Қонуни тиб

Бояд худовандони обила ва ҳасбаро аз зимод намудани шикам дур дошт, зеро андар ин кор ду хатар аст: яке нафас ҷо ба ҷо танг бигардад ва дигар ин ки исҳоли бад ва пешоби хунӣ рӯй диҳанд. Андар охири беморӣ бояд табиатро муҳофазат намоянд ва ба бемор ба ҷои наск, (70) чунонки ҳаст, наски як чанд бор аз тариқи нав кардани об ҷӯшонида бидиҳанд ва ба ҷои наски бо тамри ҳиндӣ турш гардонида наски бо оби донаи анор, тутум, ғӯра ва монанди инҳо турш гардонида бидиҳанд.
Доруҳое, ки ситабргардонанда, сардгардонанда ва аз ҷӯшиш боздорандаи хунанд ва ба истеъмоли онҳо андар оғози беморӣ амр шудааст, масалан, инҳост: рубби чукурӣ ва ғӯра; обҳои меваҳои сард; хусусан шароби кадар; шароби шукуфаи хурмо; худи шукуфаи хурмо; ва қалби дарахти хурмо. Шароби кадар нусхаҳои бисёре дорад, ки мо онҳоро андар Қарободин ёд кардаем, вале мо андар ин ҷо як нусхаи аҷиб ва қавие аз он, яъне як нусхаеро ёд кунем, ки бо оби дӯғи якчанд бор турш гардонида сохта шуда, ниҳоят қавист. Ин нусха чунин аст: ду бахш аз рубби кадар бигиранд ва ё агар ёфт нашавад, худи кадарро гирифта, сӯҳон кунанд ва сӯҳонмайдаи онро бигиранд ва ё онро кӯфта, сипас ин кӯфтагиро бигиранд ва онро бо ним чанди худ аз сандал андар сиркои тақтиршуда ва ё андар оби ғӯраи холис якчанд рӯз тар кунанд. Сипас онҳоро оҳиста ва дер биҷӯшонанд то нарм шаванд ва баъд фишурда, оби онро бигиранд. Сирко ва ё оби ғӯра ҳар қадар бисёр бошад, ҳамон қадар хубтар хоҳад буд. Сипас оби дӯғи маска баргирифтаеро бигиранд, ки панири онро ё аз тариқи ба ғоят полидан ҷудо карда бошанд ва ё бад-ин гуна ҷудо карда бошанд, ки онро мисли панир то фазлаи обӣ ҷудо кардан ҷӯшонида бошанд. Баъд орди ҷавро гирифта, аз он ва аз оби дӯғ фуққоъ бисозанд ва он фуққоъро турш сохта, биполанд ва бори дигар аз он ва аз орди ҷав фуққоъ сохта, онро турш кунонанд. Ҳар андоза ин корро бештар такрор кунанд, ҳамон андоза хуб хоҳад буд. Баъд, аз он панҷ бахш, аз оби амруди чинӣ, оби биҳии турши сероб, оби анори турш, оби себи турши сероб, оби дӯлона, оби лиму, оби олуи турш, оби фишурдаи шукуфаи хурмо, оби кундуши тоза,114 оби тути шомие, ки пурра напухта аст, оби зардолуи хоми турш, афшураи ғӯра, афшураи чукурӣ, афшураи сарнавдаи ток, афшураи гули форсӣ, афшураи нилуфар ва афшураи бунафша сеяки як бахшӣ, аз афшураи дилаи турунҷ ва афшураи дилаи норинҷ ду се яки як бахшӣ, аз афшураи кашниз, коҳу, барги хашхоши тар, коснӣ ва хурфа ҷаҳоряки як бахшӣ, аз афшураи барги бед, барги себ, барги амруд, барги дӯлона, барги гул ва барги садпайванд ҷаҳоряки як бахшӣ, аз афшураи «риши буз», гули хушк, нилуфари хушк, афшураи зиришки хушк, тухми коснӣ, тухми коҳу, гулнор, нилуфар ва гул ним даҳяки як бахшӣ, аз афшураи пудинаи бӯстонии тар шашяки як бахш ва аз афшураи зиришки тар ним бахш гирифта, ҳамаи ин доруҳо ва афшураҳоро бо ҳам як ҷо намуда, бар оташ мураккаб созанд ва андар он чаҳор бахш наск, ду бахш ҷави муқашшар, се бахш тутум ва се
бахш донаи анор афзуда, ҳамаро бар оташ то ним шудан биҷӯшонанд. Сипас онро бигузоранд, то сард шавад ва хуб омехта, биполанд. Баъд аз барои ҳар як сесад дирами он як мисқол кофурро гирифта, бисованд ва бар буни каду ва ё обгинае115 биниҳанд ва аз болояш доруи [мазкурро] оҳиста бирезанд. Баъд сари ҷогаҳро бо ягон чизе сахт баста, бар оташи лахча чандоне биниҳанд, ки қариб ба ҷӯш ояд. Сипас онро баргирифта, биҷунбонанд ва бар бастӯе116 бирезанд ва сари онро бибанданд, то [бӯи] кофур бар наояд. Як ошомиданӣ аз ин то даҳ дирам бувад.
Бархеҳо андар он ба қадри салоҳдиди хеш миқдоре аз сунбул, занҷабил, тухми розиёна, анисун, мурч ва мушки замин биафзоянд.
Ҳар гоҳ обила пурра рӯ зада аз рӯзи ҳафтум бигузарад ва андар он пухтагӣ зоҳир бигардад, агар онҳоро ба нармӣ бо сӯзани заррин бикафонанд ва рутубаташонро бо пунба бичинанд, хуб хоҳад буд. Аммо намакпошӣ бошад, аз он чора нест, вале агар бихоҳӣ, ки намак пошӣ, ба обилаҳои ба наздикӣ кафонидаи бузургу дарднок намакро нарасон, зеро аз он ба сӯзиш оянд, баръакс, ғайри онҳоро намак пош ва онҳоро бигузор, то ҷои сӯзан зада баста шавад ва баъд аз он метавонӣ ба онҳо намак бипошӣ. Пеш аз пурра ба анҷом нарасидани пазиш намак напош, зеро (71) ин гоҳе боиси падид омадани омос ва сӯзиши сахт бигардад. Намакпошӣ танҳо баъд аз пазиш як амри зарурист. Ин корро бо намакобе кунанд, ки дорои қувваи заъфарон бошад. Ва агор он об оби гул бошад, боз беҳтар хоҳад буд. Агар обе бошад, ки андар он газ, наск ва гулро ҷӯшонида, сипас намак афканда бошанд ва хусусан агар андар он ба изофаи ин кофуру сандал афзуда бошанд, ин ба ғоят хуб хоҳад буд. Намакпошӣ [обиларо] зуд бипазонад, бихушконад ва бирезонад. Дуд андохтан бо газ сахт судманд аст ва андар зимистон бояд пайваста аз чӯби газ оташ афрӯхт. Агар обила сахт тар бошад, аз дуд андохтан бо мӯрд ва барги он чора нест.
Ба ҳангоми пухтани обила ва зарурати хушконидани он яке аз тадбирҳои судманд ин аст, ки бемори обиларо бар орди гуринҷ, говарс, ҷав ва боқилӣ бихобонанд. Аз ҳама созгортар он аст, ки инҳоро андаруни кӯрпаи аз матои тунук сохтае бигиранд, ки таъсирашон аз он бигузарад. Барги ширинбаён андар ин ҳолат хуб аст, вале равған андар худи ин ҳангом низ бад аст, зеро он хушк шудан нагузорад. Ҳар гоҳ обила ба хушкидан оғоз кунад, бояд чизҳои андар ин кор ёварикунандае аз қабили доруҳои ёдшудаи дорои қувваи заъфарон тило карда шаванд.
Ҳар гоҳ аз сабаби обила решҳо ориз бигарданд, чунин [беморонро] марҳами сафеди хусусан омехта бо каме аз кофур, сӯнеши117 бехи найшакар бо оби гул, ё сӯнеши решаҳои дарахти бед ва дарахти дӯлона суд доранд. Гоҳе пошидани сафеда ва мурдосанг судманд аст. Агар андар бинӣ хушкрешӣ бошад, онро мумравғане суд бахшад, ки аз равғани гули холис бо каме сафеда ва иқлимиё сохта бошанд. Ба кор бурдани равған баъд аз хушкидан ва ба ҳангоми реш шудан хуб аст: ба ҳангоми хушкидагӣ аз он ҷиҳат хуб аст, ки онро зуд бирезонад ва ба ҳангоми решшавӣ аз он ҷиҳат [хуб аст], ки моддаи марҳамҳост. Марҳами сурх аз барои решҳои обила хуб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор