Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Пизишки бофаросат агар андар рӯй, чашм ва ғайра ягон ҳайъати ғайри табииро ба ҳасби [қонуни] бештарӣ бибинад, бояд нахуст кӯшиш бикунад бидонад, ки оё он ба ҳасби он шахс табиист, ё не ва набояд ҳатто ба ҳангоми набз ҳам зуд ҳукми қатъӣ барорад. Низ, бояд бидонад, ки он оё аз сабаби беморӣ рӯй додааст ва ё аз ягон сабаби беруние, зеро бисёр бошад, ки масалан, бар рӯи забон ранги бад ва дуруштии ба ифрот падид ояд, вале он ба сабаби хӯрдани ягон чизе бошад, ки чунин таъсир бахшад, на ба сабаби беморӣ.
Фасли бисту панҷум зикри нишонаҳои бад

Нишонаҳои бад ба ҳасби ҳар як андом ҳар гуна буванд ва беҳтар он аст, ки ҳар кадоми он ба тафсил ёд шаванд.
Фасли бисту шашум нишонаҳои баде, ки ба намуди зоҳирӣ ва ранг алоқаманданд

Агар намуди зоҳирии каси зинда чун намуди зоҳирии мурда буда, на аз бехобӣ, на аз гуруснагӣ ва на аз истифроғ вобаста набошад, ин нишонаи бад аст. Рӯи шабеҳ ба рӯи мурда ва бар хилофи рӯи тандурустон буда, яъне он рӯе, ки андар он чашмон фурӯ рафта, бинӣ борик ва гижгоҳиҳо пахшшуда бошанд, гӯшҳо фишурдаю сард ва нармаи онҳо бозгуна буванд, пӯсти рӯй аз ҳам кашида, ранги рӯй тира, ё сиёҳ ва ё сабз шуда бошад ва бар вай ғубор, хусусан [ғубори] шабеҳ ба ғубори пунбаи азҳамбозкарда нишаста бошад, ин нишонаи марги зуд фарорасанда аст. Бидон, ки ҳар гоҳ каси тандурусти кам ба беморӣ гирифтороянда бемор бигардад, ин далели хатарнок бувад.
Ҳар чи аз ин дигаргуниҳо, ки ба сабаби ғайри беморӣ ба амал омадааст, зуд ва ҳатто андар як шабонарӯз ба ҳоли табиӣ баргардад, вале бахши дигар, ки ба сабаби беморӣ бошад, яъне оне ки нишонаи бад аст, чандон ба осонӣ ба ислоҳ наояд, (89) вале оне аз бахши якумӣ, ки агар ба сабаби гуруснагӣ, истифроғ, бехобӣ ва дигар чизҳои ҳамроҳи инҳо ёдшуда ба амал омада бошад, низ хуб нест, лекин беш аз дигарӣ неканҷомтар бувад. Агар ин [дигаргунӣ] ба ҳангоми бемориҳои тез иттифоқ биафтад, бад буда, бар фирӯзии беморӣ далолат кунад, вале бо вуҷуди ин неканҷомтар аз он дигаргуние бошад, ки ҳангоми бемориҳои тез ба сабаби беморӣ рӯй диҳад, на ба сабаби он ёридиҳандагони [ёдшуда]. Ҳамчунин бояд фарқи он нишонаҳоеро донист, ки аз қабили борик шудани рӯй ва гардидани ранг буда, ё ба сабаби фасодиоварии беморӣ ва ё ба сабаби бехобӣ ва истифроғ падид омада, чандон боке надоранд.
Ҳамчунин он чи аз инҳо, ки мо андар боби чашм ёд хоҳем кард, агар ба сабаби бехобӣ ба амал омада бошад, баробари он пилкҳоро гарону моил ба хоб рафтан ва набзро сахт думодум биёбӣ ва пеш аз он [бемор] бехобии ранҷоваре кашида бошад. Ба ҳангоми он бахш аз [дигаргунӣ], ки ба сабаби исҳол ба амал омадааст, исҳолеро дарёбӣ, ки пеш аз он ва ба ифрот рӯй дода бошад ва

ба ҳангоми он чи ки аз гуруснагӣ [бихезад], бибинӣ, ки он ба тадриҷ, на якбора падид ояд. Яке аз далелҳое, ки аз сабаби беморӣ ба амал омадани ин [дигаргуниро] тақвият диҳад, набудани сабабҳои [ёдшуда], шиддат ёфтани тезии таб ва дарёфтани чизҳое буванд, ки ҳангоми ламс кардан мисли шарораҳо ба даст бизананд.
Якбора зард шудани ранг нишонаи нохуб ва якбора сиёҳ шудани он нишонаи бад бувад. Бадтарини инҳо сиёҳ шудан мебошад, зеро он аксар вақт бар марги гармии модарзодӣ далолат кунад ва баъди он тирагӣ биистад. Зард шудани ранг хуб нест, лекин неканҷомтар бувад, аз баҳри он ки вай гоҳе аз сабаби гармӣ ба амал ояд, на ҳамеша аз сабаби сардӣ. Бошад, ки он аз сабаби бехобӣ, ё гуруснагӣ ва ё дард падид омада, неканҷом бувад. Агар андар пешонӣ ва бинӣ ожангҳо зоҳир бигарданд, ин нишонаи бад нест.
Фасли бисту ҳафтум
НИШОНАҲОЕ, КИ АЗ САРДАРД БИГИРАНД

Агар сардард давом кунад, қувват заиф ва беморӣ тез бошанд ва агар андар ин миён нишонаҳои бад ҷой дошта бошанд, пас, беморӣ кушанда бувад, вале агар чунин набошад, то рӯзи ҳафтум чашмдори ба амал омадани хуни бинӣ ва баъд аз ҳафтум чашмдори омадани ягон чизе аз бинӣ ва ё гӯш бояд буд. Агар то бист рӯз бикашад, кам биафтад, ки аз тариқи хуни бинӣ ҳал шавад, валекин аз тариқи омадани зардоб аз бинӣ ва гӯш ва ё аз тариқи хуроҷе, ки хусусан андар фурӯсӯ падид ояд, бартараф хоҳад шуд. Бештари касонеро, ки андар оғози беморӣ сардард ба амал ояд, андар рӯзи чаҳорум ва панҷум ин [сардард] сахт шуда, андар рӯзи ҳафтум канда шавад.
Аксар вақт, ки сардард падид ояд, андар рӯзи севвум падид ояд ва андар панҷум сахт шуда, андар нуҳум ва ёздаҳум канда шавад. Гуфтаанд, ки агар [сардард] андар рӯзи даҳум [канда шавад], ин ба қиёс рӯзи ҳафтуме бошад, ки баъд аз севвум ояд, лекин рӯзи буҳрон набошад.
Ин гуфта ба наздики ман беҳуда аст, зеро ҳисоб бар ин қабил нест. Агар сардард андар рӯзи панҷум оғоз ёбад ва сурати ҳол ба тавре ки мебояд, бигузарад, андар рӯзи чаҳордаҳум канда хоҳад шуд. Аксари ин гуна сардард, ки падид ояд, ба ҳангоми таби рӯзафкан падид ояд.
Фасли бисту ҳаштум нишонаҳои баде, ки аз тариқи ҳисс гирифта шаванд

Ҳар гоҳ бемор набинад ва нашунавад, ин нишонаи бад аст. Агар ӯ аз садоҳо, бӯйҳо ва рангҳои қавӣ бигурезад, низ нишонаи бад буда, бар нотавонии рӯҳи нафсонӣ далолат кунад.
Фасли бисту нуҳум нишонаҳое, ки андар чашм падид оянд

Фурӯ рафтани чашмон ва андар хеш кашида шудани
онҳо агар на ба сабаби исҳол, бехобӣ ва гуруснагӣ бошанд, нишонаи хуб нест. Тирагии сафедии чашм ва ба
сурхии арғавонӣ ва осмонгунӣ гароидани он нишонаи
бад бувад. Хурд шудани яке аз ду чашм ба ҳангоми бемориҳои тез, сарсом ва монанди он нишонаи сахт бад бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ