Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли панҷоҳу севвум
андар баёни мурооти андомҳо ва аз офати обила ва ҳасба нигоҳ доштани онҳо

Андомҳое, ки бояд аз офати обила ҳимоя карда шаванд, чашм, гулӯ, куркураки бинӣ, шуш ва рӯдагон мебошанд, зеро ин андомҳо реш хоҳанд шуд. Аммо чашм бошад, гоҳе аз байн биравад ва гоҳе бар вай сафедӣ ориз бигардад. Гулӯ бошад, гоҳе онро хуноқ ориз гардад ва гоҳе як чунон реше андар вай падид ояд, ки ягон чизро ба сӯи сурхной фурӯ бурдан нагузорад ва гоҳе ин андар он ҷой ба хӯраи қаттол табдил ёбад. Куркураки бинӣ бошад, гоҳе андар вай реш ба амал омада, маҷрои нафасро бибандад. Андар шуш бошад, гоҳе аз сабаби донаҳои обила ва ҳасба ба таври шиддатнок тангии нафас ориз бигардад ва гоҳе агар реш шавад, ба сил гирифтор ояд. Рӯдагонро бошад, гоҳе реш рӯй диҳад, ки аз он ба душворӣ шифо ёбанд.
Аз барои ҳифзи чашм аз ҳама беҳтар он аст, ки хусусан андар рӯзи якуми [беморӣ] бар вай обкома ва оби кашнизи дорои тутум ва кофур бикашанд. Обкома низ ба танҳоӣ [хуб аст]. [39] Ҳамчунин сурмаеро ба чашм бикашанд, ки бо оби кашниз ва оби тутум парварида, андар он кофур афзуда бошанд. Афшураи дилаи анор низ хусусан андар марҳалаи оғоз хуб аст, вале агар [обила] рӯ зада бошад, кашидани оби гул ва кофур [ба чашм] созгортар бувад. Чунин ёд кардаанд, ки андар ин ҳангом [ба чашм] кашидани нафти сафед сахт хуб аст.
Яке аз чизҳое, ки занон андар ватани мо баъд аз обила ва падид омадани офат андар чашм ба кор бибаранд, равғани писта мебошад. Агар парда ба амал омада бошад, ин [илоҷ] онро бибарад ва чашмро дуруст кунад.
Шиёфи сафед ба ҳангоми баромадани табишҳо хуб аст.
Даҳон ва гулӯро бад-ин гуна ҳифз кунанд, ки масалан, андар оғоз анор бимаканд ва донаашро бихоянд. Хусусан агар бемор ба шикоят кардани дарди [даҳону гулӯ] оғоз кунад, тути шомӣ бимакад ва бо рубби он ғарғара кунад. Андар ин ҳангом низ бояд андак-андак аз ин рубб билесад.
Аммо куркураки биниро аз тариқи тило кардани момисо, сандал, рубби ғӯра ва сирко [муҳофазат кунанд].
Биниро бо сиркои танҳо обгардон кардан сахт судманд аст. Аз барои ҳифзи шуш ҳеҷ чиз ба доруи лесидании нарме нарасад, ки аз наск ва бо тухми хашхош сохта бошанд. Барои нигоҳ доштани дил ба бемор матбухи аз анҷир ва наск сохтаеро бидиҳанд, ки пеш аз ин ёд шуд ва он гармиро аз ноҳияҳои дил бигардонад. Рӯдаҳоро аксар вақт бояд баъд аз марҳалаи оғоз ва бо доруҳои қабзкунанда муҳофазат кунанд. Агар андар поёни иллат шикамравӣ оғоз ёбад, инро бо қурсҳои табоширу рубби чукурӣ ва бо қурсҳои тухми туруша муолаҷа кунанд.
Фасли панҷоҳу чаҳорум андар баёни баркандани пайҳои обила

Мо андар ин бобат бори дигар андар боби оростагӣ сухан хоҳем ронд, (72) вале ҳоло чизе бигӯем, ки аз ҳама
бештар созгор аст ва сахт муносабат дорад. Бархе аз
чизҳое, ки пайҳои обиларо баркананд, инҳост: бехи наи
хушконида; орди боқилӣ; сӯнеши чӯби бед; сӯнеши бехи

бед; сӯнеши бехи найшакар; анзарут; тухми харбуза ва пӯсти хушконидаи он; гуринҷи шусташуда; оби ҷав; сафедии хояи мурғ; гили ковок (мутахалхил); мурдосанг; шакари табарзад; нашоста; бодоми ширин; бодоми талх; ва аз равғанҳо: равғани савсан; равғани писта; пиҳи хар бо равғани гул; ва монанди инҳо. Оби андаруни суми баррае, ки онро бирён карда бошанд, ба ғоят хуб аст.
Доруҳои аз инҳо ҳам қавитар инҳост: кафки дарё; санги мурч; қуст; уша; кундур; собун; бура; устухонҳои сӯхта; устухони пӯсида; тухми турб; орди турби хушконидашуда; зарованд; ва боқилии мисрӣ.
Бархе аз хӯрданиҳои хубе, ки рангро беҳ кунанд, инҳост: анори ширин; нахӯд; шароби хушбӯй; зардии хояи нимбиришт; оби шӯрбои мурғ, кабк, дурроҷ ва тазарви фарбеҳ. Бояд худованди [обила] пайваста гармоба кунад.
Яке аз доруҳои мураккаб аз барои ин ғараз чунин аст: аз ҳар кадоми устухонҳои сӯхта, саргини куҳани гӯсфанд, сафоли нав, нашоста, тухми харбуза, гуринҷи шуста ва нахӯд даҳ [дирамӣ],118 аз донаи бон, боқилии мисрӣ, қуст ва зарованди дароз панҷ [дирамӣ] ва аз бехи наи хушк бист [дирам] гирифта,119 аз онҳо бо оби харбуза, ё оби хиёрза, ё оби ҷав ва ё оби боқилӣ тило омода созанд ва бо он андомро тило намуда, рӯзи дигар бо ҷӯшонидаи бунафша бишӯянд.
[Нусхаи] дигар: аз сафоли нав, устухонҳои пӯсида, бехи наи форсӣ, нашоста, боқилии мисрӣ, тухми харбуза, гуринҷи шуста, донаи бон ва қуст бахшҳои баробар гирифта, аз он рӯшӯя бисозанд. Низ боқилии мисрӣ ва нахӯди сиёҳ судманданд.
Фасли панҷоҳу панҷум андар баёни табҳои омосӣ

Ҳоли табҳое, ки баъди омосҳои берунӣ падид оянд, аз ин пеш донистӣ ва [низ донистӣ], ки аксар инҳо аз ҷинси табҳои якрӯзиянд, зеро гармии ин омосҳо, на гандагии онҳо, андар бештари ҳолатҳо ба сӯи дил бигузарад ва аксар вақт онҳо аз сабабҳои берунӣ ба амал оянд. Агар ба иллати бузургӣ ва ё наздикии омосҳо ба дил гандагии онҳо ба сӯи дил гузарад, андар ин ҳол таб ба таби аз ғайри ҷинси таби якрӯзӣ буда табдил ёбад ва бештари инҳо аз сабабҳои пешомадаи баданӣ ва пуриҳо ва гоҳе аз решҳое ба амал оянд, ки моддаҳои палид ба сӯи он [решҳо] рӯй оварда, андар миёни гӯштҳои ковок банд бигарданд.
Аммо табҳое, ки баъди омосҳои дарунӣ ба амал оянд, онҳо қариб аст, ки на аз расидани гармӣ ба дил аз ғайри расидани гандагӣ ба амал оянд. Бадтарини таби аз омосҳои дарунӣ падидоянда онест, ки агар [омоси мусаббиби] он аз ҷинси сурхбоди андар бархе аз андомҳои дарунӣ баамаломада бувад ва ҳангоми он дард, ташнагӣ ва афрӯхтагӣ шиддат ёбанд. Бар ин гуна [таб] нишонаҳои омехтагии талхаи бисёр бо хун далолат кунанд. Мисоли ин гуна омосҳои дарунӣ омосҳои мағз, пардаҳои мағз, сӯрохи гӯш, гоҳе [омосҳои] гулӯ, ҳиҷобе, ки аз паси сина аст, ҷигар, гурда, обгаҳ, заҳдон, рӯдагон ва монанди инҳо мебошанд.
Табҳои ин [омосҳо] ба ҳасби наздикияшон ба дил ва ё дурӣ аз он аз ҷиҳати сахтию сустӣ ҳар гуна буванд. Он омосе аз инҳо, ки андар андомҳои гӯштӣ ҷой дорад, та би он низ шиддатноктар аст, вале оне, ки андар [андомҳои] пардагӣ ва монанди онҳо ҷой дошта бошад, табаш заифтар бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ