Қонуни тиб

Арақи ӯро бо рӯймолҳо пок кунанд, [танашро] равған бимоланд ва ғизояш бидиҳанд.
Ғизо додани худовандони диққ: Ғизои эшонро бояд баҳра – баҳра дод ва набояд ба як бор сер таом бихӯранд.
Сипас беҳтарин чизҳое, ки ба эшон бидиҳанд, инҳост:
оби ҷав; ҷав;100 нони аз гандуми шусташуда сохта, ки онро андар оби сард тар кунанд; ширҳо ба шарте, ки ягон чизи мо ёдкарда монеи онҳо набошанд; дӯғи маскабаргирифтаи гов, ки он серғизост; мош; каду; ва аз меваҳо «харбузаи филастинӣ»,101 ки он харбузаи раққӣ буда, андар ҷойҳои мо бо номи «харбузаи ҳиндӣ» маъруф аст.
Ҳар гоҳ бемор беҳбудӣ ҳис кунад, ба ӯ аз додани панири тозаи бенамак боке нест. Агар қувват заиф мешуда бошад, хубаш ин аст, ки ба ӯ оби зирабои бо кашнизи тар хушбӯй карда ва бо дурроҷу тиҳу пухта бидиҳанд. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ба бемор миқдоре аз шароби тунукро бо оби бисёр омехта бидиҳанд ва гоҳе агар [бемор] қуввати гуворидан дошат бошад, эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки масусҳои аз гӯшти дурроҷ, тиҳу, кабк ва мурғҷӯҷа сохта, ҳулломи турш ва ё қариси турши аз гӯшти бузғола ва ё гӯшти гов сохта бидиҳанд. Сиркои аз масус ва ё қарис боқимонда барои чунин беморон судманд аст ва андар ин гуна ҳолат қувват бахшад. Гоҳе аз додани оби гӯшти омехта бо шароби меваҳои сарди турш ва ё зардии хояи нимбиришт чора нест. Агар нотавонии [бемор] ба беҳушӣ бикашад, эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ба ӯ оби гӯшти аз устухонҳои паҳлуи бузғола гирифтаро бо каме намак бидиҳанд. Ин [обро] биполонанд ва бар вай якчанди он оби себ ва ними даҳяки он шароби райҳонӣ афзуда, ба таври нимгарм [ба бемор] биошомонанд.
Аммо ба ӯ додани оби сарди начандон бисёр сард ҳангоме бад нест, ки ягон монеае набошад. Ин гуна монеа ё омосе бошад, ки андар фурӯсӯи сари устухонҳои паҳлу ҷой дошта бошад ва ё кимусҳои гандида ва кимусҳои хоме буванд, ки андар тан ҷой дошта бошанд.
Ҳамаи инҳо эҳтиёҷ ба пухтан дошта ва ҳанӯз нишонаи пухтагӣ зоҳир нашуда бошад. Ҳар гоҳ ин нишона падид ояд, бими хатар камтар [хоҳад] буд. Ҳангоми ба таври гузариш аз сарсом ва ё барсом падид омадани диққ низ ҳол ҳамчунин бувад ва андар ин ҳол аз оби сард додан ба бемор худдорӣ кардан авлотар аз дигар ҳолатҳост, зеро агар диққ пас аз бемориҳои абгоркунандаи қувват, сусткунандаи он ва нармсозандаи устухону гӯшт ба амал ояд, ба ҳоли нотавонии [тан] омада бошад ва агар бо ин нотавонӣ ошомидани оби сард ҷуфт шавад, [бемор] зуд ба ҷинси дигаре аз диққ гирифтор ояд, ки он [ҷинс] бо ин ҷинс аз ҷиҳати хушкӣ муштарак буда, аз ҷиҳати гармию сардӣ аз ин фарқ кунад ва бо номи «диққи пирона» ва «диққи фартутона» маъруф102 аст. Ин бемории душвор буда, ба ҳангоми он [гармии] модарзодӣ бекор бигардад. Ҳамчунин оби ба ғоят сарду бисёр андар ҳама ҳолат чунин беморонро зиён дорад ва [гармии] модарзодии андомҳои аслии эшонро табаҳ созад. Гоҳе мурдани эшонро битезонад ва ё эшонро ба намуди дигаре аз диққ гирифтор кунад.
Андар баёни пешгирӣ кардани ҳолатҳое, ки аз паси диққ падид оянд: Яке аз инҳо беҳушист, ки тадбири
[ғизоии]103 онро мо ёд кардем. Аз ин ҷумла низ исҳол мебошад ва бояд онро муолаҷа намуд ва пешгирӣ кард, [35] зеро он дорои хатари бузург аст. Бархе аз муолаҷаи он чунин аст, ки нахуст [ба беморон] ба ҷои оби ҷав оби пист бидиҳанд ва ё андар ҷави эшон говарси бирён ва самғ, ё наски якчанд бор ҷӯшонида ва ё шире ҳамроҳ кунанд, ки бо сангчаҳо ва ё танҳо бо оташ то рафтани бахши обияш ҷӯшонида бошанд. [Шир] хусусан бо говарс хуб аст.
Ба бемор қурсҳое бидиҳанд, ки нусхаи онҳо чунин аст:
панҷ [бахш] гили арманӣ, чаҳор [бахшӣ] шоҳбулути бирён ва гул, се [бахшӣ] табоширу каҳрабо ва шаш [бахшӣ] тухми турушаи муқашшар ва донаи зиришкро гирифта, бо афшураи биҳӣ қурс бисозанд ва пагоҳиҳо бо оби амруд ба бемор бидиҳанд. Пеш аз хоб ба ӯ аспғули бирён бидиҳанд, биошомад. Ҳамчунин (64) хокаи табошире, ки андар таркиби он муқли маккӣ низ бидарояд, сахт судманд аст. Агар [исҳол] боиси реши рӯда бигардад, инро бо ҳуқнаҳои бароят маъруф муолаҷа кунанд. Ин аз ҳама созгортар бувад.
Фасли чиҳилу нуҳум андар баёни диққи пирона
Одат бар ин аст, ки диққи пиронаро баъд аз таби диққӣ ёд кунанд ва мо низ ин тариқаи одатшударо пеш бигирем. Маънои «диққи пирона» ин аст, ки аз ғайри таб хушкӣ бар мизоҷ фармонраво бигардад. Ин гоҳе аз ҷиҳати гармию сардӣ муътадил бошад, вале ин ҳол бисёр кам рӯй диҳад ва гоҳе сард бувад. Ин ҳолатро аз он «диққи пирона»104 ва «диққи фартутона» хонанд, ки танро аз ғайри фаро расидани ҳангоми пирӣ он оризаҳое аз қабили пажмурдагӣ ва хушкӣ падид оянд, ки андар он ҳангом бояд ориз бигарданд. Солхӯрдагон зудтар аз барноён ва барноён зудтар аз кӯдакон ба ин [беморӣ] гирифтор оянд, чунки он гоҳе барноён ва кӯдаконро ориз бигардад. Сабаби ба ин беморӣ гирифторсозанда ё сардии фармонравоест, ки баробари заъфи тан ҷой дошта, қувваи ғизобахшандаро аз пурра анҷом додани кори худ боз дорад, чунонки андар поёни зиндагӣ низ чунин ҳол ба амал ояд. Аз ҳамин қабил сабабҳо оби сардест, ки онро ё бе маҳал, ё баъд аз заъфи тан ва ҷой доштани таб, ё ба ҳоли иштиҳо ва ё аз паси варзише биошоманд, ки қувватро ҳал карда, масомҳоро боз намуда ва [танро] аз барои якбора ба сӯи андомҳои дарунӣ кашидани оби сард муштоқ сохта бошад. Ё [мумкин аст] бухорҳои бади сарде [сабабгори он] бошанд, ки ба сӯи дил бизананд ва мизоҷи онро сард созанд. Ё мумкин аст ҳарорате бошад, ки рутубатҳоро ҳал карда бигудозад, гармии модарзодиро бимиронад ва аз паси он сардӣ ва хушкӣ падид оянд.
Гоҳе ин аз паси истифроғҳо ба амал ояд.
Гоҳе ба ифрот бо ошомиданиҳову зимодҳо тадбир намудани худовандони табҳо ин иллатро падид орад. Агар ин иллат устувор бигардад, дармон нахоҳад пазируфт ва агар онро ягон ҳилае мебуд, маргро ҳам ҳилае мебуд.
Нишонаҳо: Андар чунин беморон на нишонаҳои пажмурдагию хушкандомӣ намудор бошанд,105 на афрӯхтагӣ ва на сӯзиш, балки бошад, ки ба ламс [тани] эшонро сард дарёбанд. Набзи эшон на чун набзи худовандони табҳои диққ, балки хурди паст ва ноҳамвор бувад, вале агар заъф шиддат ёбад, набз ба думодумӣ бипардозад ва ин [ҳол] хусусан касонеро [рӯй бидиҳад], ки аз сабаби оби сард ошомидан гирифтори ин [беморӣ] шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор