Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин таб бо қавитарин намуди аразҳои ёфтшуда оғоз ёфта, ба беҳушӣ, сардии дасту пой, лисарғус, кузоз ва ташаннуҷ бурда бирасонад.
Гоҳе як намуд аз ин гуна табҳои вабоӣ ба амал ояд, ки ба ҳангоми он бемор ва каси аз наздик ламскунанда чандон гармии бисёре ҳис накунанд ва набзу пешоб на он қадар бисёр тағйир ёбанд, вале бо вуҷуди ин зуд ҳалоккунанда буда, пизишкон андар кори он ҳайрон бимонанд.
Аксари беморони нафасашон бадбӯй чи аз ин гурӯҳ ва чи аз гурӯҳи якум бимиранд, зеро гандагӣ андар дили эшон мустаҳкам гардида бошад.
Нишонаҳои вабо: Бархе аз чизҳои ба вабо далолаткунанда ва ба равиши сабаб буда ин аст, (66) ки андар аввалҳои хазон ва андар моҳи айлул106 рехтани сангҳои осмонӣ ва ситораҳои паррон бисёр рӯй диҳад ва инҳо ҳамчун огоҳии сабаб аз вабои падидоянда огоҳӣ диҳанд.
Ҳар гоҳ боди ҷануб ва боди сабо андар ҳар ду моҳи конун107 як чанд рӯз бивазанд, [низ чунин бошад]. Ҳар гоҳ ҳаворо гирифта ва ё ғуборнок бибинӣ ва гумони борон кунӣ, вале маълум шавад, ки ҳаво ғуборноку хушки беборон аст, бидон, ки мизоҷи зимистон табаҳ аст. Аммо вабои тобистонӣ бад буда, камборонии баҳор ва сардии он ба [ин гуна вабо] далолат кунанд. Сипас агар бибинӣ, ки боди ҷануб бисёр бивазад ва ҳаво якчанд рӯз тира шуда, баъд аз он як ҳафта ва беш аз он соф бимонад ва сипас шабона сармо ва рӯзона дамбастагӣ, гирифтагӣ, тирагӣ ва гармӣ ба амал оянд, пас, вабо рӯй додааст ва чашмдори падид омадани табҳои вабоӣ, обила ва монанди он бош. Ҳамчунин агар тобистон сахт гарм набошад, вале сахт тира буда, дарахтон ғуборолуд бошанд ва пеш аз ин андар хазон ситораҳои паррон, оташпораҳо, найзакҳо ва ғайра зоҳир шуда бошанд, пас, ин нишонаи вабост. Инчунин агар ҳаворо бибинӣ, ки андар як рӯз чандин бор бигардад, як рӯз ҳаво соф шуда, офтоб равшан битобад ва рӯзи дигар ҳаво тира шуда, офтоб андар пӯшиши ғуборие бинамояд, ҳукм бар он кун, ки вабо падид ояд.
Аммо нишонаҳои ба тариқи муқорана бо сабаб буда, бад-ин гунаанд, ки масалан, бибинӣ, ки ғӯкҳо зиёд гарданд ва ё бибинӣ, ки ҳашароти аз гандагӣ зодашаванда бисёр шаванд. Яке аз чизҳои бад-ин далолаткунанда он аст, ки бибинӣ, ки мушҳо ва ҷондорҳои андаруни замин маъво дошта саросема ба беруни замин давида бароянд ва ҳайвонҳои поктабиате аз қабили лаклак ва монанди онро бибинӣ, ки аз ошёни хеш гурехта, ба сафар бароянд ва гоҳе онҳо аз болои тухмҳои худ бархоста раванд.
Дармонҳои таби вабоӣ: Маҷмӯи илоҷи чунин беморон аз хушкӣ овардан иборат аст ва инро аз тариқи раг задан ва исҳол ба амал оваранд. Бояд ба ҳангоми ин беморӣ зуд ба истифроғ бипардозанд. Агар моддаи ғолиб моддаи хунӣ бошад, раг бизананд ва агар хилтҳои дигаре бошад, истифроғ оваранд. Бояд хонаҳои чунин беморонро сард созанд ва ҳавояшонро ба ислоҳ оранд.
Хонаҳои эшонро бад-ин гуна сард созанд, ки онро бо меваҳои сард, райҳонҳои сард, шохаҳои дарахтони сард, лахлахаҳо108 ва назуҳҳое109 фаро бигиранд, ки аз меваҳои сарди хушбӯй, аз кофур, оби гул ва сандал сохта бошанд.
Хонаи [беморро] ҳар рӯз якчанд бор хусусан оби гул, бед

ва нилуфар бипошанд. Агар андар хона обпошакҳову фаввораҳо мавҷуд бошанд, боз беҳтар бувад. Чӣ гуна ислоҳ намудани ҳаворо бошад, баъд ёд хоҳем кард.
Аз барои чунин [беморон] қурсҳои кофур, руббҳои сард, оби дӯғ, дӯғи маска баргирифта, оби гуле, ки андар он тарфи турши хуб гудохта бошанд ва низ сиркоро бо об ба кор бибаранд. Ба як бор ба миқдори бисёр [ошомидани] оби сард сахт судманд аст, вале ками паёпай бошад, ки гармӣ биангезад. Агар ҳол ба ҷое бирасад, ки сарҳои устухонҳои паҳлу аз ҳам кашида шаванд, дасту пойҳо сард бигарданд, бехобию парешонақлӣ ба дарозо бикашанд ва синаву андомҳои бар вай бударо бибинӣ, ки бармехезанду менишинанд, андар ин ҳол аз ба кор бурдани ҷомахобе чора нест, ки гармиро ба берун бикашад.
Агар иштиҳо биафтад, беморро ба зӯр ғизо бидиҳанд, зеро бисёр касонеро бибинӣ, ки аз чунин иқдом ва ба зӯр ғизо хӯрдан рӯ ба беҳӣ ниҳода, зинда бимонанд. Бинобар ин ночор бояд эшонро ба ғизо хӯрдан маҷбур намуд. Бояд ғизоҳои эшон аз чизҳои турш ва чизҳои хушкиоваранда иборат ва миқдоран кам бошанд, аз баҳри он ки ғизоҳои эшон низ бад бигарданд ва миқдори зиёди онҳо ҳам аз ҷиҳати бад гардидан зиён оварад ва ҳам аз ҷиҳати пурӣ.
Ба ислоҳ овардани ҳаво: Бархе аз он ба ҳасби тандурустон ва бархе дигар ба ҳасби тандурустону беморон бувад. Ғараз аз оне, ки ба ҳасби тандурустон аст, ин аст, ки ҳаворо бихушконанд, хушбӯй бисозанд ва бо ҳар гуна василае набошад, онро гандидан нагузоранд. Бинобар ин онро бо уди норасид, анбар, мушк, кундур, қусти ширин, майъа, сандарус, ангужад, сақизи мехак ва мастако, сақизи хинҷак, лозан, ангубин, заъфарон, сукк, сарв, аръар, ушна, даҳмаст, мушки замин, гӯргиё, абҳал, ваҷ, шобонак,110 бодоми талх ва асорун ба ислоҳ оваранд. Гоҳе аз инҳо доруҳои мураккаб бисозанд. Хонаи [беморро] сирко ва ангужад бипошанд. Аммо оне, ки ба ҳасби тандурустону беморон аст, иборат аз ин аст, ки сандалу кофур, пӯсти анор, мӯрд, себ, биҳӣ, обнус, сунбули ҳиндӣ, (67) газ ва чукурӣ бахур кунанд ва ин гуна бахур кардан бояд якчанд бор такрор ёбад.
Эҳтиёткорӣ аз вабо: Бояд аз тан рутубатҳои фазлагиро берун кунанд ва тадбири ғизоиро аз ҳар гуна тариқе, ҳатто аз тариқи костани миқдори ғизо, вале на аз тариқи варзиш ба хушкиоварӣ моил созанд. Бояд на гармоба ва на шаробҳоро ба кор набаранд ва на низ ташнагӣ бикашанд. Ҳаворо бо он чизҳое ба ислоҳ оранд, ки ёд кардем ва ғизоро бештар аз туршиҳо бисозанд ва миқдорашро бикоҳанд. Бояд гӯштеро, ки истеъмол мекунанд, андар чизҳои турш пухта бошанд ва ҳуллом, қарис ва масусе бихӯранд, ки бо сирко ва агар сирко набошад, бо тутум, оби ғӯра, оби лиму ва оби анор сохта бошанд. Чизҳои андар сирко хобонда ва хусусан кабари андар сирко хобонда судманд аст. Ангужад яке аз он чизҳое аст, ки чунин касонро сахт судманд бошад ва гандиданро аз сӯи эшон бигардонад. Яке аз тадбирҳои [аз вабо] наҷотдиҳанда ин аст, ки пеш аз он ба изофаи дигар тадбирҳои хуб тарёк, масрудитус ва низ доруеро ба кор бибаранд, ки аз сабр, заъфарон ва мурр сохта шудааст. Агар аз ин [дору] то як дирам ба кор бибаранд, судманд хоҳад буд.

пешина
аз 1215
навбатӣ