Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар ҳар сӯе барои рондашавии буҳронии [модда] роҳ аст, масалан: андар меъда аз тариқи қай; андар ноҳияи сар аз тариқи хуни бинӣ ва монанди он; андар ноҳияи ҷигар аз тариқи пешоб; ва андар ноҳияи рӯдагон аз тариқи исҳол. Модомки сурати ҳол чунин аст, шубҳае нест, ба ҳар як ҷиҳат ҳаракат кардани онро нишонае бошад, ки агар буҳрони мавриди чашмдошт хуб бошад, далолат бад-он кунад, ки рондашавии эҳтимолии ин модда аз он қабил хоҳад буд ва ё нишонае бошад, ки агар он гуна буҳрон бад бувад, ин [нишона] гувоҳӣ диҳад, ки зиёнкории аввалии моддаи аз ҷумлаи моддаҳои бад буда маҳз бар он андом хоҳад афтид. Гоҳе як нишонаи хуб бас аст, ки ба ҷиҳатҳои бисёре далолат кунад. Масалан хафақон гоҳе бар моддае далолат кунад, ки ба сӯи даҳони меъда ронда шуда бошад ва гоҳе бар моддае далолат кунад, ки бар дил ҳамла оварда бошад. Гоҳе дигар мумкин аст як нишона бар амри ҳамагоние далолат кунад, ки барои ҳар гуна ҳаракати ба ягон ҷиҳат буда муштарак бошад ва нишонаҳои дигаре мавриди чашмдорӣ буванд, ки бо ёрии онҳо бар чӣ гуна аз он ҷиҳат ронда шудани модда огоҳӣ пайдо кунанд. Мисоли ин сардард, тангии нафас ва ба барсӯ кашида шудани сарҳои устухонҳои паҳлу буда, ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки модда ба барсӯ ҳаракат дорад, вале аз кадом сӯ, яъне аз тариқи қай ва ё аз тариқи хуни бинӣ ронда шудани он танҳо бо ёрии нишонаҳои дигар маълум бигардад.
Гоҳе бар буҳрони воқеъшаванда аз тариқи баста гардидани он чизе огоҳӣ ёбанд, ки аз сӯи муқобили он ҷиҳат таровида бирезад. Масалан баста шудани табиат ҳамроҳи нишонаҳои буҳрони хуб бад-он далолат кунанд, ки ҳаракати буҳронӣ барсӯвист на фурӯсӯвӣ, балки [буҳрон] ба воситаи тохтани пешоб, ё рехтани арақ, ё қай омадан ва ё хуни бинӣ шудан ба амал хоҳад омад.
Бошад, ки навъи беморӣ бар ҷиҳати буҳрони хеш далолат кунад. Масалан, омоси ҷигар агар андар кӯжии он ҷой дошта бошад, буҳрони он ё аз тариқи омадани хун аз сӯрохи роти бинӣ, ё аз тариқи арақи сутуда ва ё аз тариқи пешоб зоҳир бигардад, вале агар [омос] аз бари фурӯрафтаи ҷигар ҷой дошта бошад, [буҳрон] ё аз тариқи шикамрав, [44] ё аз тариқи қай ва ё аз тариқи арақ падид ояд. Ё агар таби сӯзонро мисол бигирем, бештари буҳрони он ё аз тариқи хуни бинӣ ва ё аз тариқи арақ ба амал омада, пеш аз он табларза рӯй диҳад ва гоҳе хусусан ба ҳангоми таби рӯзафкан мумкин аст аз тариқи қай ва шикамрав зоҳир бигардад. Ҳамчунин, буҳрони таби омосҳои сар низ аз тариқи хуни бинӣ ва ё аз тариқи арақи фаровон ба амал ояд. Буҳрони табҳои балғамӣ ва сард, албатта, аз тариқи хуни бинӣ зоҳир нахоҳад шуд ва ба ҳангоми омоси шуш ва лисарғус низ ҳамчунин бувад, вале ба ҳангоми барсом ё ин, ё он бувад.
Бисёр вақт беморӣ ба як чанд намуд буҳронӣ гардад, ки маҷмӯи ҳамаи онҳо буҳрони пурраро ташкил диҳанд. Масалан ба ҳангоми таби сӯзон ҳамин тавр буда, нахуст хуни бинӣ ояд ва сипас буҳрон бо арақрезии фаровон тамомият ёбад. Зани обистан бисёр бошад, ки аз тариқи бача афтонидан буҳронӣ бигардад.
Бидон, ки на ҳар бор ки чун нишонаҳои буҳрон падид

омаданд, ин муҷиби буҳрони хуб ва ё бад бигардад, балки гоҳе мумкин аст баъди он худи ҳамон вақт буҳрон аслан ба амал наояд ва агар ба амал омадани буҳрон ногузир бошад, ночор буҳрони хуб ва ё баде андар вақти ғайри алоқаманд ба нишонаҳо падид ояд. Арақ, қай, шикамрав, сардард, шӯридагии зеҳн, бад нафасгирӣ, субот ва дигар чизҳое, ки мо баъд ҳамаи онҳоро баршуморем, ҳарчанд андар бештари ҳолатҳо ба буҳрон далолат кунанд, вале на ҳар бор, ки чун онҳоро мушоҳада намудӣ, баробарашон буҳрон низ ҷой дошта бошад. Бархе аз инҳо, масалан, сардард, танҳо нишона ва бархе дигар, масалан, маниши гаштан, ҳам нишона ва ҳам тариқаи (82) буҳрон буванд.
Ҳар гоҳ нишонаҳои буҳрон падид оянд, вале буҳрон ба амал наояд, пас ин, чунонки Буқрот гуфтааст, ё нишонаи марг аст ва ё нишонаи ба сахтӣ ба амал омадани буҳрон. Гоҳе яке аз ҳолатҳое, ки аз ҷумлаи нишонаҳои буҳрон аст,123 мумкин аст ба сабабе ориз гардида бошад, ки ғайри сабаби наздикоии буҳрон бувад. Ҳарчанд ин андар бархе аз марҳалаҳои [беморӣ] нишонаи буҳрон аст.
Масалан, ба ҳангоми таби рӯзафкани дер давомкунанда пеш аз навбат андар бештари соатҳои қаблии он ҳолати душвор ва нороҳатие ба амал ояд, ки бар буҳрон далолат накунад, вале [ҳамин ҳолат] ба ҳангоми таби рӯзафкани холис аксар вақт нишонаи буҳрон бувад.
Бароят яке аз роҳҳои дурусти шинохтани он, ки саломатии бемор ва ё марги он оё бо буҳрон ба амал ояд ва ё бе буҳрон, ин аст, ки бояд ҳаракати беморӣ, қуввату табиати он ва марҳалаи ҳозираи [онро] ба назар бигирӣ. Инҳо туро ба чунин ҳолате далолат кунанд, ки ё муҷиби муборазаи қавии миёни моддаву табиат бошад ва ё кифоят будани онро муҳтамал аст.
Бидон, ки далелҳои хубии буҳрон далелҳоеанд, ки бар фармонравоии табиат далолат кунанд, на мухолафат ва далелҳои бадии буҳрон ва костии он далелҳоеанд, ки бар сахтгирӣ ва мумонаати андар миёни табиат ва ҳамнабарди он ҷойдошта далолат кунанд ва то агар онҳо бисёр ва бузург набошанд, ба ту имконият надиҳанд, ки бар ногузир мағлуб шудани табиат ҳукми қатъӣ барорӣ. Борҳо мо нишонаҳои бимнокеро аз қабили субот, афтодагии набз ва қатъ шудани арақ дидаем, ки баъд аз як чанд соат ба буҳрони пурраи хуб анҷомиданд, аз баҳри он ки табиат андар ин гуна ҳолатҳо аз ҳамаи корҳои худ рӯй гардонида, бо тамоми ҳастии хеш ба беморӣ машғул шуда бошад ва ӯ ҳар гоҳ, ки ҳамаи қувваи худро ба сӯи беморӣ равон кунад, бо он ба набард омада, онро рондан битавонад. Бошад, ки аз уҳдаи он набарояд ва ин аксар вақт аз баҳри он рӯй диҳад, ки қувват ҷуз аз барои ягон кори бузурге аз ҳамаи корҳои худ даст накашад ва оҷиз омаданаш аз ин кори бузург аз эҳтимол холӣ нест.
Бидон, ки ду рӯз пайдарпай, масалан, рӯзҳои севвум ва чаҳорум, пайваста авҷ гирифтани нишонаҳои буҳрон бар зуд падид омадани буҳрон далолат кунад, вале хубию бадии он ба ҳасби қаринаҳое маълум гарданд, ки мо баъд ёд хоҳем кард. [Ин ҳол] хусусан ҳангоме бошад, ки агар навбати таб хеле пештар рӯй дода бошад ва хусусан набз [аз ҳоли хеш] ба якборагӣ гардида бошад. Агар набз ба сӯи бузургӣ бигардад ва паст нашавад, хушнудӣ бикун.
Бидон, ки хушкии тан ва лоғар шудани он андар рӯз гори беморӣ бар дер омадани буҳрон далолат кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ