Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ё масалан, хориши бинӣ яке аз нишонаҳои хуни бинӣ буда, аз миёни нишонаҳои қай ягон чизе муқобили он намеистад.
Фасли панҷум андар баёни нишонаҳои майли модда ба сӯи арақ шудан

Агар набз сахт мавҷӣ бигардад, агар зери дасти бар пӯст гузошта тар шавад, рангаш сурх бигардад ва ба изофаи он гармии пӯст беш аз ҳарвақта дарёфта шавад ва дамидагию сурхиаш низ беш аз ҳарвақта бошад, агар пешоб рангин буда, ба ситабрӣ бигарояд ва хусусан агар андар рӯзи чаҳорум рангин шуда, андар ҳафтум ситабр бигардад, пас, ҳадс бизан, ки [буҳрон] аз тариқи арақ ба амал хоҳад омад. Ҳамчунин, агар ба ҳангоми ягон бемории дерраве табларзаи сахт ба амал омада, (84) баъди он таб шиддат ёбад, вале қувват қавӣ ва нишонаҳо хуб бошанд ва хусусан агар бироз ва пешоб кам буда, ин ҳолат пайваста давом кунад, интизори арақ бош. Умуман, агар табҳои сӯзон аз тариқи хуни бинӣ буҳронӣ нашаванд, аз тариқи арақ омадан буҳронӣ хоҳанд шуд ва пеш аз он табларза падид ояд. Агар бемор андар хоб гармоба ва обзан бибинад ва аз барои он худро омода ёбад, ин далели арақ бувад. Рангинии пешоб ба таври аввалӣ далолат бар моддае кунад, ки аз тариқи рагҳо буҳронӣ шавад ва он тариқ ё арақ бошад ва ё пешоб ва сипас инро бад-он гуна муайян кунанд, ки мо ёд кардем. Набояд чашмдори буҳроне буд, ки аз тариқи арақ ва ҳам сахт кушодагии табиат ба амал ояд. Ба ҳангоми истифроғи аз тариқи арақ мавриди интизор, аз ҷой доштани афзоиши гармӣ, паҳншавию боло гирифтани он ва қувваи қавӣ чора нест.
Фасли шашум андар баёни нишонаҳои майли модда ба сӯи андомҳои пешоб

Бад-он гаронии обгаҳ, банд гардидани бироз ва набудани нишонаҳои исҳол, ки баъд ёд хоҳем кард ва низ нишонаҳои қай, хуни бинӣ ва арақ, ки онҳоро ёд кардем, далолат кунанд. Бидон, ки сӯзиши пешоброҳа баробари гаронии обгаҳ ва дигар далелҳо далели қавии буҳроне бувад, ки аз тариқи тохтани пешоб ба амал ояд ва гоҳе бар ин сахт омадани пешоб ва ситабрии он андар дигар рӯзҳо ва инчунин вуҷуд доштани шин андар он далолат кунанд. Гоҳе мумкин аст тохтани пешоб ба изофаи далелҳои бироз ва ба изофаи он чизе ориз бигардад, ки мо андар боби бироз ёд кардем. Бидон, ки агар пешоб андар обгаҳ бисёр ҷамъ шавад ва ба изофаи он андар он ҳангом ва ё андар табъ ва ҳайати бемор равонии шикам ва арақ кардан кам рӯй диҳанд ва зоҳири [танаш] хушк бошад хусусан андар зимистон, пас, чашмдори буҳроне бош, ки аз тариқи пешоб ва бидуни шикамрав ба амал хоҳад омад.
Фасли ҳафтум андар баёни нишонаҳои майли модда ба сӯи роҳи бироз

Бад-он пеш аз ҳама ҷинси фазла далолат кунад, яъне
бидонанд, ки он хунӣ нест ва низ бидонанд, ки ба изо

фаи ин миқдоран зиёд аст. Сипас, бояд ин [далелро] далелҳои [дигари бироз] тақвият бидиҳанд, масалан, баста шудани пешоб; печиши сахте, ки андар саросари шикам ёфт шавад; гароние, ки андар фурӯсӯви шикам падид ояд; набудани нишонаҳои қай ва баръакс, падид омадани қароқур ва дамидагии пешоброҳа; бисёр рангин будани бироз пеш аз [буҳрон] ва беш аз миқдори одатӣ омадани он; бар шудани фурӯсӯви сари устухонҳои паҳлу ва баромадагии он; ва табдил ёфтани қароқур ба дарди пушт, вале ин гоҳе ба иллати бодҳо низ бувад.
Бошад, ки пешоб ба тохтан омада, ба далелҳои бироз муораза кунад ва ин ҳол хусусан андар беморе [рӯй диҳад], ки шикамаш ба душворӣ шиканад ва хусусан андар ҳавои сард ба ламс сахт ва хурд дарёфта шавад. Андар ин ҳангом набз хурду боқувват буда, вале сахт набошад ва хурдияш ба сабаби пастӣ бувад. Гоҳе одатан кам хуни бинӣ ва бисёр исҳол шудан хусусан андар касоне, ки одати оби сард ошомидан доранд, бар буҳрони исҳолӣ далолат кунад.
Гуфтаанд, ки ҳар гоҳ баъд аз буҳрон ба ҳангоми таби рӯзафкан пешоб сафеди тунук ояд, бояд интизори шикамраве буд, ки қариб саҳҷовар бувад, аз баҳри он ки агар зарда аз тариқи пешоб ва ғайра берун наояд, аз тариқи исҳол берун хоҳад шуд. Кам биафтад, ки баробари арақрезии бисёр ва ё тохтани пешоб буҳрон аз тариқи шикамрав шудан ба амал ояд.
Фасли ҳаштум андар баёни нишонаҳои бУҳроне, ки гоҳе аз тариқи заҳдон ба амал ояд

Агар дигар нишонаҳоро наёбӣ, агар андар ин ҳангом истифроғи исҳолӣ вуҷуд надошта бошад ва агар [бемор] андар заҳдон ва миёни сурин гаронӣ ва андар ин ҷойҳо дарду азҳамкашидагӣ ҳис кунад, пас, ҳукм бад-он кун, ки буҳрон аз тариқи хуни ҳайз ба амал ояд.
Фасли нуҳум андар баёни нишонаҳои бУҳроне, ки аз тариқи боз шудани рагҳои мақъад зоҳир бигардад

Бар ин набудани дигар далелҳо, одати ин гуна хунравӣ доштан, гаронии ноҳияҳои мақъад ва набзи бузурги қувватёбанда далолат кунанд.
Фасли даҳум андар баёни нишонаҳои бУҳроне, ки аз тариқи гузариш ба амал ояд

Нишонаҳои буҳроне, ки аз тариқи аз ҷое ба ҷое гузаштани [модда] ба амал ояд, ин аст, ки баробари устувории
дард ва баста шудани истифроғҳое аз қабили пешоб, бироз, балғам ва арақи фаровон таб қавӣ бигардад ва баробари дурустии қуввату хубии набз ва хусусан ҳангоми бемориҳои неканҷоми деркашандаи бидуни пазиш пазиши [модда] ба таъхир биафтад ва ё аслан ба амал наояд. Бар ҷиҳати гузариш дарду дамидагии рагҳои маҳалҳои тиҳӣ, ки баъди [гузариш] ҳис шавад ва хусусан бар
ҷиҳате, ки андар он ягон андоми заиф, ё пайвандгоҳи
дардманд ва ё андоми мондашудае ҷой дошта бошад, шиддат ёфтани афрӯхтагӣ далолат кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ