Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Хуроҷҳое, ки ба ҳангоми табҳои деррави давомёбанда ба амал оянд, андар бештари ҳолатҳо андар андомҳои фурӯсӯвин, ба ҳангоми табҳои тезтар андар андомҳои барсӯвин, ба ҳангоми табҳои миёна андар ду бар ва ба ҳангоми лисарғус андар буни гӯш падид оянд. Бисёр бошад, ки аз тариқи ин хуроҷҳо буҳрони пурра ба амал ояд. Омоси шуш бисёр вақт аз тариқи хуроҷҳои пайвандгоҳҳо буҳронӣ шавад.
Фасли понздаҳум ҳукмҳои ин гуна хуроҷҳо

Ҳоли он бахш аз хуроҷҳо, ки падид оянд ва аз ғайри боз шудан ғайб зананд, аз ду берун нест: ё хуроҷ дубора ба шакли аз пештара ҳам бузургтар баргардад, ва ё худи беморӣ боз ояд, ё ин ки модда ба сӯи пайвандгоҳҳо, ё ба сӯи андомҳои дардманд, ё андомҳои мондашуда ва ё андомҳои заиф ронда шавад. Беҳтарини ин хуроҷот онест, ки сабукӣ оварад, баъд аз пазиш ояд, ба сӯи берун сахт майл кунад ва аз андомҳои шариф дур бошад. Он бахш аз ин омосҳо, ки нарм буда, андар зери даст фурӯ равад, зиёнаш камтар аз омоси сахти тез бувад, вале он дер [бипазад], аз баҳри он ки сардтар бувад ва зиёнаш аз баҳри он камтар аст, ки дарди сахт онро ҳамроҳӣ накунад. Агар ҳамроҳи ин гуна омосҳо таб боқӣ бимонад ва онҳо ҳал нашаванд, баъд аз шаст рӯз ва онҳое, ки камтар аз инҳо [сахт] бошанд, андар миёни шаст ва бист рӯз рим кунанд.
Хуроҷҳои аз ҳама камзиёнтар онҳоест, ки андоми мавриди майли онҳо қарорёфта андар фурӯсӯ бошад ва ба изофаи фурӯсӯ ҷой гирифтанаш фурӯмоя ва ба ҳадде кушод бошад, ки ҳамаи моддаро андар хеш биғунҷонад, зеро агар моддаро ғунҷондан натавонад, аз дубора пас гаштани модда бад-он ҷойҳое, ки андар он ҷойҳо табаҳ ҳамегардид, ҳамон ҳоле ориз хоҳад шуд, ки ҳангоми аз тариқи сардифизоӣ пас гардонидани пизишки нодон моддаро чунин ҳол падид ояд. Ҳар гоҳ онро ба ҷои аз он ҷо омадааш пас бигардонанд, ба ҳоле пас бигардад, ки ба сабаби уфунати бар вай рӯйдода ва омадушуд зиёнвариаш афзоиш ёфта бошад ва [беморро] ба ҳалокат бирасонад. Бадтарини хуроҷҳои буҳронӣ онест, ки рӯ ба сӯи андарун дорад ва ё андарун бувад. Лекин беҳтарини ҷойҳо аз барои хуроҷ онест, ки нотавон, дорои бемории деррав ва хусусан андар бахшҳои фурӯсӯви тан ҷойгир буда, хусусияти бисёр арақ кардан дошта бошад. Беҳтарин хуроҷҳо ва аз ҳама камтар боиси кандагии [бемор]шаванда онест, ки сар оварад, чунонки он хуроҷе, ки ғоиб бигардад, аз ҳама бештар ба канда шудани [бемор] далолат бикунад.
Фасли шонздаҳум нишонаҳои воқеъ шудани ташаннуҷ

Агар кӯдакон андар хоб бисёр битарсанд, табиаташон баста бошад, бисёр гиря кунанд ва рангашон ба сурхӣ, сабзӣ ва тирагӣ бигардад, бояд чашмдори ташаннуҷ шуд.
Ин то нуҳсолагӣ рӯй диҳад ва ҳар қадар, ки хурдтар бошанд, имконияти падид омадани он ҳамон андоза бештар бошад. Аммо андар барноён бошад, ҳар гоҳ ба ҳангоми таби тез чашмҳояшон каҷ бишавад, бисёр мижа ба ҳам бизананд, гардану рӯйҳояшон тофта шавад ва би

сёр дандон ба ҳам бизананд, бар падид омадани ташаннуҷ ҳукм бикун. Бисёр бошад, ки ба сабаби таб ва аз ғайри таб дардҳои гардан ва саргаронӣ ба муддати дароз давом кунанд ва агар [ба изофаи он] хусусан ба наздикиҳои ин ҷойҳо ягон омоси гарм ҷой дошта бошад, ба таври қатъӣ бар [ташаннуҷ] ҳукм бикун.
Фасли ҳафдаҳум нишонаҳои воқеъ шудани табларза

Ҳар гоҳ ба ҳангоми таби тез бибинӣ, ки нишонаҳои саломатӣ ва нишонаҳои буҳрони хуб ҷой доранд ва пешоб кам ҳамеояд, бидон, ки табларза падид омада, аз тариқи он буҳрон зоҳир бигардад. Ин ба шартест, ки агар шикамрави беш аз ҳадди эътидол ҷой надошта бошад, лекин шикамрави муътадил ҷой дошта бошад, пеши табларзаи мавриди чашмдоштро нахоҳад гирифт. Бисёр бувад, ки аз паси [табларза] арақ ояд, зеро табларза ба ҳангоми бемориҳои тези сӯзон пешоҳанги арақ бувад.
Фасли ҳаждаҳум нишонаҳое, ки ба бУҳрони хуб далолат кунанд

Бидон, ки беҳтарин нишонаҳои буҳрони некӯ (87) он аст, ки бояд пазиш пурра ба анҷом расида бошад, сипас буҳрон андар яке аз рӯзҳои буҳрони сутуда, ки мо онҳоро баъд ёд хоҳем кард, ба амал ояд, пеш аз ин яке аз рӯзҳои огоҳидиҳандаи муносиби буҳрон аз он огоҳӣ дода бошад, аз тариқи истифроғ ба амал ояд, на аз тариқи гузариш ва на хуроҷ ва бояд истифроғи он аз хилти баамаловарандаи беморӣ ва ба ҷиҳати муносиб буда, ба осонӣ бигузарад.
Гоҳе хуб будани буҳронро табиати беморӣ ё аз ҷиҳати навъи худ, чунончи агар таби рӯзафкан ва ё таби сӯзон буҳрони муносибе ба амал орад ва ё аз ҷиҳати ҳолатҳои худ, чунончи агар ҳоли қуввату набз ба ҳангоми [табҳои ёдшуда] ба таври боиста бошад, тақвият бидиҳад. Ҳолати қувват ва ҳолати набз андар соатҳои [зуҳури] нишонаҳои душвор агар қавӣ ва устувор бошанд ва хусусан агар қувват рӯ ба афзоиш буда, ноҳамворияш рӯ ба костану ҳамворшавӣ бошад, ин шоҳсутуне бувад, ки бинои коргузорӣ бар он ниҳода шавад. Дарёфтани осудагию сабукӣ [баъд аз буҳрон] пуррасозандаи ин нишонаҳост.
Бидон, ки ҳар гоҳ нишонаҳои бад гирд оянд ва он рӯз рӯзи буҳронӣ бошад, умеди некӣ аз он қавитару дурусттар аз хилофи он бувад ва бояд бад-он эътимод кард. Бисёр бошад, ки нишонаҳои бимнок бузургтар шаванд, вале набзро бибинӣ, ки рӯ ба беҳӣ, ҳамворӣ ва қавӣ шудан дорад.
Бидон, ки ҳар гоҳ каси хубахлот бемор шавад ва аз бози беморӣ андар пешобаш пазиш зоҳир бигардад, ин туро осудагӣ бахшад ва ҳар боре, ки нишонаҳои бимнок падид оянд, бояд аз онҳо хушнуд шуд, зеро буҳрон наздик аст.
Фасли нуздаҳум нишонаҳое, ки бар буҳрони бад далолат кунанд

Асосу сарчашмаҳои инҳо он аст, ки онҳо мухолифи нишонаҳои хуби ёдшуда бошанд ва мисолаш он аст, ки буҳрон пеш аз марҳалаи анҷом ва пазиш ба ҳаракат ояд, ин ро Буқрот «миёнбуркунандаи роҳ» номидааст ва сабаби бадии онро донистӣ, – ва бояд андар рӯзи ғайри буҳронӣ ба амал омада, баробари он набз ба афтидану хурд шудан оғоз кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ