Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

(85) Аммо сари устухонҳои паҳлу агар кашида шаванд ва ё ба дард оянд, аз тариқи он наметавон на бар худи маҳалли [гузариш] ва на бар ҷиҳати он огоҳӣ пайдо кард, зеро он ҳамчун далели барои ҳама гуна гузариш муштарак бувад.
Бидон, ки гузаришҳо ва хуроҷҳо ба ҳангоми сармо ва фасли он ва низ андар синни солхӯрдагӣ бештар биафтанд: андар ҳолати якумӣ аз он сабаб, ки сармо [моддаро] баста, таровидан нагузорад; ва андар ҳолати дуввумӣ аз он сабаб, ки қувват аз рондани пурра оҷиз ояд. Бархе аз [пизишкон] гуфтааст, ки ҳар кӣ аз панҷоҳ, балки аз сиҳ гузашта бошад, ӯро аз тариқи хуроҷ ва ҷойивазкунии модда буҳрон кам рӯй диҳад, вале ин ба наздики ман қобили эътимод нест. Баръакс, гузаришро ду сабаб аст: яке андар модда ҷой дошта, яъне модда аксар вақт ба сабаби ситабрии хеш ва андар ҳолатҳои кам ба сабаби бисёрии хеш пазирои пурра ронда шудан набошад; дуввумӣ андар қувват бошад, яъне қувват на чандон сахт қавӣ бошад, ки ба шиддат фармонравоӣ кунад ва на низ чандоне заифу нотавон бошад, ки моддаро аз сӯи андомҳои сарвар тамоман гардонидан натавонад. Ҳар дуи ин сабабҳо ба аввалҳои пирӣ сахт муносабат доранд. Бисёр бошад, ки нишонаҳои гузариш аз миён бархезад ва якбора аз паси онҳо истифроғи бузурге ва хусусан пешоби фаровони сафедранг рӯй дода, гузариш ба амал наояд.
Фасли ёздаҳум нишонаи он, ки гузариш ба сӯи бахшҳои фурӯсӯви тан бувад

Баробари афрӯхтагӣ ва дамидани ҳар ду мезаной ва тиҳигоҳҳо дарде падид ояд, ки ба фурӯсӯ гароянда бувад.
Фасли дувоздаҳум нишонаи он, ки гузариш ба сӯи бахшҳои барсӯвини тан бувад

Бар ин гаронии сар, ҳоссаҳо ва хусусан ҳоссаи шунавоӣ далолат намуда, ҳатто гоҳе ин гаронӣ баъд аз танг сохтани нафас ва аз тағйир додани низоми он боиси карӣ ҳам бигардад. Ба амал омадану ором шудани ҳамаи ин ногаҳонӣ бувад. Сарро ҳар чи ки мумкин бошад, рӯй диҳад ва агар субот ба амал ояд, низ ҳамин гуна бошад. Аксар вақт ин гуна [гузариш] аз тариқи ба амал омадани хуроҷ андар буни гӯш зоҳир бигардад. Агар дамидани видоҷҳо, дилзадани гижгоҳиҳо ва сурхии деринаи рухсораҳо давом кунанд, низ [далели ин гузариш] бошанд.
Фасли сездаҳум нишонаи гузариш ба бемории дигар

Ҳар гоҳ бемории тезеро бибинӣ, ки ба наздики марҳалаи пастравӣ қувват бигирад, бидон, ки он роҳи ба бемории деррав табдил шуданро пеш гирифтааст.
Фасли чаҳордаҳум нишонаи бУҳрони хуроҷӣ

Агар қувват дуруст ва нишонаҳо хуб бошанд ва тунукии пешоб муддати дарозе боқӣ бимонад, ин яке аз он
нишонаҳое бошад, ки аз хуроҷ пешгӯӣ кунад, зеро андар ин ҳолат беморӣ аз моддаи дорои гармӣ ба амал хо

ҳад омад. Ҳамчунин, агар бемор аз ғайри буҳрони намоёне, балки аз тариқи гузариш рӯ ба беҳбудӣ ниҳад, сипас бибинӣ, ки ҳар ду шараёнҳои гижгоҳӣ сахт густаришёбанда ва бисёр ҷаҳанда буда, ором нашаванд, рангро гардандаю нафасро афзоишёбанда дарёбӣ ва агар гоҳе бибинӣ, ки сурфаи хушк ҷой дорад, [бидон], ки ҳар киро ҳол чунин бошад, ба хуроҷи пайвандгоҳҳо гирифтор ояд. Андоме, ки ба ҳангоми беморӣ аз ҳама бештар хусусияти арақ кардан дорад, падид омадани хуроҷро аксар вақт андар он бояд интизор шуд. Фасли зимистон ва синни солхӯрдагӣ, чунонки ёд кардем, аз ҷумлаи далелҳои буҳронеанд, ки аз тариқи хуроҷ ба амал ояд, балки гузашта аз ин аз ҷумлаи сабабҳои он низ мебошанд. Хуроҷҳои андар ин ҳангом воқеъшаванда ба зудӣ пазишро напазиранд, вале ба такрор рӯй додани онҳо андар зимистон ва ҳангоми пирӣ камтар бувад, аз баҳри он ки сардӣ муҷиби оромии [хилтҳо] бигардад. Аммо бархе аз [пизишкон] бар хилофи он чи ки мо ҳикоят кардем, изҳори ақида кардааст.
Ҳар гоҳ ба ҳангоми болоравии таб пешоби обакӣ бисёр ояд, далолат бар он кунад, ки андар бахшҳои фурӯсӯви тан дарде падид хоҳад омад. Яке аз далелҳои қавие, ки бар буҳрони хуроҷӣ далолат кунад, ба таъхир афтодани дигар буҳронҳо ва беш аз бист рӯз давом кардани беморист. Агар ба ҳангоми ин гуна бемории деркашанда андар бархе аз ҷойҳо дардҳои ногаҳоние ба амал оянд, пас, чашмдори хуроҷ мебояд буд. Агар ба ҳангоми табҳои аз мондагӣ падидомада [46] на пешоби ситабр, на хуни бинӣ ва на исҳол наоянд, хусусан андар рӯзи буҳронӣ чашмдори падид омадани хуроҷи пайвандгоҳҳо мебояд буд.
Яке аз далелҳои қавии ин буҳрони дероянда он бошад, ки баробари дероии худ на том бувад ва на нишонаҳои дигареро дубора ба худ биоварад. Табҳои аз мондагӣ баамалоянда агар андар рӯзи чаҳорум аз тариқи пешоби ситабр буҳронӣ нашаванд, боиси хуни бинӣ шаванд ва агар [мондагӣ] дер бикашад, хоҳ аз варзиш ба амал омада бошад, хоҳ худ ба худ, боиси хуроҷҳои пайвандгоҳҳое бигардад, ки ба мондагӣ гирифтор шуда бошанд ва ё [хуроҷҳо] ба сӯи ҳар ду дандонхона бигароянд. Лекин хуроҷи андар ҳар ду дандонхона падидоянда аксар вақт ба ҳангоми мондагии аз азҳамкашидагӣ рӯй дода ба амал ояд, зеро (86) мондагии пайвандҳои [он] чандон сахт набошад ва онҳо [моддаро] ба сӯи хеш накашанд, лекин таб [онро] боло барорад ва гӯшти ковок онро бипазирад. Агар мондагӣ ҳаракатӣ бошад, [хуроҷҳо] аксар вақт андар пайвандгоҳҳо ба амал оянд. Бисёр бошад, ки чашмдори хуроҷ шаванд ва нишонаҳо бад-он далолат кунанд, вале худованди он пешоби бисёри ситабр ва сафед бимезад ва бо ҳамин [эҳтимоли хуроҷ] аз байн биравад.
Агар табҳо бо табларзае оғоз ёбанд, ки аз тариқи арақ канда шавад, ба ҳангоми онҳо кам биафтад, ки хуроҷ ба амал ояд. Мисоли ин гуна табҳо таби рӯзафкан ва чаҳоррӯзист, вале ин ба шартест, ки агар модда сахт бисёр набошад. Умуман, табларзаи такрорёбанда ҳар рӯз бо ларзонидани худ моддаи бисёреро ба истифроғ берун кунад ва кам биафтад, ки аз он чизе аз барои хуроҷ боқӣ бимонад. Ин ҳангомест, ки табларза танҳост, вале агар якҷоя бо арақ кардан бошад, чӣ гуна хоҳад буд? Тохтани пешоби ситабр низ хуроҷро бикоҳад.

пешина
аз 1215
навбатӣ