Қонуни тиб

Бемориҳои ниҳоят хушкиоваранда ё кушандаанд ва ё дер буҳронишаванда. Аксар вақт бар соатҳои буҳрон, ҳамаи ҳолатҳои он ва ҳукмҳои нишонаҳои он чӣ гуна дарёфтани ҳолати беморон далолат кунад. Бидон, ки набзи баланд ҳамчун як далели муштараки намудҳои гуногуни буҳронҳои истифроғист. Набзи бузург далолат бад-он дорад, ки ҳаракати [модда] ба сӯи берун буда, ё аз тариқи арақ ва ё аз тариқи хуни бинӣ зоҳир бигардад, вале набзи ғайри бузург ва зуд ба сӯи андарун раванда бар қай ва шикамрав далолат кунад. Умуман, ҳар як иттифоқе, ки аз барои рондани модда ба амал меояд, агар баъд аз қувват гирифтани табиат бошад, холӣ аз он нест, ки набз ба ҳангоми он агарчи паҳну ба ду сӯй гароянда набошад ҳам, баланд хоҳад буд, вале агар пеш аз қавӣ гардидани табиат ба амал ояд, аз пасту фишурда шудани набз чора нест. Бошад, ки ду нишона ба ҳам ҷамъ шаванд, он гоҳ ду ҳолат якҷоя ба амал оянд, масалан, қай бо арақ ва ё қай бо хуни бинӣ. Чун мо аз баёни ин қонунҳо фориғ шудем, акнун ба андаке шарҳ додани онҳо бояд бипардозем.
Фасли дуввум124 нишонаҳои ҳангоми бУҳрон ба барсӯ ҳаракат намудани модда
Нишонаҳои ин сардарде аст, ки ба сабаби бархостани бухор ва низ ҳангоми далелҳои қай ба сабаби анбозии даҳони меъда [бо мағз] ба амал ояд. Ҳамчунин, гижа, гаронии гижгоҳиҳо, бонг задани гӯшҳо ва ё гирифтани онҳо аз ҷумлаи ин гуна нишонаҳо буда, ҳамаи онҳо якбора рӯй диҳанд. Гоҳе ба наздики [қай] ва ё андаке пеш аз он нафас танг шавад, гардан дард кунад, мароқ ва сарҳои устухонҳои паҳлу аз ғайри ҳис кардани дарде ба барсӯ кашида шаванд ва сар битафсад.
Бидон, ки беморӣ ва аразҳо шаб аз баҳри он шиддат ёбанд, ки табиат андар он ҳангом аз ҳама чиз рӯй гардонда, ба пазонидани модда бипардозад.
Фасли севвум нишонаҳои тафсилии ҳамаи инҳо
Агар бо инҳо торик шудани чашм, парда гирифтану бенурии он, талхии даҳон ва паридани лаби фурӯсӯвин ҷуфт шаванд, агар ин ҳолатро ба амал омадани дарди даҳони меъда ва ё маниши гаштан, (83) об кушодани даҳон, хафақон ва фишурдаю паст шудани набз қувват бидиҳанд ва хусусан агар баъди ин фурӯсӯви сари устухонҳои паҳлуи беморро табларзаю сармо фаро бигирад, ҳукм бадон кун, ки буҳрон аз тариқи қай ба амал ояд. Хусусан агар модда сафровӣ бошад ва таб низ сафровӣ буда, аз ҷумлаи табҳои сӯзон набошад ва хусусан агар андар ин ҳолат рӯй зард гардида, ранги он канда бошад, [дигар ин ҳукмро ҷои шубҳа нест]. Бисёр бошад, ки қаи баъд аз саргаронӣ ва дарди меъда баамалоянда андар кӯдакон ба сабаби сустии асаб боиси ташаннуҷ, андар занон ба сабаби одати заҳдонҳояшон боиси дарди заҳдон ва андар пирон ба сабаби заъфи қувваҳояшон боиси бемориҳои гуногун бигардад, зеро моддаи ҳаракаткунанда андар тани эшон густариш ёбад.
Агар азҳамкашидагӣ бидуни дард андар ҷиҳати ҷигар
ва ё андар ҷиҳати испурч ба амал омада, бо он [нишонаҳо] қарин бигарданд (зеро испурч ҳам бо ёрии рагҳои аз
назди бинӣ ва рагҳои он гузарандаи хеш, ки ҳарчанд бо
онҳо пайваст нестанд, бо бахшҳои болоии тан анбозӣ дорад), агар бемор андар пеши чашм нахҳои сурхи дурахшанда ва барқзанандаро бибинад, агар рӯй, ё чашм, ё бинӣ ва ё як паҳлуи он сахт сурх бигардад, якбора ашк ояд,
набз баланд, мавҷӣ ва зуд густаришёбанда шавад, бинӣ
бихорад ва афрӯхтагии сар ниҳоят сахт ва сардард дилзананда бошад ва хусусан агар беморӣ, синн, хӯй, мизоҷ
ва дигар далелҳо бар хунӣ будани модда далолат кунанд,
андар ин ҳолат чашмдори хуни бинӣ бош. Вале гоҳе бемориҳои сафровӣ низ аз тариқи хуни бинӣ буҳронӣ шаванд ва аз ин барқзанӣ ва шабаҳҳои нахмонанди оташгуни зарде огоҳӣ диҳанд, ки андар пеши чашм дида шаванд ва аксар вақт ин ба ҳангоми таби сӯзони сафровӣ
ба амал ояд. Гоҳе ҷиҳати тофтани шуоъ ва хоридани бинӣ
бар хуни биние далолат кунад, ки ё аз сӯрохи рост, ё аз
чап ва ё аз ҳар ду ба амал ояд. Бошад, ки ба ин далелҳо низ
сардии рӯзи буҳрон беморро фарогиранда ва хушкии шикаму пӯст ёварӣ кунанд. Гоҳе синн низ аз он гувоҳӣ диҳад, зеро хуни бинӣ аксар вақт касонеро рӯй диҳад, ки ба
сиҳ нарасида бошанд. Гоҳе дигар ин далелҳоро шиддат
ёфтани сардарди беш аз андозае, ки ба муқтазои қай бошад ва низ [шиддат ёфтани] дигар дардҳо ва афрӯхтагию
таб қувват бидиҳанд. Дигар нишонаҳо хуб буда, онҳо нишонаҳои марг нестанд. Андар ин гуна ҳолат бояд чашмдори хуни биние буд, ки аз он чора нест. [Пизишк бояд бар
ҳамаи ин бо диққат назар кунад].125
Фасли чаҳорум
ҳукми ин нишонаҳои муштараки
ёдшуда ва хос
Бархе аз нишонаҳои муштараки ёдшуда бештар ба хуни бинӣ нисбат доранд, ки мисоли онҳо чунин аст: ашк; бонг задани гӯш; карӣ; бидуни дард овардан аз ҳам кашида шудани сари устухонҳои яке аз ду сӯй – ё аз сӯи ҷигар ва ё аз сӯи испурч; ва тафсидани сар. Бархе дигар бештар хоси қай буванд, ки мисолашон инҳост: танг шудани нафас; ва кашида шудани сари устухонҳои паҳлу умуман ба сӯи пеш, ки аксар вақт бо дарди даҳони меъда якҷоя рӯй диҳад.
Бидон, ки танг шудани нафас андар ҷумлаи нишонаҳои хуни бинӣ даромада, танҳо ҳангоме рӯй диҳад, ки табиат аз барои аз тариқи хуни бинӣ рондани [модда] омода бигардад ва сабабаш он бошад, ки раги дарунтиҳӣ пур шуда, чун моддаи худро ба барсӯ бибарад, бар андомҳои нафасгирӣ тангӣ оварад.
Яке аз нишонаи нишонаҳои хоси қай ва хуни бинӣ ин аст, ки нишонаи ба ҳангоми яке аз он ду ҷойдошта акси нишонае бошад, ки ба ҳангоми дигарӣ ҷой дорад, чунонки пеши назар омадани шуъоҳои барқзананда яке аз нишонаҳои хуни бинӣ буда, баръакси он пеши назар омадани торикӣ ва парда яке аз [45] нишонаҳои қай бувад.
Сурхии рӯй яке аз далелҳои хуни бинӣ буда, акси он кандагии ранг ва зард шудани он яке аз нишонаҳои қай ба шумор биравад. Гоҳе мумкин аст чунин набошад. Масалан, паридани лаб яке аз нишонаҳои қай буда, вале аз нишонаҳои хуни бинӣ ягон чизе акси он нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор