Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бидон, ки буҳрон ҷуз ба нудрат ва кам на андар вақти осудагӣ ва канда шудани [таб] биафтад ва на андар вақти аз шиддат ба сустӣ омадан. Ҳолати якумӣ аз ҳама камтар рӯй дода, Аркиғонис ин ҳолатро ҳангоми таҷрибаҳои худ ду бор ва Ҷолинус як бор мушоҳада кардаанд.
(80) Беҳтарин буҳрон онест, ки андар марҳалаи анҷоми ростинӣ ба амал ояд ва оне, ки пеш аз ин ба амал ояд, боварибахш нест, балки мумкин аст ё ноқис бошад ва ё бади нороҳаткунанда. Аммо буҳрон андар марҳалаи оғоз, албатта, танҳо ҳалокатовар хоҳад буд. Умуман, ориз шудани нишонаҳои буҳрон андар аввалҳои беморӣ далели ҳалок шудани бемор бувад, вале агар ба ҳангоми марҳалаи болоравӣ [нишонаҳои] сутуда падид оянд, ин бар буҳрони ноқис далолат кунад. Андар марҳалаи пастравӣ бехӣ буҳрон ба амал наояд. Аммо ба ҳангоми он чӣ гуна воқеъ шудани марг ва ё ҳолати шабеҳи буҳрони хубро мо баъд баён хоҳем кард.
Бидон, ки буҳрон андар бемориҳои бе осеб аз баҳри он ба таъхир биафтад, ки табиат маҷбур [ба қиём кардан] нест ва ӯро имконият бошад, ки то пурра падид омадани пазиш сабр бикунад, вале ба ҳангоми [бемориҳои] қаттол [буҳрон] пеш аз муҳлат ояд. Бемор аз уҳдаи беморие, ки на бар сабили ҳалшавӣ гузарад, танҳо вақте ба якборагӣ баромадан тавонад, ки агар истифроғи сутуда ва ё хуроҷи сутуда ҷой дошта бошад. Аммо пеш аз ҳалшавии наҷотдиҳанда пажмурдашавии ҳалокатовар, на аразҳои бимнок ва на истифроғҳои ба чашм намоёне ба амал наоянд.
Бидон, ки бемориҳо ҳар гунаанд. Бархе аз онҳо андар марҳалаи оғоз ба ҳаракат омада, сипас сусту ором бигардад ва бархе дигар баръакс бошад. Бисёр вақт далелҳо бадон далолат кунанд, ки буҳрон аз тариқи моддаи бемориро ба ягон сӯе рондани табиат ба амал хоҳад омад ва аз ронда шудани модда бад-он сӯй зиён бошад. Андар ин ҳол эҳтиёҷ бад-он бошад, ки он сӯй ва он андомро қавӣ созанд ва моддаро ба сӯи муқобил бигардонанд.
Бидон, ки гоҳе буҳрон122 [ба рӯзе] ояд, ки онро шашум биҳисобанд, вале ба ҳақиқат ҳафтум буда, рӯзи якуми бемориро аз тандурустӣ [ҳисобида] бошанд, зеро буҳрони хуб кам биафтад, ки андар рӯзи шашум ояд.
Бидон, ки намудҳои дигаргуншавии бемориҳо шаштоанд. Беморӣ ё якбора ба сӯи дуруст шудан дигаргун шавад ва ё ба сӯи марг, ё мумкин аст андак-андак ба сӯи тандурустӣ бигардад ва ё ба сӯи марг ва ё мумкин аст ҳар ду ҳолат андар он ба тавре фароҳам оянд, ки ба сӯи тандурустӣ бибаранд ва ё ба тавре фароҳам оянд, ки ӯро ба сӯи марг бикашанд.
Бидон, ки исми «буҳрон», чунонки инро каси гуфтааш мавриди эътимод ёд кардааст, аз забони юнониён ва аз ҳукми қатъие гирифта шуда аст, ки ба назди доварон бар ҳақ будани яке аз ду мубоҳасакунанда ва ё мухосамакунанда бар дигарӣ бароварда шавад ва ин гӯё ҳал шудан ва аз уҳда баромадан бошад.
Гуфтори ҳамагонӣ андар баёни нишонаҳои буҳрон:
Агар буҳрон шабона ояд, рӯзи пеш аз он ва ё агар рӯзона ояд, шаби пеш аз он ҳолатҳо ва чизҳое падид оянд, ки ҳамаи онҳо нишонаҳои буҳрон буда, мисолашон инҳост:
нороҳатӣ; тоса; печутоб хӯрдан; саргаронӣ; парешонақлӣ; сардард; гардандард; гижа; садар; пеши назар омада

ни шабаҳҳо; бонг задану садо додани гӯш; хоридани бинӣ; якбора сурх ва ё зард гардидани ранги рӯй ва парраи бинӣ; паридани лабҳо ва чашмҳо; ташнагӣ; хафақон; сӯзиши даҳони меъда; танг шудан ва душвор гардидани нафас, ки ба якборагӣ рӯй диҳад; гаронӣ, азҳамкашидагӣ, дард ва паридани сарҳои устухонҳои паҳлу; дарди пушт; паридани мушакҳо; печиши ноф ва қароқур кардани шикам.
Гоҳе табларзае ориз бигардад, ки аз [буҳрон] далолат кунад ва дарди ранҷовар падид ояд ва гоҳе набз аз ҳоли хеш бигардад, ки ин аз [буҳрон] гувоҳӣ диҳад. Нишонаҳои шабӣ сахттар аз нишонаҳои рӯзӣ буванд.
Гоҳе ба сабаби буҳрон чизҳое аз қабили хуни ҳайз, ё бавосир ва ё шикамрав баста шаванд, ки одатан бояд бирезанд. Ин далолат аз он дорад, ки ҳаракат бар хилофи ин сӯй рӯй додааст ва сабабаш он бошад, ки моддаи ба амал оварандаи беморӣ ба сабаби ҳаракати хеш аразҳо ва далелҳои [бар буҳрон] далолаткунандаро ба шӯр оварад ва онҳо ё ба сабаби гуногунии модда ва ё ба сабаби ҷиҳати ҳаракат гуногун буванд. Аммо гуногуние, ки ба гуногунии модда вобаста аст, масалан, бад-ин гуна бошад, ки агар ҳаракати модда ба барсӯ бувад ва сипас далелҳое аз қабили навъи беморӣ, син, мизоҷ ва ғайра далолат бар хунӣ будани модда кунанд, пизишк бояд чашмдори хуни бинӣ бошад ва агар онҳо бар сафровӣ будани [модда] далолат кунанд, бояд андар бештари ҳолатҳо чашмдори қай бошад, вале агар баробари он дигар далелҳое далолат кунанд, ки буҳронро махсуси хуни бинӣ бигардонанд, андар ин ҳол низ бисёр бошад, ки буҳрон ба шакли хуни бинӣ ба амал ояд ва пеш аз он хаёлҳои зарду оташгун пеши назар оянд. Бошад, ки хуни бинии бимнок моддаҳои бемориҳои палидро аз бун барканад ва [бемор] ҳатман шифо ёбад.
Аммо [гуногунии] ба ҷиҳати ҳаракат вобаста буда бадин гуна аст, ки [модда] ё ба таври ҳамла овардан бар андомҳои сарвар ва дигар андомҳои дарунии бад-онҳо алоқаманд ҳаракат намуда, (81) бинобар он андар корҳои онҳо одатҳо падид оянд ва ба худи онҳо зиёнҳо бирасанд, чунончи андар ноҳияи мағз парешонии ақлӣ, сардард ва дигар чизҳое ҳамроҳи инҳо ориз бигарданд, ки мо ёд кардем ва андар ноҳияи дил хафақон, бадии нафасгирӣ ва он чизҳое ҳамроҳи онҳо падид оянд, ки низ мо ёд кардем ва ё мумкин аст ба наҳви ронда шудан ҳаракат кунад, ки ин бар ду рӯй бувад: модда мумкин аст аз ҳар сӯй ба ронда шудан оғоз кунад ва сипас аз тамоми зоҳири тан, яъне ба намуди арақ берун ояд ва ё мумкин аст ба як сӯй равона шавад. Вай ҳар гоҳ роҳи ин сӯйро пеш бигирад, мумкин аст ин сӯй ба тавре бошад, ки чун модда рӯ бад-он биниҳад, ночор аз назди андомҳои сарвар бигузарад. Чунончи модда чун ба барсӯ рӯй оварад, бар ноҳияҳои сина, андомҳои нафасгирӣ ва ноҳияҳои мағз гузар бикунад ва агар ронда нашавад, балки андар он ҷой бимонад, низ аразҳое чун аразҳои хеш падид оварад.
Гоҳе ҷиҳати [ҳаракат] ба сӯи андомҳое бошад, ки аз андомҳои сарвар фурӯмоятаранд, чунончи даҳони меъда ба ҳангоме ҳамчунин бошад, ки моддаи рондашаванда ба сабаби буҳрон аз тариқи қай оҳанги рехтан кунад ва ё мумкин аст онҳо аз қабили андомҳои сарвар бошанд, вале таҳаммулкунандаи марг буда, зуд табаҳ нагарданд, чунончи модда ба ноҳияҳои ҷигар ронда шуда, аз тариқи обгаҳ ва ё заҳра берун шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ