Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бинобар ин андар ин гуна ҳолат набояд пурра ба навбатҳо машғул шуд, балки бояд ба аразҳо ҳам диққат дод.
Агар ин табҳо рӯзафкани холис бошанд, яке аз чизҳои оризгарданда ин аст, ки навбатҳояшон ба кӯтоҳ шудан шитофта, аз ҳама заифи онҳо нахуст аз байн биравад. Гоҳе ба мураккаб будани [таб] баъд аз паст шудани [ҳарорат] дубора падид омадани фарошо гувоҳӣ диҳад.
Барои пизишке нанговар аст, ки далелҳои ҳар як таб ва аразҳои онро донаду вале андар рӯзи якум ва дуввум мураккабии онро шинохтан натавонад. Таркиб ёфтани таби диққӣ бо таби уфунатӣ яке аз таркибҳоест, ки донистани он ниҳоят мушкил бувад, аз баҳри он ки пизишкон чун якчанд бор фитратҳо ё оғозёбиҳои табларза ва фарошо ва ҳангоми арақкунӣ ҷой доштани гаштаву баргашта арақкуниҳо ва марҳалаҳои ҷузъиро бибинанд, гумон кунанд, ки андар ин ҷой танҳо табҳои уфунатии монда ва ё аз мондаву фитратдор таркибёфта мавҷуданду халос. Гоҳе таркиб давом ёфта, ҳамчун таби ягонаи пайвастаи яксони шабеҳ ба сунухус бинамояд. Андар ин ҳангом аз муроҷаат намудан ба далелҳо чора нест.
Агар навбатҳо кӯтоҳ бошанд, танҳо ба сабаби ягон амри бузурге аз қабили сершуморӣ ва хусусан ба ҳангоми таби фитратҳояш дароз якдигарро дарёб карда, пайваст бигарданд. Ҳар гоҳ табҳои гуногуне бо ҳам таркиб ёбанд, чунон ки ним рӯзафкан ҳамин тавр бувад, аз ҳама тези онҳо канда шуда, деррави онҳо ба таври холис боқӣ бимонад, [ҳол он ки ду таби] фитратдор, ё ду монда ва ё як фитратдор ва як монда буд. Бошад, ки бо ним рӯзафкан як рӯзафкани дигаре, ё балғамие ва ё савдовие ҷаъм шуда, таркиб ташкил кунанд. Агар бо рӯзафкан бошад, рӯзафкан канда шуда, ним рӯзафкани холис бимонад, вале агар бо таби балғамӣ ва ё савдовӣ таркиб ёфта бошад, ним рӯзафкан канда шуда, балғамӣ ва ё савдовии холис боқӣ бимонад.
Гоҳе таркиби табҳо ба тариқаи дигаре ба амал ояд. Яъне табҳои фитратдор ва ё мондаи ё гуногунҷинс, ё якҷинс ва ё як навъ бо ҳам таркиб ташкил кунанд. Масалан, рӯзафкани даврӣ бо рӯзафкани монда мураккаб бигардад.
Чунонки ду таби фитратдор бо якдигар мураккаб бигарданд, ҳамчунин мумкин аст гоҳе ду таби монда бо ҳам мураккаб бигарданд.
Чунин тасдиқ кардаанд, ки ду таби монда, масалан, ду рӯзафкан, бо ҳам таркиб наёбанд, аз баҳри он ки агар модда андаруни рагҳо бошад, моддаи ба уфунат гирифторомада гуногун набошад, балки уфунат андар ҳамагони он паҳн гардида бувад. Ин ақида ба наздики ман на аз ҷумлаи чизест, ки лобуд воҷиб бошад. Аз баҳри он ки гандидан ночор аз ягон маҳалле оғоз ёфта, сипас густариш ёбад. Минбаъд ҳукумҳои шиддатёбӣ ва фитратёбӣ бар таърихи гандидани якум ҷорӣ бигардад ва ба ҳасби ин ӯро ҳаракатҳо бошад. Бинобар ин, шубҳае нест як гандидане иттифоқ биафтад, ки ӯро иқтидори андар як бахш аз модда падид омадан бошаду вале иқтидори аз паси худ падид овардани дигар [гандидан] набошад. Балки гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки ҳам падид ояд ва ҳам падид оварад ва ӯро таърихи фитратёбӣ ва шиддатёбӣ бошад.
Се тарзи таркибёбии табҳост: андар ҳам рафтан;

ҷои якдигар гирифтан; ва бо ҳам печидан. Андар ҳам рафтан онест, ки яке андар дигарӣ даромада бошад, ҷои якдигар иваз кардан онест, ки яке баъд аз канда шудани дигарӣ ояд ва бо ҳам печидан онест, ки яке баробари дигарӣ бигирад. Ҳар гоҳ таби мутбиқаеро бибинӣ, ки ба ҳангоми он табларза ҳасту арақ кардан не ва ё агар гоҳе баробари табларзаҳои бисёре як бор арақ кардан ҷой дошта бошад, шаҳодат бидеҳ, ки ин таб таркибист. Агар ҳангоми таби мутбиқа охири андомҳоро ба ифрот сарду кашидашуда дарёбӣ, низ ҳамчунин бувад, вале [сардию кашидашавии] миқдоран кам гоҳе ба ҳангоми [як худи] таби мутбиқа низ ҷой хоҳанд дошт.
Фасли панҷоҳу ҳаштум андар баёни таби ним рӯзафкан

Таби ним рӯзафкан таби аз ду таб таркибёфта аст: яке таби рӯзафкан ва дигаре таби балғамӣ. Бинобар ин андар як рӯз ё ба тариқи бо ҳам печидану созгорӣ, ё ба тариқи ҷои якдигар гирифтану ҳамҷаворӣ ва ё ба тариқи андар ҳам рафтану ногаҳон рӯй додан навбати рӯзафкан ва [навбати] балғамӣ якҷоя ба амал оянд. Бахши аз ҳама мушкилтар шинохташаванда бахши якум ва сипас дуввум аст. Гоҳе мумкин аст ҳар ду таб аз он сабаб монда бошанд, ки ҳар ду уфунат андаруни [раг] ҷой дошта бошанд, гоҳе мумкин аст ҳар ду аз он сабаб даврӣ ва кандашаванда бошанд, ки ҳар ду гандагӣ аз беруни раг буванд, гоҳе мумкин аст таби сафровӣ ба сабаби андарун будани гандидагии худ монда ва таби балғамӣ бар хилофи он бошад ва гоҳе дигар мумкин аст ҳар ду баръакс бошанд.
Гоҳе он ним рӯзафкани холисеро таби мураккаб биҳисобанд, ки аз таби рӯзафкани беруниуфунат (75) ва таби балғамии даруниуфунат иборат бошад ва ҳар чиро, ки ғайри ин аст, ғайри холис шуморанд, вале ин чизе нест, ки бад-он аз ҳадд зиёд машғул шуд. Бошад, ки таби сафровӣ бо уфунат сабқат дошта бошад ва бошад, ки ҳар ду [таб] ба уфунат баробар буванд. Низ боре моддаи таби балғамиоваранда ғолибтар бошад ва боре моддаи таби сафровиоваранда. Ҳар гунае набошад, моддаи балғамӣ навбатҳои [таби] сафровиро дарозтар ва буҳронашро дероянда бигардонад ва моддаи сафровӣ навбатҳои [таби] балғамиро бар хилофи он бигардонад. Бошад, ки ним рӯзафкан ба муддати дароз кашида, то нуҳ моҳ ва беш аз он давом кунад. Гоҳе аз сабаби таби ним рӯзафкан ягон бемории тез падид ояд ва гоҳе мумкин аст таби ним рӯзафкан яке аз қаттолтарин табҳо бигардад, аз баҳри он ки вай оқибат ба сӯи диққ ва бемориҳои деррави вазнине бибарад.
Фасли панҷоҳу нуҳум андар баёни нишонаҳои таби ним рӯзафкан

Ҳарчанд ки аз вуҷуд доштани дигар қаринаҳо чора нест, вале яке аз нишонаҳои аз ҳама хостару аввалии он чунин аст, ки муддати таб андар яке аз ду рӯз дарозтар ва оромтар аз муддати таби рӯзафкан буда, сипас андар рӯзи дигар навбат сабуктар ва аразҳои он камтар бигарданд.
Ба ҳангоми ин [таб] аксар вақт фарошо ба такрор падид ояд, аз баҳри он ки ҳар ду моддаро бо ҳам мубораза кар дан ва ё андар якдигар рафтан ориз бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ