99 остардор печида, бо боргир ба ҷои хоб оранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор