Қонуни тиб

Он омосе, ки андар ҳамсоягии шараёнҳост, табаш шиддатноктар ва оне, ки танҳо андар ҳамсоягии рагҳои варидӣ ҷой дорад, табаш заифтар бошад.
Ин табҳо ба ҳасби моддаҳое, ки ба сӯи омосҳои онҳо битарованд, аз давраҳо холӣ нестанд ва давраҳояшон ба падид омадани [моддаҳо], ба ҳаракатҳои онҳо ва кашида шудани гармию дард ба сӯи [омосҳо] вобастагӣ доранд.
Бинобар он ҳар як хилтро як даври муносиб аст.
Бидон, ки бисёр вақт омоси барсом ва ғайра беҳ шавад, вале таби он боқӣ бимонад. Ин далолат аз он кунад, ки покӣ ба амал наомадааст. Ин табҳо ҳар гоҳ дер бикашанд ва хусусан агар омосҳо андар ҷигар ҷой дошта бошанд, боиси падид омадани [таби] диққ бигарданд. Аммо омосҳои ҳиҷобӣ бошанд, ҳар гоҳ ки мустаҳкам бигарданд, [беморро] то падид омадани диққ фурсат надиҳанд.
Фасли панҷоҳу шашум андар баёни нишонаҳо ва ҳукмҳои ин гуна табҳо
Ба ҳангоми табҳои омосии дарунӣ се синф аз (73) нишонаҳо ва арзҳо мавҷуданд: нишонаҳо ва аразҳое, ки бар андоми дардманд далолат кунанд; нишонаҳо ва аразҳое, ки бар модда далолат кунанд; ва нишонаҳо ва аразҳое, ки бар ҳолати бемор далолат кунанд. Мисоли синфи якуми нишонаҳо набзи аррагӣ, дарди халандаи омоси ноҳияҳои сина, низ сурфаи нахуст хушк ва сипас тар ва дигар аразҳои барсомии бад-инҳо монанде буванд, ки бар омоси ноҳияҳои сина далолат кунанд. Умуман, дард ва ё гаронӣ андар андом ҳис карда шавад ва ин [андом] ба андозаи ғайри одӣ беш аз дигар андомҳо гарм бувад. Бисёр бошад, ки омосҳои гарми андар андомҳои асабнок падидомадаро, масалан, ташаннуҷ ҳамроҳӣ кунад.
Мисоли синфи дуввум ин аст, ки рӯз андар миён шиддат ёфтани таб бар сафровӣ будани иллат далолат кунад.
Аммо аразҳои бемор бошанд, он аразҳоеанд, ки ё аз саломатии бемор башорат диҳанд ва ё аз ҳалокати ӯ битарсонанд.
Муҷиби таб гардидани омосҳои дарунӣ, қувватнокӣ, давомнокӣ ва сустии ин [табҳо] ба ҳасби бузургии худи омосҳо, ё ба ҳасби бузургии рагҳои [андомҳо] ва ба ҳасби ҷои [андомҳо] ҳар гуна буванд, зеро бархе андомҳои дарунӣ ба дил наздиканд ва бо вай сахт анбозӣ доранд ва бархе дигар аз он дур буда, камтар бо вай анбозӣ доранд.
Чунонки гурдаҳо ҳамин гунаанд ва на ҳамеша ба сабаби омосҳои хеш муҷиби падид омадани табҳои қавию монда, балки муҷиби табҳои дорои фитрат бигарданд. Инҳо аз ҷинси табҳои омехта, табҳои рӯзафкан, чаҳоррӯзӣ, панҷрӯзӣ ва шашрӯзӣ буда, баробари онҳо табларза ва фарошо ба амал оянд ва кори [муолаҷаи] онҳо душвор бошад.
Далели ин гуна [табҳо] он бошад, ки андар маҳалли гурда ва паҳна гаронӣ ва дард ҳис карда шавад ва андомро ба таври махсус гармие падид ояд, ки беш аз гармии ҳамешагӣ бошад.
Агар ба изофаи ин андом наздик ба андоми сарвар бошад, ё ба таври қавӣ бо он анбозӣ дошта бошад ва ё сахт ҳассос ва асабнок бошад, ин гуна андомро ба изофаи
шиддатнокии табҳои аз омосҳояш вобаста нороҳатии бузург ва ташаннуҷ ориз бигарданд. Гоҳе аз паси ин гуна [табҳо] аразҳои бегонае рӯй диҳанд. Масалан, ба ҳангоми омоси заҳдон ба изофаи таб сардард ва дарди гардан онро ҳамроҳӣ кунанд. Гармӣ ҳарчанд ба ҳангоми ин омосҳо афрӯхта бигардад, вале то ягон ҳолати сахте набошад, чун [гармии] ҳангоми таби сӯзонбуда сахт шиддатнок нахоҳад буд. Сабабаш он бошад, ки уфунат паҳн нагардидааст ва ба сӯи берун ҳаракат надорад.
Набз ба ҳангоми табҳои омосии дарунӣ чун набзи табҳои уфунатӣ буда, андар марҳалаи оғоз хурд [40] ва андар анҷом зуд фишурдашаванда бувад. Сипас чунонки донистӣ, ба ҳасби андом ва модда бузург, тез ва думодум бигардад ва баъд ба ҳасби асабнокӣ ва гӯштнокии андом аррагӣ ва мавҷӣ шавад.
Пешоб, чунонки медонӣ, ба ҳангоми аксари [табҳои омосӣ] ба сафедӣ бигарояд ва камранг бувад, аз баҳри он ки модда ба сӯи омос гароида бошад.
Дармони ин гуна [табҳо]: Илоҷи ин табҳо чун илоҷи табҳои тез буда, баъд аз муолаҷаи омосҳо онҳоро муолаҷа кунанд ва ба ҳангоми онҳо асли [илоҷ] аз илоҷи омос иборат буда, баробари он аз тариқи сардифизоӣ ва тарифизоӣ муолаҷаи табро низ муроот кунанд. Муолаҷаи ин табҳо аз табҳои содаи гарм бо он фарқ дорад, ки ба ҳангоми ин табҳо на ба ошомидани оби сард рухсат диҳанд ва на ба даромадан ба гармоба. Агар омос сурхбод бошад, равост, ки аз берун бар вай чизҳои сарди билфеъл сардгардонида биниҳанд. Мисоли ин [чизҳо] афшураи коҳу, ҳамешабаҳор, хурфа ва бо каме писти ҷави сафед аст, ки онҳоро пайваста бо ях сард созанд ва иваз кунанд. Гоҳе бо инҳо равғани зайтуни норасид ва ё равғани гул биомезанд. Хӯрдани коҳуи шустаи сардгардонида равост ва он судманд бувад.
Фасли панҷоҳу ҳафтум андар баёни ҳолатҳои табҳои мураккаб
Табҳо бошад, ки бо якдигар мураккаб бигарданд. Гоҳе синфҳое аз онҳо бо ҳам таркиб ёбанд, ки андар ҷинсҳои аз ҳам дур бидароянд. Масалан, мураккаб гардидани таби диққӣ бо таби уфунатӣ ҳамин гуна бувад. Гоҳе
синфҳое аз онҳо бо ҳам таркиб ёбанд, ки андар як ҷинси наздик бидароянд. Масалан, таркибёбии синфҳое аз
табҳои уфунатӣ ҳамин гуна буда, мисоли он [таркибёбии]
таби рӯзафкан бо таби балғамист, ки ҳамчун як таби бо
номи «ним рӯзафкан» маъруфро ба амал оранд ва ё таркибёбии табҳои омосӣ низ ҳамин гуна бувад. Гоҳе синфҳое аз онҳо бо ҳам мураккаб бигарданд, ки андар як навъ
бидароянд. Масалан, таркиб ёфтани ду рӯзафкан бо ҳам,
ё ду чаҳоррӯзӣ бо ҳам ва ё се чаҳоррӯзӣ бо ҳам ҳамин
гуна буда, ду рӯзафкан андар зоҳири ҳол (74) ба намуди
навбатҳои [табҳои] балғамӣ ва се чаҳоррӯзӣ низ ба намуди навбатҳои [табҳои] балғамӣ бигиранд. Гоҳе се таби
рӯзафкан бо ҳам мураккаб шаванд ва онҳо ба навбат оянд,
навбати рӯзи севвум аз ҳама шиддатнок бошад, аз баҳри он ки вай ҳангоми поёнёбии даври рӯзи якум ва ибтидои [даври] рӯзи севвум бувад. Андар [рӯзи] панҷум
низ ҳамчунин бошад. Ин [таркиб] ба ним рӯзафкан монанд
аст, чунонки мураккаби ду рӯзафкан ба таби навбатдори балғамӣ монанд бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор