Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бидон, ки агар нишонаҳои буҳрон пеш аз марҳалаи анҷом ва пазиш зоҳир шуда, аз паси онҳо истифроғи фаровоне рӯй диҳад, бад-ин набояд саргарм шуд, зеро ин ба сабаби бисёрии [модда] буда, [табиат] онро аз ғайри тадбире андешидан ба иллати аҷзи худ берун рондааст.
Ҳамчунин аз сабукие, ки бемор аз ғайри ягон истифроғи намудоре дарёбад, низ набояд биболид, зеро иллати ин ором будани модда аст, на хубии он. Балки бисёр бошад, ки модда бипазад, вале табиат ба сабаби нотавонии хеш аз рондани он оҷиз ояд.
Фасли бистум ҳукмҳои нишонаҳое, ки бар буҳрони бад далолат кунанд

Ҳар гоҳ нишонаҳои баде аз қабили адами пухтагӣ, на ба ҳоли боиста будани он ва дигар нишонаҳои бад бо ҳам ҷамъ омада, аз онҳо ба марги бемор ҳукм бароварда шавад, чунин ҳукм мавқуф ба зуд ва ё дер донистани чизе аз сабабҳои пешгузаштаи буҳрон бувад, ки мо [ин сабабҳоро] ёд кардем. Мисоли ин чунин аст, ки агар нишонаҳо бад бошанд, шини пешоб сиёҳ бошад ва дигар [нишонаҳо] ҷой дошта, ҳамаи ин андар рӯзи чаҳорум зоҳир бигардад ва агар сабабҳои пешомадаи ёдшуда муҷиби марг бошанд, марг ё андар рӯзи ҳафтум ва ё шашум фаро бирасад.
Фасли бисту якум нишонаҳои пухтагӣ ва ҳукмҳои он

Пухтагиро аз тариқи пешоб бишиносанд ва шарҳи ин андар ҷои хеш оварда шуд. Агар пешоб бидуни шин бошад, набояд ба сахт рангин будани он фирефта шуд, зеро он на ба сабаби пухтагӣ чунин аст. Набудани пухтагӣ аз ҷиҳати қивом зиёнвартар аз [адами пухтагиест], ки аз ҷиҳати ранг бувад, аз баҳри он ки ба сабаби қивом модда барои ба сахтӣ ва ё осонӣ ронда шудан омода ҳамегардад. Агар нишонаҳои пазиш баробари оғоз ёфтани беморӣ зоҳир бигарданд, беморӣ бе ҳеҷ шубҳа неканҷом бошад, вале агар ба таъхир биафтанд, на ҳамеша аз он хатарнок будани [беморӣ] воҷиб ояд ва бисёр биафтад, ки ба дарозо бикашаду бехатар бошад ва [андар ин ҳангом] ногузир бояд ба дарозо бикашад. Ҳар бор, ки буҳрони хуб ба амал ояд, пазиш ҳам ҷой дорад, вале на ҳар бор, ки пазиш бошад, буҳрон ба амал хоҳад омад, балки бошад, ки беморӣ аз тариқи ҳалшавӣ бигузарад.
Бидон, ки баробари падид омадани пазиш табро шиддатёбӣ ба амал наояд, чунонки баробари пухтани омос дарди сахт ҷой нахоҳад дошт. Агар пазиш ба таъхир биафтад ва аразҳоро хубу қувватро устувор дарёбӣ, чашмдори ба амал омадани [пазиш] бош.
Фасли бисту дуввум ҳукмҳои нишонаҳо ба таври мутлақ

На ҳар гуна дигаргунии ба якборагӣ чи андар ранг ва
чи андар [47] ламс баамалоянда бад бувад, балки бисёр

биафтад, ки бар хубии бузурге ва бар буҳрони судманде далолат кунад. Баръакс, баробари он ҳоли танро бояд бидид, ки баъд аз он чӣ гуна шавад. Он чи аз нишонаҳои (88) пажмурдагӣ, ки ба сабаби бехобӣ, мондагӣ, варзиш ва исҳол андар намуди зоҳирӣ, рӯй ва дасту пойҳо биафтад, некфарҷом буда, миёни ду-се рӯз ба ислоҳ ояд.
Аммо оне, ки ба сабаби сӯхтан ва аз пой афтидани қувват ба амал ояд, бад бувад.
Фасли бисту севвум зикри нишонаҳои хуб

Нишонаҳои хуб ин аст, ки ҳангоми беморӣ агарчи аразҳояш шиддатнок бошад ҳам, бурдборӣ карда шавад ва баробари он қуввату намуди зоҳирӣ устувор бимонанд, набз қавӣ, шиддатнок ва бо низом бошад, нишонаҳои пазиш зоҳир бигарданд, буҳрон некфарҷому нишонаҳояш хуб бошанд, пас аз истифроғ сабукӣ ҳис карда шавад ва баробари он набз рӯ ба беҳӣ биниҳад. Баъд аз истифроғ падид омадани фарошо яке аз нишонаҳои хуб буда, бар канда шудани тафс ва бар падид омадани сардӣ аз паси канда шудани модда далолат кунад. Истифроғи аз ҳама беҳтар он аст, ки аз қабили хилти ранҷовар буда, ба осонӣ ва бевосита ба амал ояд.
Бидон, ки пойдории қувва бо вуҷуди нишонаҳои бад муҷиби умедворист ва ба ҷой будани ҳуш, хубии нафаскашӣ ва ба осонӣ аз сар гузаронидани ҳолатҳои бимноке, ки вайро ногаҳон рӯй бидиҳанд, низ ҳамчунин буванд. Дарёфтани сабукӣ баъд аз хоб нишонаи хуб аст.
Яке аз нишонаҳои хуб иштиҳои муътадил, хуб пазируфтани ғизо ва суд дидан, қувват гирифтан ва ҷоннок шудан аз он мебошад. Дигар аз нишонаҳои хуб ин аст, ки нафаскашӣ хубу осон бошад. Намуди зоҳирии табиӣ, ба ҳоли табиӣ дароз кашидан, хоби табиӣ ва андар [ҳамаи] андомҳои тан яксон будани гармӣ аз ҷумлаи нишонаҳои хуб ба шумор бираванд.
Бидон, ки нишонаҳои хуб баробари дурустии қувват бар зуд шифо ёфтан ва баробари нотавонии он бар дер шифо ёфтан далолат кунанд.
Фасли бисту чаҳорум ҳукмҳои нишонаҳои бад

Бидон, ки нишонаҳои баде, ки ба ғоят бад буванд, аз
марг огоҳӣ диҳанд. Агар қувват қавӣ бошад, беморӣ дер
кашида, сипас [беморро] ба ҳалокат бирасонад, вале агар
заиф бошад, [беморӣ] аз ғайри тӯл кашидан [беморро]
бикушад. Бисёр бошад, ки нишонаҳои ҳалокатоваре андар рӯзҳои бади [беморӣ] падид оянд, вале сипас буҳрони хуб рӯй диҳад ва ё модда ба ягон андоме гузашта, бо
ҳамин [бемор] ҷон ба саломат бибарад. Бояд ба нишонаҳои хуб ба ҳангоми марҳалаи анҷом бовар кунӣ ва агар
нишонаҳои ҳалокатовар пешдастӣ кунанд, аз онҳо бимнок бош, вале то агар қувватро афтанда наёбӣ, оид ба онҳо
ҳукм набарор. Афтидани қувват худ ба танҳоӣ нишонаи
бад аст. Сипас ҳангоми бемориҳои тезе, ки саргаҳи онҳо
ягон андоми муайян аст, чунонки сина нисбат ба барсом ҳамин гуна бувад, бояд ҳар чиро, ки аз ҳолатҳои ин
андом аст, ба эътибор бигирӣ, зеро онҳо бештар аз ҳолатҳои дигар андомҳо далолаткунанда буванд. [Маса лан], пухтагии балғам ба ҳангоми барсом бештар аз пухтагии пешоб бар саранҷоми нек далолат кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ