Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар бемор чизеро дидан натавонад, ин нишонаи ҳалокатовар аст. Печидаву коҷ шудани чашм ба ҳангоми бемориҳои тез нишонаи бад буда, агар ин коҷӣ фақат аз сабаби ташаннуҷи хоси мушаки чашм на аз офати мағз рӯй дода бошад, нишонааш ин аст, ки ба ҳангоми он парешонақлӣ ва монанди он мушоҳада нахоҳад шуд.
Аммо нишонаҳое, ки онҳоро аз тариқи чизҳои андар пеши назар дидашаванда ва тобанда бигиранд, ба таври зерин аст: Тобиши сиёҳ аксар вақт бар қай ва сурхи барқзананда бештар бар хуни бинӣ ва бар майл доштани хун ба барсӯ далолат кунанд ва бар ҳар як аз ин [ҳолатҳо] далелҳои дигар [низ] гувоҳӣ бидиҳанд. Бе ихтиёр рехтани ашк хусусан аз як чашм нишонаи бад бувад, вале (90) ин ба шартест, ки андар он ҷой нишонаи буҳрони аз тариқи хуни бинӣ баамалоянда ва офият мавҷуд набошанд ва дигар нишонаҳои хуни бинӣ ҳамроҳи дигар нишонаҳои некфарҷомӣ бад-он далолат накунанд. Бояд [ҳолатҳои] ашк аз қабили камию бешӣ, тунукию ситабрӣ, гармию сардӣ ва бо ихтиёр ва ё бе ихтиёр ҷорӣ шудани он таҳқиқ карда шаванд. Кебидани чашм аз рӯшноӣ нишонаи хуб нест ва агар торикидӯстдории он шиддат ёбад, [беморӣ] кушанда хоҳад буд. Ин ба шарти набудани азҳамкашидагию [48] дард аст, зеро андар адами инҳо [торикидӯстдорӣ] ба сабаби афтидани қуввати рӯҳи нафсонӣ ба амал ояд.
Аз ғайри ҳаракату мижа задан ба як нуқта чашм дӯхтан бад аст. Бисёр вақт оҳиста-оҳиста хинб гирифтани чашм низ бад аст ва хинби бисёр хушк нишонаи бад буда, ин гуна хинб аз он сабаб зода шавад, ки қувваи модарзодии чашм моддаро пазонидан натавонад. Бинобар ин баробари бисёр шудани он чунин ҳис карда шавад, ки чизе андар чашм афзоишёфта орзуи баромадан дорад. Гуфтан раво нест, ки ин ба сабаби бисёрии рутубати ба сӯи чашм тарованда ба амал меояд ва он [рутубат] ба қадрест, ки табиат аз пухтани он оҷиз ояд, зеро андар ин ҳангом чашм хушкидаи андарун нишаста буда, нишонаҳои хушкӣ ҳувайдоанд ва бад-он сабаб аст, ки ин хинб зуд бихушкад.
Яке аз нишонаҳои бад-ин муносабат дошта он аст, ки бар ҳадақа андар ҳоли боз будан чизе чун бофтаи тортанак ҷамъ шавад ва сипас ба сӯи мижаҳо хамида, ба хинб табдил ёбад. Ин пайваста ҳамин гуна рӯй диҳад ва он далели наздик будани марг бошад. Шиддати сурхии чашм ва боқӣ мондани он низ ба ҳангоми тезии таб бад буда, ба омоси гарми мағз ва ё даҳони меъда далолат кунад.
Ҳар гоҳ [сурхӣ] ба ранги товусӣ ва осмонгунӣ табдил ёбад, боз ҳам бадтар бувад. Барҷастагии чашм низ ҳамчунин аст. Бисёр барқ задани пеши чашм далели бад буда, гоҳе ба сабаби моддаҳои гарми бисёр ва омосҳои ноҳияҳои мағз рӯй диҳад. Аз ғайри одат боз мондани пилкҳо ба ҳангоми хоб нишонаи нохуб аст ва хушкии пилкҳо далели бад бувад. Агар чашм ба ҳангоми бедорӣ кушода истода, ҳатто аз наздик бурдани ангушт ба сӯи он мижа назанад, ин далели марговар будани [беморист].
Ба шиддат боз шудани чашм низ баробари ҳазён гуфтану нотавонӣ [нишонаи] марг аст. Гуфтаанд, ки ҳар киро андар зери чашмаш табише чун наски сафед падид ояд, андар рӯзи даҳум бимирад. Ин гуна [беморро] иштиҳои ширинихоҳӣ падид ояд.

Фасли сиввум
нишонаҳое, ки аз тариқи бинӣ бигиранд

Каҷ шудани бинӣ бад аст ва ба наздик омадани марг далолат кунад, зеро сабаби он ташаннуҷи бади қаттол мебошад. Паҳн гардидани он низ бад аст. Ҳангоми нафас кашидан танҳо ба бинӣ ва сӯрохҳои он эътимод кардани бемор нишонаи бад бувад ва агар аз нафасаш бӯи мушк, ё равғани гов ва ё гил ояд, низ ҳамчунин бувад. Чакидани оби зард аз бинӣ ба ҳангоми табҳои тез гоҳе аз наздик омадани марг гувоҳӣ диҳад. Агар бемор аз доруҳои атсаовар атса назанад, далели марг ва бекор шудани ҳис бувад. Агар аз буридану харошидан бемор хуни бинӣ нашавад, низ ҳамчунин бошад. Пайваста бо ангушт бидуни сабабе бинӣ кофтани бемор, мисли ин ки пок мекарда бошад, нишонаи хуб нест ва омадани об аз бинӣ бад бувад.
Фасли сиву якум нишонаҳое, ки аз сӯи гӯш ба даст оранд

Хушкидан ва бозгуна шудани нармаи гӯш ва кашида шудани садафи он нишонаи бад аст. Гуфтаанд, ки агар чирки гӯш ширин ояд, ба наздики Ҷолинус бад ва ба наздики пизишкони пешин ҳалокатовар бувад. Падид омадани дарди гӯш ҳангоми таби тез хатарнок аст ва агар аз гӯш чизе ҷорӣ шуда, он [дард] ором нашавад, [беморро] ба ҳалокат хоҳад расонд. Ин ҳолат пиронро бошад, вале барноён ба сабаби шиддатнокии ҳисси худ пеш аз равон шудани [чирк] бимиранд.
(91) Фасли сиву дуввум нишонаҳое, ки аз сӯи дандонҳо бигиранд

Ба ҳангоми табҳои тез ба ҳам задани дандонҳо, гӯё ки худованди онҳо чизе мехӯрда бошад, нишонаи хуб нест.
Гуфтаанд, ки агар ба ҳангоми табҳо дандонҳои бемор бо [моддаҳои] часпак пӯшида шаванд, далолат бар шиддат ёфтани таб кунад, зеро ин далели гармии шиддатнок ва моддаи часпаки дер ҳалшаванда бувад. Агар беморонро ҳар замон аз ғайри одат [майли] пок кардани дандон пайдо шавад, ин далели нохуб бошад. Ба ҳам совидану хоидани дандонҳо аз ғайри одат гоҳе аз девонагӣ огоҳӣ диҳад ва агар пеш аз он девонагӣ падид омада бошад, ин бар ҳалокати бемор далолат хоҳад кард, вале [ин ҳукм] на касеро бошад, ки ба иллати заъфи мушакҳои манаҳ одати дандон хоидан дорад ва аз андак сабабе дандонҳояш ба ҳам бизананд. Сабз шудани дандонҳои пеш нишонаи бад аст.
Фасли сиву севвум нишонаҳое, ки аз ҷиҳати забон, даҳон ва [андомҳои] бад-онҳо алоқаманд бигиранд

Сиёҳ шудани забон ба ҳангоми бемориҳои тез аксар вақт нишонаи бад бошад ва хушкидани даҳону оби даҳон хуб нестанд. Агар [даҳон] нахуст бихушкад, сипас ба ҳангоми анҷоми [беморӣ] дурушт шуда, баъд аз он сиёҳ бигардад, ин хусусан андар рӯзи чаҳордаҳум кушанда бувад.
Бидон, ки ба шиддат бадбӯй шудани даҳон ба ҳангоми бемориҳои тез далели ҳалокат аст, аз баҳри он ки ин бар табоҳии ҳамаи хилтҳо гувоҳӣ диҳад.

пешина
аз 1215
навбатӣ