Қонуни тиб

Гоҳе ин такрорёбӣ мумкин аст се бор биафтад ва гоҳе бархе андомҳо андар ҳоле битафсанд, ки фарошо ҳанӯз ба ҷой бошад. Ба ҳангоми ин таб, ки ним рӯзафкан аст, тан аз он тамоман пок нашавад ва хусусан агар андар ин гуна ҳолат бо ҳам печидани [моддаҳо] ва ё андар ҳам рафтани онҳо ҷой дошта бошад, марҳалаҳои оғоз ва болоравии ин [таб] сахт серизтироб буванд. Андар ин ҳангом фарошо якчанд бор омадушуд кунад ва марҳалаи анҷом ба дарозо бикашад. Ҳар бор гумон бибарӣ, ки тан тафсида, таб ба поён расида истодааст, вале боз бибинӣ, ки фарошо дубора падид ояд. Ин ҳол аз сабаби кӯшиши аразҳо ба амал омада, [кӯшиши] онҳо ба кӯшиши хилтҳо вобастааст. Марҳалаҳои ҷузъӣ ва куллии поёнпазирии ин таб пеш аз поёнпазирии [таби] балғамӣ фаро расида, аз он тезтар ва аз марҳалаи анҷомёбии [таби] зардавӣ дертар ба амал ояд, аз баҳри он ки гармӣ хусусан андар оғоз ҷуз ба душворӣ густариш наёбад, вале тезии он ба наздики марҳалаи анҷом шиддат ёбад. Ҳамчунин марҳалаи пастравӣ низ ба дарозо бикашад, зеро андар ин ҳангом истҳое ориз бигарданд, ки муборазаи як модда ба муқобили дигараш муҷиби онҳо гардида бошад. Кам тасодуф биафтад, ки аз арақ кардан ин [таб] фитрат ёбад. Аз рӯзҳои ин таб рӯзи севвуми он шабеҳи рӯзи якум ва рӯзи чаҳорум шабеҳи дуввум буванд.
Гоҳе аз тариқаҳои гуногуни дигаре ба шинохтани ним рӯзафкан далел бигиранд. Гоҳе онро аз тариқи хӯйҳо ва гоҳе аз тариқи аразҳо бишиносанд. Шиносоӣ аз тариқи хӯйҳо бад-ин гуна бувад, ки масалан, касе бошад, ки андар танаш сафро ва гандидани он бисёр гардида бошад, вале ӯ ба осудагӣ дода шуда, тарки [41] варзиш кунад ва ғизоҳо ва намудҳои гуногуни тадбирҳои ғизоие ба кор бибарад, ки зояндаи балғаманд. Ё масалан касе бошад, ки андар танаш балғам ва гандидани он бисёр гардида бошаду вале варзиши бисёр кунад ва ягон намудеро аз тадбирҳои ғизоӣ ба кор барад, ки зояндаи сафро бошад. Ё мумкин аст синну сол муҷиби ин таб гардида, одам ба синни барноӣ ба ҳоле бирасад, ки андар синни кӯдакияш рутубат ғолиб бошад ва ё ба синни миёнсолӣ ба ҳоле бирасад, ки ҳангоми барноӣ мизоҷаш тез бошад.
Аммо [шинохтан] аз тариқи аразҳо бад-ин гуна бошад, ки масалан аз тариқи набз, пешоб, ҳар чи аз қай ва бироз, ки берун оянд, аз тариқи чигунагии пухтагӣ ва нишонаҳои он, чигунагии ташнагӣ, чигунагии ба ламс дарёфтани [бемор], чигунагии фарошо ва табларза ва аз тариқи чигунагии марҳалаҳо ва навбатҳо [бишиносанд].
Масалан, набз ба ҳангоми ин [таб] аз ҷиҳати бузургӣ, суръат ва думодумӣ камтар аз набзи таби рӯзафкан ва аз ҷиҳати зидди ин ҳолатҳо камтар аз набзи таби балғамӣ бувад. Пешоб бошад, дер бипазад. Қай омехта бо зардаву балғам ва бироз низ омехта бо зардаву балғам оянд.
Аммо чигунагии гармшавию сардгардӣ, ташнагию фарошо ва марҳалаҳову навбатҳои онро бошад, мо ба қадри лозимӣ баён кардем.
Бар ғолиб будани кадом як аз ду хилт аз тариқи далелҳои ғолиб огоҳӣ пайдо кунанд. Бинобар ин, агар балғам ғолиб бошад, навбатҳо дарозтар, фарошо камтар ва фишурдагии хусусан набз қавитар буванд, андомҳои ат
рофӣ андар аввалҳои беморӣ зудтар сардӣ бипазиранд ва дертар бар ҳолати сардӣ бимонанд, ташнагӣ камтар бошад, зарда камтар қай карда шавад, пешоб ба таври қавитар сафеду хом бошад, арақ камтар ояд ва синни бемор бештар ба кӯдакӣ ва ё пирӣ бигарояд.
Гоҳе мизоҷи тан (76) ва инчунин хӯю дигар чизҳои ҳамроҳи он ҷойдошта ба ин гуна [ғолибят] далолат кунанд.
Агар сафро ғолиб бошад, навбатҳо кӯтоҳтар буда, андомҳои атрофӣ зуд ба гармшавӣ бипардозанд, ташнагӣ ва зарда қай кардан бештар бошад ва арақ фаровонтар бирезад. Гоҳе фарошо ба чизе шабеҳи табларза бигарояд, пешоб рангинтар ва синни бемор ҷавонтар буванд. Гоҳе мизоҷи тан ва ҳамчунин одату дигар чизҳои ҳамроҳи он ҷойдошта низ ба [ғолибияти] сафро далолат кунанд.
Ҳар гоҳ ҳар ду хилт баробар бошанд, далелҳо низ ҳамсанги якдигар бошанд ва фарошо холиси пурра, ғайри ларзонанда ва ғайри гузаранда ба табларза бувад.
Агар таркиб миёни [таби] даврзананда ва таби монда афтида бошад ва ин ҳамон табест, ки бисёре аз мардумон онро «ним рӯзафкани холис» хондаанд ва агар таби монда балғамӣ бошад, андар ин ҳолат табларза ва нотавонӣ ҷой хоҳанд дошт, аз баҳри он ки моддаи беруни [рагҳо] сафровист ва ягон балғаме ӯро андар берун ҳамроҳ нест, то андар муҷиби табларза гардидани он аз сӯи ин балғам муораза ҷой дошта бошад, лекин ин [табларзаоварии ӯ] заифтар аст. Гоҳе ба ҳангоми он сардӣ ва фарошо то вақти ситабр гардидани [модда] андар охир, чунонки медонӣ, ба такрор рӯй диҳанд. Ба ҳангоми ин [таб] ба изофаи сардии андомҳои атрофӣ ҳарорати андомҳои дарунӣ ва шикам биафзояд ва набз бештар хурду ноҳамвор бигардад.
Агар таби монда сафровӣ бошад, на табларза падид ояд ва на фарошои зиёд. Набз бузургтару тезтар ва тоса шадидтар бигарданд. Агар ду таби доимӣ бо ҳам таркиб ёбанд, албатта, табларза ба амал нахоҳад омад. Таби рӯзафкани мондаро чунин ориз бигардад, ки пеш аз сабук шудани таби балғамӣ сабук бигардад, вале пеш аз баргаштани он бар нагардад Фасли шастум андар баёни илоҷи таби ним рӯзафкан
Ба ҳангоми таби ним рӯзафкан бояд аз тафсхомӯшкунӣ дида бештар бад-он диққат бидиҳанд, ки бо роҳҳои гуногуне аз қабили исҳол, поксозӣ, пешобтозонӣ ва
арақоварӣ моддаро ба шиддат истифроғ намоянд. Доруҳои исҳолро бояд то вақти пазиш ба таъхир биандозанд,
вале на онҳоеро, ки аз ҷинси нармкунандаю табиаткушоянда буда, нороҳатӣ наоваранд. Масалан, агар балғам ғолиб бошад, оби печак бо гулангубин, агар сафро
ғолиб бошад, тарангубин, ширхишт, таркардаи тамри ҳиндӣ ва шароби бунафша ва ба ҳангоми анбози якдигар
будани ҳар ду хилт мураккаби ҳар ду [гурӯҳи доруҳоро
ба кор бибаранд]. Баъд аз зоҳир шудани пазиш агар бо
доруҳои қавӣ истифроғ оваранд, равост. Қай низ бояд ба
ҳасби [хилти] ғолиб ё бо оби турбу сикангубини гарм
ва ё бо сикангубину оби гарм ба амал оварда шавад. Пешобтозониро бояд ба воситаи он [доруҳое] ба амал биоваранд, ки ба иътидол амал кунанд. Агар пеш аз пазиш ба таври шитобкорона ба бемор [доруҳои] ҷӯшонида бидиҳанд, бими падид омадани сарсомро дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор