Қонуни тиб

Ҳолати намуди якум низ ҳар гуна бигардад. Яъне агар модда ба ҳангоми он сахт тунук бошад, [беморӣ] аз тариқи арақ омадан буҳронӣ шавад, вале агар камтар [тунук] буда, ниҳоят тез бошад, [беморӣ] аз тариқи хуни бинӣ шудан, вагарна аз тариқи сахт тохтани пешоб ва ё исҳолу қай омадан буҳронӣ бигардад.
Бидон, ки оби бинӣ, чирки гӯш, хинб ва ашк аз ҷумлаи [зуҳуроти] буҳронҳои бемориҳои сар ва балғаму хун [аз гулӯ] афкандан аз ҷумлаи [зуҳуроти] буҳронҳои бемориҳои сина буванд. Равон шудани хуни бавосир буҳрони хуби бисёре аз бемориҳост, лекин он аксар вақт касеро рӯй бидиҳад, ки одатӣ бувад. Сахттарини буҳронҳо ва наздиктарини онҳо ба ҳалли ниҳоӣ хуни бинист, зеро ба ҳангоми он модда ба як бор ронда шавад. Сипас исҳол, баъд аз он қай, баъд пешоб, сипас арақ ва аз ҳама охир хуроҷҳо биистанд. Хуроҷҳо аз қабили буҳрони гузариш буванд. Гоҳе чунин биафтад, ки хуроҷҳо аз ҷиҳати буҳроноварии худ қавитар аз арақ буванд ва бисёр бошад, ки агар онҳо бе осеб бошанд, ба сабаби онҳо бемориҳо якбора бираванд, вале агар бад бошанд, андомҳоро бимиронанд. Хуроҷҳое, ки аз тариқи онҳо буҳронҳо ба амал меоянд, аз синфҳои гуногун – думмалҳо, решҳои ғарбелак, тоунҳо, намла, сурхбод,121 «оташи форсӣ», хӯра, обила, хуноқҳо ва решҳои гуногуни тан иборатанд.
Гоҳе буҳрон ва ё бахше аз он аз тариқи гиреҳ задани мушакҳову асаб, аз тариқи гар ва намудҳои он, аз тариқи қубо, саратон ва барас ва аз тариқи ғуддаҳо, поғура, даволӣ, дамидани дасту пойҳо ва ғайра ба амал ояд. Яке аз намудҳои буҳрони гузариш он бошад, ки на боиси падид омадани хуроҷ бигардад, балки, масалан, лақва, ташаннуҷ, истирхо, дардҳои сурин, (79) пушт ва зону, ярақон, поғура ва даволӣ ба амал орад.
Бидон, ки ба ҳангоми буҳрони аз тариқи гузариш баамалоянда то агар гузарише ба амал наояд, ки [беморӣ] ба он буҳронӣ бигардад, тандурустӣ ба амал нахоҳад омад, вале ба шакли хуроҷ ва ё чизи дигаре андар ягон андом муқаррар шудани гузариш гоҳе баъд аз шифо ёфтан зоҳир бигардад. Сутудатарини гузаришҳо онест, ки ба фурӯсӯ бошад ва аз ҳама намуди беҳтарини беруншавӣ ва гузариш онест, ки ба сӯи берун, баъд аз пазиши том ва дур аз андомҳои шариф бувад.
Чунонки каси хостори донистани фирӯзии шоҳи ҳимоятгар ва ё фирӯзии душмани саркаш аз тариқи ҳолатҳои мушоҳадашаванда натиҷа бигирад, ҳамчунин пизишк ҳам бояд аз тариқи ҳолатҳои мушоҳадашаванда бар буҳрони хуб ва ё бад пай барад. Ҳамчунон ки агар душмани саркаш бо шаҳр ғазо эълон намуда, муҳорабаи сахт кунад, ҳол танг омада, фитна бархезад, нишонаҳои куштори сахт зоҳир бигарданд ва андар ин ҳангом шоҳи пуштибон ҳанӯз афзорҳои ҷангиро омода накарда бошад ва ӯро имконияти ба кор бурдани афзорҳо набошад, ин нишонаҳои мушоҳадашаванда бар бадии ҳолати шоҳ гувоҳӣ диҳанд ва агар ҳол баръакс бошад, ҳукми он низ баръакс хоҳад буд. Ҳамчунин, агар беморӣ нишонаҳои буҳронро, ки мо онҳоро баъд ёд хоҳем кард, пеш аз ба амал омадани пазиш ба ҳаракат оварад, ин бар буҳрони бад
далолат кунад, вале агар андар ин ҳангом як миқдор пазиш ҷой дошта бошад, ин бар буҳрони ноқис далолат кунад ва ё агар пазиши пурра ҷой дошта бошад, ин далели буҳрони хуби пурра бувад. Буҳрони пурра андар марҳалаи анҷом ва гоҳе ба ҳангоми оғоз ёфтани марҳалаи пастравӣ низ ба амал ояд. Бад-ин сабаб буҳрони том ба ҳангоми сармои сахт ба таъвиқ биафтад, аз баҳри он ки андар ин ҳолат модомки марҳалаи анҷоми иллат ба душворӣ мегузашта бошад, пас пастравии он чӣ гуна чунин набошад? Бисёр биафтад, ки бояд пизишк зиёни сардиро ҷуброн намуда, маҳалли [бемориро] гармифизоӣ кунад ва бар шиками бемор то ҳангоме равғани гарм бирезад, ки падид омадани арақро мушоҳада кунад. Он гоҳ равғанрезиро бас карда, арақро пок кунад ва маҳалли [бемориро] бар ҳолати пурраи муътадил нигоҳ дорад.
Бидон, ки агар ҳаракатҳои буҳрон андар рӯзҳо ва соатҳое биафтанд, ки одатан табиат андар ин ҳангом ба хости Худои бузург худ вақтро ихтиёр намуда ва ҳолатро ба эътибор гирифта, ба муқовамати беморӣ бархоста бошад, умеди некист, вале агар муқовамат пеш аз он ҳангоме биафтад, ки андар мисли он табиат ба ихтиёри худ ба муқовамат бархоста бошад, пас, ин муқовамат натиҷаи он аст, ки беморӣ табиатро аз барои он бархезонда маҷбур намудааст. Ин яке аз чизҳоест, ки бар шиддатнокии музоҳамати беморӣ ва гаронӣ овардани модда далолат кунад, чунонки [табиат] ба ҳангоми ба даҳони меъда баробар шудани хилт ба муқовамат бархоста, қай ба амал оварад ва ё агар андар қаъри меъда бошад, исҳол ба амал оварад. Ҳол ба ҳангоми сурфа ва атса падид овардани ӯ низ ҳамчунин бувад.
Ҳамчунин агар далелҳо ба воқеъ шудани буҳрон андар як рӯзи [муайяне], масалан, андар рӯзи чаҳордаҳум, далолат кунанд, вале буҳрон пеш аз муҳлат ба амал омада, сарчашмаҳои буҳрон пештар, андар дигар рӯз ба ҳаракат кардан оғоз кунанд ва агарчи ин рӯз рӯзи буҳронии, масалан, рӯзи ёздаҳум бошад, [43] ин далолат бад-он кунад, ки буҳрон ҳарчанд мумкин аст хуб бошад, вале пурра нахоҳад буд, зеро ин низ гувоҳӣ аз он диҳад, ки табиат пеш аз муҳлат ба муқовамат бархоста аст. Агар беморӣ бади палид бошад, ба буҳрони хуб умеде нест, вале агар беморӣ беосеб бошад, набояд ба буҳрони пурра умед баст. Умуман, ҳар гоҳ ҳаракатҳои буҳрон пеш аз марҳалаи анҷомёбии муносиби ин беморӣ ба амал оянд, ин мумкин аст ё ба шиддати беморӣ ва ё ба шиддату тезии ҳаракати он вобаста бошад, ё мумкин аст ба ягон сабаби берунае вобаста бошад, ки [бемории] ором аз он ба шӯр ояд ва мисоли ин ба хато ягон чиз хӯрдан, ё ошомидан ва ё варзиш намудан мебошад ва ё мумкин аст ин ба ягон оризи нафсоние вобаста бошад, зеро оризҳои нафсониро андар кори ба ҷунбиш овардани буҳрон ва дигаргун сохтани ҷиҳати он дахл аст. [Масалан], тарс буҳронро исҳолӣ, ё қаӣ ва ё пешобӣ ва хурсандӣ онро гоҳе арақӣ бигардонанд ва ин ба ҳасби ба дарун ва ё берун ҳаракат кардани рӯҳ бувад. Агар пешоии муқовамат ба андозае бошад, ки қувватро биафтонад ва он андар ин ҳолат то фаро расидани марҳалаи анҷом истодагӣ кардан натавонад, ин далели марг бошад ва гоҳе мумкин аст бақияе аз қувват то марҳалаи анҷом боқӣ бимонад ва андар ин ҳол [бемор] ҷон ба саломат бибарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор