Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Инро бидон.
Нишонаҳои падид омадани обила: Гоҳе пеш аз зоҳир шудани обила пушт дард кунад, бинӣ бихорад, хоби ба тарс дида шавад, андомҳои тан сахт хала кунанд, ҳамаи танро гаронӣ фаро бигирад, ранги рӯю чашм сурх шавад, ашк бирезад, афрӯхтагӣ ба амал ояд, хамёза кашидану даҳонфожа бисёр бигарданд ва ба изофаи он нафас танг ва овоз хаста шаванд, оби даҳон ситабр бигардад, саргаронӣ ва сардард ба амал оянд, даҳон бихушкад, тоса рӯй диҳад, гулӯ ва сина дард кунанд ва ҳангоми бар пушт хобидан ва ё бар пушт майл кардан пой биларзад. Низ бар изофаи ҳамаи инҳо таби ҳаррӯзӣ бигирад.
Фасли панҷоҳу дуввум андар баёни ҳасба

Бидон, ки ҳасба хамчун обилаи сафровист ва андар бештари ҳолатҳо миёни ҳар ду ҳеҷ фарқе нест, вале гоҳе бо он аз ҳам фарқ кунанд, ки ҳасба сафровӣ буда, ҳаҷман хурд аст ва чунин аст, ки гӯӣ аз пӯст таҷовуз накунад.
Онро хусусан андар оғоз ситабрии чандон қобили эътиборе нест. Обила андар оғози пайдоиш дорои баромадагӣ ва ситабрӣ бувад. Ҳасба камтар аз обила [хатарнок] аст ва ба чашм камтар аз обила осеб бирасонад.
Нишонаҳои падид омадани он ба нишонаҳои падид омадани обила наздик аст, лекин маниши гаштан ба ҳангоми он бештар, тоса ва афрӯхтагӣ шадидтар ва дарди пушт камтар буванд, зеро ин гуна дард ба ҳангоми обила ба сабаби пурии хуние ба амал ояд, ки раги бар пушт ҷойгирифтаро бикашад. Аз баҳри он ки обила ба сабаби бисёрии хуни табаҳшуда ва ҳасба ба сабаби шиддатнокии бадии хуни табаҳшудаи миқдоран кам зода шаванд.
Ҳасба аксар вақт якбора ва обила кам-кам бирӯянд.
Нишонаҳои беосебии ҳасба мисли нишонаҳои беосебии обилаанд: [Ҳасбае], ки зуд зуҳур карда, рӯй занад ва бипазад, беосеб аст (69) ва [ҳасбае], ки сахт сабз ва бунафшӣ аст, бад бувад. Оне, ки дер бипазад ва думодум беҳушию тоса орад, ҳалоккунанда аст. Оне, ки якбора таҳ занад, низ бад буда, беҳушкунанда бувад.
Дармон: Агар шароит бардорад, ба ҳангоми обила бояд зуд ба раг задан пардохта, ба миқдори кофӣ хун бигиранд. Ҳасба низ агар ҳамроҳ бо пурии хунӣ бошад, чунин кунанд. Муддати ин [тадбир] то рӯзи чаҳорум буда, ҳар гоҳ обила рӯй занад, ба рагзанӣ пардохтан нашояд, вале агар бибинӣ, ки пурӣ шиддатнок ва модда ғолиб аст, ба андозаи сабукӣ овардан раг бизанӣ. Созгортарин тадбире, ки ба ҳангоми ин иллат ба кор бибаранд, рагзанист. Агар раги биниро боз кунанд, андар манфаат чун хуни бинӣ буда, ноҳияҳои барсӯвини танро аз зиёни обила эмин бидорад ва ин аз барои кӯдакон аз ҳама осонтар бувад. Агар раг задан воҷиб ояд ҳам, [хуни лозимиро] пурра ба якборагӣ нагиранд, зеро ин бими фасод шудани яке аз сарҳои андомҳоро дорад. Ҳамчунин ин гуна хунгирӣ барои касе низ бимнок аст, ки ӯро гармихомӯшшавӣ сахт давом дорад.
Ба ҳангоми ҳар дуи ин [бемориҳо] андар марҳалаи оғоз бояд [ба бемор] ғизоҳое бидиҳанд, ки дорои хусусияти қувватбахшӣ буда, ба изофаи он пасгардонандаи [модда] ва хомӯшкунандаи гармӣ бошанд ва табиат

бандандаву хунситабркунанда набошанд. Мисоли инҳо уннобвои бо тамри ҳиндӣ сохта, ошобаи шукуфаи хурмо, наскбои исфедбоӣ ва он чизҳоест, ки дорои нармиоварии начандон зиёд буванд. Бинобар он бояд бо ин гуна [ғизоҳо] тамри ҳиндӣ ва дигар чизҳои созгор ҳамроҳ кунанд. Кадубо ва тарбуз [низ аз ҳамин қабиланд].
Хулоса, бояд ба оғоз табиат нарм бошад ва беҳтарин чизе, ки бо он табиатро нарм бидоранд, тамри ҳиндист.
Агар табиат аз ин нарм нашавад, андар он ба оҳистагиву эҳтиёт ширхишт, ё тарангубин ва ё оби олуи таркарда биафзоянд. Гоҳе агар баробари падид омадани аввалин осори обила ба бемор се дирам шароби кадарро111 бо як дона қурси кофур бидиҳанд, мумкин аст суд бахшад. Андар ин гуна ҳангом шароби шукуфаи хурмо судманд аст. Ҳар гоҳ беморӣ шиддат ёфта, аз рӯзи дуввум бигузарад ва обила ба рӯ задан оғоз кунад, гоҳе мумкин аст сардифизоӣ аз он ҷиҳат сабаби рӯй додани хатои бузург шавад, ки фазларо андарун банд бисозад ва онро ба сӯи андомҳои сарвар бурда, ба он имконият надиҳад, ки рӯ зада, бигардад ва нороҳатию тоса падид орад. Гоҳе ин боиси аз ҳуш рафтани бемор бигардад. Баръакс, бояд андар ин гуна ҳолат ба фазла бо доруҳое ёварӣ кунанд, ки онро ба ҷӯш оранд ва масомҳоро бикушоянд. Мисоли ин гуна [доруҳо] розиёна ва карафсест, ки онҳоро бо шакар ба шакли афшура ва ё бо шакли ҷӯшонидаи беху тухмҳои онҳо [ба кор бибаранд]. Гоҳе ба бемор як миқдор заъфарон бибӯёнанд. Оби анҷир сахт хуб аст, зеро анҷир моддаро ба таври шиддатнок ба зоҳири тан биронад ва ин яке аз сабабҳои раҳоӣ ёфтан аз зиёни ин беморист.
Яке аз тадбирҳои андар ин ҳангом ниҳоят судбахш ин аст, ки панҷ дирам локи шуста, ҳафт дирам наски муқашшар ва се дирам касироро гирифта, бо ним ратл об то ба чаҳоряк ратл расидани он биҷӯшонанд ва ба бемор бидиҳанд. Яке аз доруҳои аз барои рӯ задани обила сахт ёвар чунин аст: ҳафт дирам анҷири зард, се дирам наски муқашшар, се дирам лок ва ду дирамӣ касиро ва тухми розиёнаро гирифта, бо яку ним ратл об то қариб се яки он боқӣ мондан биҷӯшонанд. Сипас онро полида, чун аз он ба бемор бидиҳанд, гармиро аз ноҳияҳои дил биронад ва хафақонро боз дорад.
Андар ин ҳангом [ба бемор] набояд ба зинҳор ягон равғание наздик оварда шавад ва бояд [38] ӯро бо болопӯш112 печида, хусусан андар зимистон аз ҳавои сард паноҳаш бидоранд ва бо ӯ чунин муомала кунанд, ки бо каси хоҳони арақ овардан муомала кунанд, зеро сардӣ масомҳоро бибандад ва моддаро пас бигардонад. Бисёр ошомидани оби бо барф сард гардонида ва андаромадан ба чодари катонии дурушт113 аз барои ӯ сахт бад аст.
Гоҳе раг задан ҳам бад бошад, аз баҳри он ки [моддаҳои] рӯзанандаро баргардонда, ба пас бибарад. Бинобар ин баъд аз ду-се рӯза [шудани беморӣ] бояд эҳтиёт кард, [ки набояд хун гирифта шавад].
Ҳар гоҳ аз печидан бо болопӯш ва гарм сохтан ҳолате чун беҳушӣ ва ё худи беҳушӣ ориз бигардад, аз сард гардонидани ҳаво ва хусусан [ҳавои] нафасмегирифта ва зуд аз бӯи кофуру сандал истифода бурдан чора нест. Агар аз андаке кушода доштани тан андар чодари катонии дурушт ва ё ҳавои сард чора набошад, бояд чунин кард. Ҳамчу нин агар аз чорабинӣ кардан бо гармсозӣ, тарки сардиоварӣ кардан ва низ зуд рӯ задани обила бемор ягон сабукӣ наёбад, баръакс, бибинӣ, ки гармӣ афрӯхта шуда, забон сиёҳ бигардад, зинҳор гармифизоӣ накун.

пешина
аз 1215
навбатӣ