Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Пешоби эшон сафеди тунук ва обакӣ бигардад ва ҳоли эшон чун ҳоли пирон бинамояд.
Андар баёни дармони диққи пирона: Инро шахси дармонгар то даме ки мустаҳкам нашудааст, ба умеди он муолаҷа кунад, ки то мустаҳкам нашавад ва ба ҳангоми мустаҳкам шудан бад-он умед муолаҷа кунад, ки то марг каме ҳам бошад ба таъхир биафтад. Қонуни муолаҷаи чунин беморон гармсозию тарифизоист ва яке аз василаҳои тарифизоӣ чунонки донистӣ, гармобаҳо мебошад. [Гармобаро] танҳо баъд аз гувориш ба кор бибаранд, зеро агар онро аз паси ғизо хӯрдан ба кор баранд, қувватро аз пой биафтонад. [Аз ин ҷумла низ] ҳуқнаҳоест, ки аз сару почаи [гӯсфанд], нахӯд ва гандуми далида, анҷир, хори хасак ва бобуна бисозанд. Аз ин гуна [ҳуқнаҳо] ним ратл гирифта, бо ду уқия равғани кунҷид ва каме аз равғани бон ба кор баранд. Аз паси ғизо додан ба бемор даллокӣ кунанд. Аз пистон шир додан барои эшон сахт суд дорад. Ангубин барои чунин беморон ба ғоят судманд бувад, чунонки барои худовандони таби диққ ба ғоят зиёнвар аст. Ҳар гуна ғизое, ки тарифизо, осонгузар ва зуд ҷазбшаванда буда, ҳеҷ часпакӣ надошта бошад, аз барои эшон сахт созгор аст. Мисоли ин оби гӯшт, зардии хояи нимбиришт ва шароби тунуки хушбӯи каммиқдор мебошад. Бояд он тарифизоие муроот шавад, ки андар боби диққ ёд шуд. Бо [чизҳои тарифизоянда] он хушбӯиҳо, зимодҳо, доруҳои чарбӣ, ғизоҳо ва дигар чизҳоеро биомезанд, ки гармиоваранда буванд.
Фасли панҷоҳум андар баёни табҳои вабоӣ ва он чи ки ҳамҷинси онҳост, яъне таби обилавӣ ва таби ҳасбавӣ

Андар баёни табҳои вабоӣ: Чунон и андар Китоби [қонунҳои] ҳамагонӣ мо туро донондем, гоҳе ҳаворо ҳам мисли об дигаргуниҳои кайфиятӣ рӯй дода, гарму сард шавад ва дигаргуниҳои табиӣ рӯй дода, мазааш бигардад ва ганда шавад, чунонки обро ҳам маза бигардад ва бадбӯю ганда шавад. Чунонки об на ба ҳоли содагӣ, балки ба сабаби ягон ҷисми хокии палиде ганда бигардад, ки бо вай биомезад ва ин маҷмӯи омехтаро кайфияти баде падид ояд, ҳамчунин ҳаво ҳам на ба ҳоли содагӣ, балки бадон сабаб бигандад, (65) ки бархе аз бухорҳои баде бо вай биомезад ва ин ҷумларо кайфияти бад падид ояд. Гоҳе ба изофаи ин [ҳаво] мумкин ба сабаби бодҳое дигаргун шавад, ки онҳо бо худ ба ҷойҳои хушҳаво дудҳои бади ҷойҳои дуреро биоваранд, ки андар он ҷойҳо мурдобҳои обаш гардида бошанд ва ё ҷасадҳои касони андар кушторҳо ва ё вабои қаттол ба ҳалокат расида ногӯронда ва носӯзонда хобида бошанд. Гоҳе мумкин аст сабаб андар наздикии ин ҷой буда, андар он нуфуз кунад. Бисёр бошад, ки ба сабабҳои ҷузъиёташон номаълум андар дохили замин гандагиҳо падид оянд ва ба обу ҳаво бигузаранд.
Табҳои ба сабаби ҳавои хушк падидоянда камтар аз ҳамин гуна табҳоеанд, ки аз ҳавои тар рӯй диҳанд, вале

андар ҳавои хушк сафро бисёр бигардад ва ин низ сабаби падид омадани табҳои сафровӣ бувад. Аммо табҳои вабоӣ бошанд, аз сабаби ҳавои тираи тар ба амал оянд.
Табҳо ба хангоми ҳавои тар бештар падид оянд, лекин дараҷаи тезии онҳо камтар ва муддаташон дарозтар бувад. Ба тобистони хушки камборон табҳо камтар падид оянд, вале тезтару зудгузар бошанд. Беҳтарини фаслҳо онест, ки табиати хешро нигоҳ дорад.
Сарчашмаи ҳамаи ин дигаргуниҳо бархе аз ҳайъатҳои гардун аст, ки онҳо ба наҳви барои мо номаълум муҷиби ин [дигаргуниҳо] бигарданд, вале гурӯҳе андар [донистани он] иддаое намудаанд, ки ба ҳақиқати исботшуда ягон нисбате надорад. Баръакс, бояд донист, ки сабаби аввал ва дури он шаклҳои осмонӣ ва сабаби наздик ҳолатҳои заминӣ мебошанд. Ҳар гоҳ қувваҳои коргари осмонӣ ва қувваҳои корпазир муҷиби сахт тар шудани ҳаво бигарданд, бухорҳову дудҳоро ба ҳаво бардошта, андар он паҳн кунанд ва бо ёрии гармии заифе онҳоро бигардонанд. Чун ҳаво бад-ин дараҷа расад, бар дил ҳуҷум кунад, мизоҷи рӯҳи андар вай бударо табаҳ созад, рутубати доштаашро бигандонад ва гармие ба амал оварад, ки берун аз ҳадди табиат буда, аз тариқи худ андар тан густариш ёбад. Бинобар ин таби вабоӣ падид омада, гурӯҳе аз одамонро фаро бигирад, ки эшон низ андар хеш хосияти пазируфтани онро дошта бошанд, зеро агар фоил худ танҳо мавҷуд бошад, вале феълпазир пазирои он набошад, феълу феълпазирӣ ба амал нахоҳад омад. Баданҳо ҳангоме омодаи пазируфтани инфиоли мо баён мекарда бигарданд, ки бо хилтҳои бад пур бошанд, зеро баданҳои пок қариб аз он мунфаил нахоҳанд шуд. Баданҳои нотавон низ аз он мунфаил бигарданд ва мисоли ин баданҳои касони бисёр ҷимоъкунанда ва баданҳои фарохмасом ва тари он касонест, ки бисёр гармоба кунанд.
Нишонаҳо: Ин таб ба зоҳир ором, вале андар ботин тосаоваранда буда, аксар ба ҳалокат бирасонад. Аз сабаби он сӯзишу афрӯхтагии қавӣ ҳис карда шавад. Ба ҳангоми он нафас бузург, баланд ва думодум, бисёр вақт танг ва бисёр вақт бӯйнок бигардад, ташнагӣ шиддат ёбад ва забон бихушкад. Гоҳе бо маниши гаштан ва ё афтодагии иштиҳо зуҳур кунад ва агар аз тариқи зӯран ғизо додан бо ин [ҳолат] муқовамат накунанд, беморро ба ҳалокат бирасонад. [Низ] дил дард кунад, испурч бузург бигардад, тосаи сахт падид ояд ва бемор андар ҷои хоб печу тоб хӯрад. Бошад, ки сурфаи хушк ояд, қувват биафтад, беҳушӣ оғоз ёбад, ақл парешон бигардад, фурӯсӯви сари устухонҳои паҳлу аз ҳам кашида шавад, беморро бехобӣ рӯй диҳад ва тан сусту беҳол шавад. Гоҳе баробари он табишҳои сурху бӯр рӯй диҳанд, ки гоҳе зуд намудор ва зуд пинҳон бигарданд ва қулоъ ва решҳо падид оянд.
Набз андар бештари ҳолатҳо думодуми хурд бувад ва аксар вақт шаб шиддат ёбад. Гоҳе чунин беморонро ҳолате чун истисқо рӯй диҳад ва аз [шикамашон] зарда ва дигар [хилтҳо] бираванд. Бирози эшон нарми баднамуд ва ғайри табиӣ бувад. Гоҳе савдовӣ [36] ва аксар вақт кафкии бадбӯй буда, андар таркиби он чизе аз ҷинси чизҳои гудозанда ёфт шавад. Пешоби эшон обмонанди зардавии савдовӣ бувад. Бисёр бошад, ки савдо ва аз он ҳам бештар сафро қай кунанд ва арақи бадбӯй оваранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ