Қонуни тиб

Доруҳое, ки ба равиши гузариши [беморӣ] ба марҳалаи интиҳо буда, аз барои ислоҳи модда, пухтани он ва нест шудани офатҳои он судманданд, аз доруҳои сода, масалан, афсинтин мебошад, лекин онро баъд аз рӯзи ҳафтум ва зоҳир шудани пухтагӣ [ба кор бибаранд] ва бояд навъи румӣ ва хуби он бошад. Агар онро пеш аз муҳлат ба кор бибарӣ, хилтро ба ҷунбиш орад, вале онро истифроғ насозад ва бинобар он тоса, хиратабъӣ ва маниши гаштан биоварад. Дигар ин ки вай талхию қабзкунандагии худро ба муқобили [модда] равона карда, онро бихушконад ва [ҳаракати] онро кунд созад. Ҷолинус ва касони пеш аз ӯ омада ин гуна [беморонро] бо оби ҷави дорои қувваи мурч муолаҷа мекарданд. Яке аз пизишкони пешин гуфтааст: «Ҷолинус сахт ба хато рафта, андар чизе тавақкуф кардааст, ки аз он бояд тааҷҷуб намуд. Ӯ намедонад, ки мурч табро аланга бидиҳаду оби ҷав моддаро кунд созад».
Вале ин муоразакунанда хатое кардааст, ки на хоси ин маъно, балки хоси қонуни чӣ гуна табиатро ба ҳангоми бо ин гуна моддаҳо ба муқовамат бархостан ёрӣ додан аст.
Онро бо доруҳои аз сардиоварандаҳо ва гармифизояндаҳо таркибёфта ёрӣ бидиҳанд, то табиат ин ду қувватро аз ҳам ҷудо намуда, қувваи сардиоварандаро бо таб ва ноҳияи дил ва қувваи гармсозандаро бо модда машғул дорад. Кист, ки таби ним рӯзафканро бо ғайри ин муолаҷа кунад? Агар табиат қуввати ҷудо карадни онро надошта бошад, чӣ гуна илоҷе, ки набошад, суд нахоҳад бахшид. Ин [шахс] аз ҷиҳатҳои дигаре низ хато кардааст, ки эҳтиёҷ бад-он нест, ки мо тариқи дарозгӯёнро пеш гирифта, онро андар ин ҷо биоварем.
Ин базаҳкор гуфтааст, ки бояд доруҳои латифсозандаи на чандон гармиоварандае, аз қабили карафс ва шибит ба кор бурда шавад. Вале надонистааст, ки миқдори мурчро метавон то андозае кам кард, ки гармиоварии он шикаста шавад, вале латифиоварии он аз латифиоварии карафси бисёр камоӣ надошта бошад. Оби ҷав бошад, мурчро андар бурда расонидани қуввааш ёрӣ диҳад, (77) ба ифрот таъсир кардани онро шиканад ва моддаҳоро тар созад, то қувваи мурч андар онҳо ба осонӣ бигузарад.
Сипас шигифттарини шигифтиҳо ин аст, ки ӯ Ҷолинусро аз касони бехабар аз табафрӯзии мурч шуморидааст ва ӯро ба ҳангоме ҳамчун каси ғофили ин ҳолат ҳисобидааст, ки худи ӯ ин дастурро додааст.
Аммо мисоли доруҳои мураккабе, ки бояд андар ин ҳан
гом ба кор бурда шавад, қурсҳои афсинтин ва қурсҳои гул мебошанд.
Қурсҳои сабуке, ки барои таби ним рӯзафкан хубанд:
чаҳор [дирамӣ] гул ва бехи савсан, се [дирам] тарангубин ва ду дирамӣ сунбул, афшураи афсинтин ва табоширро гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд.
[Нусхаи] дигар: шаш [дирам] гул, чаҳор [дирамӣ] тухми туруша ва самғ, се [дирам] нашоста, ду [дирамӣ] зиришк, табошир ва тухми хурфа, ду донгӣ касиро, заъфарон, сунбул ва рованд ва як донг кофурро гирифта, қурсҳо созанд.
[Қурсҳои] дигаре аз барои худованди ин таб, ки хусусан ҳангоми аз исҳол ва сурфа шикоят кардани ӯ хубанд, яъне бояд ин қурси санҷидашудаеро ба кор бибаранд, ки нусхааш чунин аст: се [дирамӣ] сунбули хушбӯй, уд, заъфарон, зиришк ва ё афшураи он, чаҳор дирам зарованд, панҷ дирамӣ табошир, гулғунчаи гул, лок, самғи бирён ва қаҳрабо, шаш дирам тухми турушаи бирён ва ҳафт дирам гили румиро гирифта, аз онҳо қурсҳо бисозанд.
Як нусхаи хуби дигар: шаш дирам гули сурх, чаҳор дирамӣ зиришк, самғ ва тухми туруша, ду дирамӣ сунбул, алафи гулӯдард, табошир, нашоста, тухми хурфа ва донаи хиёр, якуним дирамӣ тухми коснӣ ва тухми зарпечак, як дирам рубби ширинбаён ва ним дирамӣ лок ва рованд гирифта, ҳамаи инҳоро якҷоя кунанд ва қурс созанд.
Ҳабби зерин аз барои ин иллат ва аз барои ҳамаи [табҳои] деррав ва табҳои андомҳои даруниро сӯзонанда хусусан ҳангоме судманд аст, ки моддаи балғамӣ ғолибтар бошад: аз сабр, мастако, ҳалилаи зард, рованд, афшураи алафи гулӯдард ва афшураи афсинтин бахшҳои баробар ва аз заъфарон ним бахш гирифта, бо оби коснӣ ҳабб созанд. Як ошомиданӣ аз он ду дирам ва бо сикангубин бувад.
Як нусхаи дигари хуб, ки ба наздики фаро расидани пазиш [ва аз барои исҳол]120 созгор аст: аз сабр, мастако, афшураи алафи гулӯдард, афшураи афсинтин ва гул бахшҳои баробар ва аз заъфарон ним бахш гирифта, бо оби коснӣ ҳабб бисозанд. Як ошомиданӣ аз он ду дирам ва бо сикангубин бувад.
Фасли шасту якум гуфтор андар баёни канда шудани бемор
Канда шудан бадтар аз асли [беморист] ва маслаҳат он аст, ки андар ин ҳангом то муайян шудани ҷиҳати ин ҳолат набояд зуд ба муолаҷа пардохт, зеро он андар бештари ҳолатҳо палид бувад.
Гуфтор андар баёни табҳо ба анҷом расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор