Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фанни дуввум
АНДАР БАЁНИ
пешогоҳӣ ва ҳукмҳои буҳрон,
ки аз ду мақола иборат аст
Мақолаи нахустин

АНДАР БАЁНИ БУҲРОН ВА РАВИЯҲОИ БАР БУҲРОН ВА БАР НЕКӢ Ё
БАДӢ ҲУКМ БАРОВАРДАН, КИ ШОМИЛИ НАВАДУ ҲАШТ ФАСЛ АСТ

[42] Мо андар ин фан ҳолатҳои буҳрон, рӯзҳову нишонаҳои он, нишонаҳои пазиш, ҳукми хосси ҳар як далел ва [инчунин] аз нишонаҳо нишонаҳои хуб ва нишонаҳои нохубро ёд хоҳем кард. Ҳамаи инҳо он умуреанд, ки масъалаҳои пешогоҳӣ рӯи онҳо давр мезананд. «Пешогоҳӣ» ин аз далелҳои ҳозираи мавҷуда дар асоси он чи ки аз ҳоли қувват, пойдорӣ ва ё афтодагии он донистаанд ва дар асоси маърифати вақти [буҳрон] ва чӣ гуна гузаштани он, яъне ба амал омадан ва ё наомадани он, бар ҳар як ҳолати падидояндае ҳукм кунанд, ки беҳбудии ҳоли бемор ва ё ҳалок шуданаш аз он сарчашма бигирад.
Фасли нахустин андар баёни чӣ будани бУҳрон ва бахшҳову ҳукмҳои он

Маънои «буҳрон» ҳукми қатъӣ баровардан аст ва таъвили ин он дигаргуние бувад, ки ба якборагӣ ё ба сӯи беморӣ ва ё ба сӯи тандурустӣ ба амал ояд. Буҳронро далелҳост, ки пизишк аз тариқи онҳо ба чӣ гуна рӯй додани он пай барад.
Баёни ин чунин аст, ки бемории тан чун душмани берунии шаҳр ва табиат чун шоҳи нигаҳбони ӯст. Миёни ҳар ду гоҳе муборазаи сабуки на чандон қобили мулоҳаза бигузарад ва гоҳе куштори шадид ба амал омада, (78) андар ин ҳангом аз ҷумлаи нишонаҳои шиддатёбии куштор ҳолатҳову сабабҳои гуногуне мисли бархостани чангу ғубор, доду фарёд ва рехтани хунҳо зоҳир бигарданд. Сипас андар як замони миқдоран ба ҳис андарнаоянда, ки гӯӣ як он аст, ҳукм бад-он шавад, ки ё шоҳи пуштибон фирӯзӣ хоҳад ёфт ва ё душмани нофармонбардор. Фирӯзӣ ё пурра буда, яке аз ду гурӯҳ тамоман ақибнишинӣ кунад ва шаҳрро барои дигарӣ холӣ созад ва ё мумкин аст нопурра бувад ва андар ин ҳангом ақибнишинӣ ба тавре бошад, ки монеи баргаштан набуда, ҳатто як бори дигар ва ё якчанд бор боз куштор ба амал ояд. Андар ин ҳолат ҳукмро ба охир бибароранд. Ҳамчунин, агар шоҳ бар душман фирӯзӣ ёфта, онро пас бигардонад ва биронад, мумкин аст онро ё тамоман ронда, саҳна ва бораи шаҳр ва дигар ноҳияҳои бад-он пайвастаро осуда сохта бошад ва ё мумкин аст онро на тамоман ронда бошад, балки аз сӯи шаҳр бигардонад, вале аз ноҳияҳои дигари ба шаҳр пайваст гардонидан натавонад.

Қувваи буҳрони хуб оваранда низ ҳамчунин буда, моддаи ранҷоварро ё аз беҳтарин ҷои тан, яъне дил ва андомҳои сарвар ва аз ноҳияҳои онҳо, яъне андомҳои атрофӣ биронад ва ё танҳо аз ҷои беҳтарин биронаду аз андомҳои атрофӣ рондан натавонад, балки [моддаро] ба сӯи онҳо биронад ва инро «буҳрони гузариш» номанд.
Ҳар беморие, ки биравад, ё аз тариқи буҳрон биравад ва ё аз тариқи ҳалшавӣ рафта, модда андак-андак то ба тадриҷ нест шудан ҳал шавад. Аксар вақт ин ба ҳангоми бемориҳои деррав ва моддаҳои сард рӯй диҳад ва пеш аз он нишонаҳои бимнок ва ҳаракатҳои душворе падид наоянд. Ҳамчунин ҳар беморие, ки ба ҳалокат бирасонад, ё ба тариқи буҳрон ба ҳалокат бирасонад ва ё ба тариқи пажмурдагӣ овардан, яъне он қувватро кам-кам ба таҳлил нест кунад.
Беҳтарин буҳрон онест, ки том, боварибахш, аниқ, зоҳир ва дорои аразҳои дуруст буда, чун яке аз рӯзҳои аз буҳрон огоҳидиҳанда аз он огоҳӣ диҳад, андар рӯзи буҳронии сутуда ба вуқӯъ пайвандад. Ҳар як буҳрон ё хуб аст, ё бад, ки ҳар як аз инҳо низ ё том бувад ва ё ноқис.
Ба ҳангоми буҳрони пурраи хуб табиат моддаро ё ба якборагӣ пурра биронад ва ё ба дигар ҷой гузаронад. Гоҳе аз паси буҳрони ноқисе, ки агар хуб бошад, ҳалшавӣ ва агар бад бошад, пажмурдагӣ ба амал ояд. Рӯзи буҳрони ноқис ба шарте аз рӯзи буҳрони том огоҳӣ диҳад, ки агар огоҳидиҳӣ тибқи он ҳолати рӯзҳои буҳрон ва рӯзҳои огоҳидиҳандае бувад, ки мо баён хоҳем кард. Ин ба ҳангоми ҳам буҳрони хуб ва ҳам буҳрони бад рӯй диҳад. Буҳрони пурраи ронандаи моддаро бояд ҳангоми бемориҳои аз моддаҳои тези тунук баамаломада ва қавӣ бу дани қувват чашмдор шуд, вале буҳрони гузаришро бошад, бояд ҳангоме чашмдор шуд, ки қувват заифтару модда ситабртар аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ