Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли панҷоҳу якум
андар баёни обила

Гоҳе ба тариқи гандидан андар хун ҷӯшише падид ояд, ки аз ҷинси ҷӯшишҳои андар афшураҳо рӯйдиҳанда бувад ва ба тавре ориз бигардад, ки ба сабаби он бархе аз бахшҳои [хун] аз бархеи дигар ҷудо шаванд. Аз чумла сабаби як қисм аз ин [ҷӯшиш] ҳолати шабеҳи [ҳолати] табиӣ буда, хун аз баҳри он биҷӯшад, ки то пасмондаҳои ғизои ҳайзии ба ҳангоми обистан ҷойдошта ва бо худ омехтаро ва ё он чизеро, ки баъд аз обистан аз ғизоҳои тираву бад андар он зода шудааст ва аз сабаби он қивому сахтияш тунук гардидаанд, берун ронад ва гавҳари қивомёфтаи аз аввала ҳам қавитару зоҳиртаре ҳосил кунад, чунонки табиат бо афшураи ангур низ ҳамин кор кунад ва онро қивом дода, ба шаробе табдил диҳад, ки гавҳараш яксон буда, кафки бодӣ ва дурди хокӣ аз он ҷудо шуда бошанд. Аз он ҷумла ҷӯшише бошад, ки сабаби он як амри берунист. Ин нахуст шӯриш ба амал оварда, хилтҳоро пурра бо хун биомезад ва сипас ҷӯшишу фаввора задан падид ояд. Мисоли ин он ҷӯшишест, ки ба ҳангоми аз кайфиятҳо ва низоми лозимии худ гардидани фаслҳо ва хусусан баҳор рӯй диҳад.
Обила ва ҳасба аз ҷумлаи бемориҳои гузарандаанд ва аксар баъд аз бисёр вазидани бодҳои ҷанубӣ ба амал оянд.
Тани пазирои обила тани гарми тар ва хусусан дорои рутубати чиркин ва низ тане бошад, ки ба ҳангоми раг задан аз он хун кам ояд. Аз миёни ғизоҳо ғизоҳоеанд, ки зуд ба обила гирифтор кунанд ва хусусан [ин ҳангоме рӯй диҳад], ки кас ба онҳо одат накарда бошад ва аз паси онҳо доруҳо ва ғизоҳои гармиоваранда бихӯранд. Мисоли ин ширҳо ва хусусан шири шутур ва модиён буда, каси бад-онҳо одатнакарда аз онҳо бисёр бихӯрад, сипас [шароби] зиёд ва ё доруҳои гарм биошомад.
Обила як намуди буҳрон аст. Аксар вақт, ки ориз бигардад, кӯдакон ва барноёнро ориз бигардад, вале пиронро бисёр кам ва танҳо ба сабабҳои қавӣ ва андар кишварҳои гарми тар рӯй диҳад. Ориз гардидани он андар танҳои тар бештар аз танҳои хушк ва андар баҳор бештар аз зимистон бувад. Баъд аз баҳор андар охири хазон ва хусусан агар пеш аз он тобистони гарми хушк омада ва ин хазон ҳам гарми хушк бошад, аз ҳама бештар рӯй диҳад.
Обила нафақат андар пӯст ва маҳалҳои аз сӯи берун буда, балки андар ҳамаи андомҳои яксони чи зоҳирӣ ва чи ботинӣ ва ҳатто андар пардаҳову асабҳо низ рӯй диҳад. Ҳар гоҳ обила падид ояд, хориш ба амал орад ва сипас чизҳое чун сари сӯзан ва арзанмонанде зоҳир шуда, баъд [37] реш бигарданд ва римнок шаванд. Сипас [рими] онҳо берун омада, худи онҳо ба хушкрешиҳои гуногунранге табдил ёбанд ва баъд аз он бирезанд. Гоҳе обила ба [реши] фалағмунӣ ва мошаро ва ё ба реши ғарбелак табдил ёфта, рим кунад. Аксар вақт ки ин зоҳир бигардад, ба ранги фалағмунӣ зоҳир бигардад, вале бошад, ки ба рангҳои гуногуни хокистарӣ, бунафшӣ ва сиёҳ намудор шавад.
Обиларо синфҳо ва рангҳост: Бархе аз он сафед, бархе зард, бархе сурх, бархе сабз, бархе бунафшӣ ва бархе моил ба сиёҳӣ бувад. [Обилаи] сабз ва бунафшӣ баданд ва ҳар андоза, ки онҳо ба сиёҳӣ бигароянд, ҳамон андо

за бадтар ва ҳар андоза камтар бигароянд, ҳамон андоза дуртар аз бадӣ хоҳанд буд. Обилаи сафед ва хусусан оне аз ҳама хубтар аст, ки камшумори бисёрҳаҷм, зудрӯянда, кам тосаоваранда ва пасттаб бувад: бибинӣ, (68) ки баробари падид омадану рӯидани он таб суст шавад ва рӯиданаш андар серӯзагӣ ва ба наздики он оғоз ёбад. Баъд аз обилаи сафед обилаҳое биистанд, ки бузургҳаҷми сершумор ва ба якдигар наздик ҷойгирифта, вале пайваст набошанд. Аммо онҳое, ки ба якдигар пайваста буда, ҳатто пораи бузурге аз гӯштро фаро гирифтаанд ва серпаҳлу ва ё гирдашакланд, бад буванд. Обилаҳои дучандии бузурге низ ҳамчунинанд, ки андар тиҳигоҳи якеи онҳо обилаи дигар ҷой дошта бошад. Обилаҳои сафеди хурд, сахт, ба якдигар наздик ва ба сахтӣ бароянда ҳарчанд ки ба оғози [беморӣ] беосеб ба назар бирасанд, вале гоҳе бими онро доранд, ки пазиши онҳо ба сахтӣ гузарад ва баробари онҳо ҳоли бемор бад шуда, мумкин аст ӯро ба ҳалокат бирасонанд, зеро сабаби он ситабрии модда бувад. Яке аз намудҳои бади аксар вақт бими ҳалок шуданро дошта онест, ки ҳолаш андар дигаргунӣ буда, гоҳе намудор бигардад ва гоҳе пинҳон ва ин ҳангоме бошад, ки хусусан ба ранги бунафшӣ зоҳир шавад. Обилаҳои часпаке низ ҳамчунинанд, ки беҳшавии онҳо аз заъфи қувват ва аз сабз шудану сиёҳ гардидани ҳалоккунандаи андом холӣ нест. Он сабзу сиёҳшавие, ки баъд аз беҳ шудан падид меояд, агар қувватро наафтонанд, балки қувват баробари онҳо афзоиш ёбад, ин гуна обила ҳалоккунанда нест, лекин бошад, ки [худованди хешро] гирифтори решҳо ва дигар бемориҳои бад-ин равиш буда созад. Агар [нахуст] таб ва сипас обила ба амал ояд, беосебтар аз он бошад, ки нахуст обила ва баъд аз он таб ногаҳон рӯй бидиҳад. Аксар вақт аз ҳоли нафасгирӣ ва овози бемори обила бояд хабардор шуд, зеро агар ин ду хуб бошанд, ҳоли [бемор] хуб хоҳад буд. Вале агар бибинӣ, ки нафаси бемори обила ва низ бемори ҳасба канда-канда меояд, ҳадс аз он бизан, ки қуввати ӯ афтида ва ё ҳиҷоб варам кардааст. Агар бибинӣ, ки ташнагӣ шиддат меёбад, тоса сахт омаду шуд дорад, зоҳири тан сард бигардад ва обила ва ё ҳасба сабзранг ҳамегардад, пас, ин аз ҳалок шудани бемор огоҳӣ диҳад. Инро чунин [далел] тақвият бидиҳад, ки агар обила аз ҷинси дер бароянда ва дер падидоянда бошад. Аксари мардумоне, ки аз обила бимиранд, аз тариқи гулӯгир шудан ва ё зоҳир шудани хуноқ бимиранд. Гоҳе эшон бад-он сабаб бимиранд, ки қувват ба иллати реши рӯдагон ва исҳол биафтад. Ҳар гоҳ намуди бунафшии обила ва ҳасбаро бибинӣ, ки андарун фурӯ ҳамеравад, бидон, ки он боиси аз ҳуш рафтани бемор хоҳад шуд. Агар бемор зуд пешоби хунӣ кунад ва аз паси он пешоби сиёҳ ояд ва хусусан агар андар ин миён афтодагии қувват ҷой дошта, ба изофаи он шикамрави сабзу хунӣ ва мисли оби гӯштшуста ҳамроҳ бо афтодагии қувват бошад, пас, [бемор] ҳалокшаванда аст.
«Ҳумайқо» [бемориест], ки миёни обила ва ҳасба биистад ва беосебтар бувад. Бисёр бошад, ки агар модда аз барои ронда шудан ду бор ҷамъ шавад, одам ду бор ба [обила] гирифтор ояд. «Муми арзизигун» обилаест, ки донаҳои он андар рӯй, сина ва шикам беш аз соқи пойҳо бирӯянд. Ин намуд бад буда, далолат бар моддаи ситабре кунад, ки ба сӯи дасту пойҳо раванда нест.

пешина
аз 1215
навбатӣ