Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар як лаб аз ғайри ба офариниш чунин будан бар фарози дигарӣ бошад, нишонаи бад аст ва каҷ шудани лаб ба ҳангоми табҳои тез низ бад бувад. Кафидани лабон ҳангоми табҳо бар афрӯхтагии беандоза далолат кунад. Афсурдагии сардии онҳо бад аст. Боз мондани даҳон ба ҳангоми бемориҳои тез далели бад бувад.
Ба ифрот хушк будани забон нишонаи нохуб аст. Гуфтаанд, ки агар ба ҳангоми таби тез бар рӯи забон чизе мисли нахӯди сиёҳ ва ё чун донаи беданҷир бирӯяд, пас, марг наздик бошад ва чунин [беморро] ба чизҳои гарм иштиҳо пайдо шавад. Дуруштии забон ва ё хушкии он далели барсом бувад. Андар дуруштии забон ва дигаргун шудани ранги он хуб тааммул кун, то сабаби он ягон чизи рангинкунанда набошад. Бидон, ки хилти ғолиб ба ҳама гуна ҳолат то агар бо гавҳар ва ё бухори хеш аз бархе андомҳои анбоз ба сӯи забон барнаояд, онро рангин нахоҳад кард.
Фасли сиву чаҳорум нишонаҳое, ки аз ҳолатҳои гулӯ, сурхной ва ноҳияҳои онҳо ба даст оянд

Ногаҳон гирифтани гулӯ на андар рӯзи буҳрон нишонаи бад аст ва гирифтагии бе кафк сабуктар бувад, зеро кафк танҳо ҳангоме ояд, ки тафси дил ба дараҷаи бекор сохтани кори шуш ва ҳиҷоб расида бошад ва онҳо нафасро рост фиристодан натавонанд. На ин ва на омоси гулӯ ҷуз ба сабаби ягон кори бузурге ба амал наоянд. Бисёр вақт, балки аз ҳама бештар ин ба сабаби [бемориҳои] мағз рӯй диҳад. Умуман, агар ба ҳангоми таби навбатӣ хуноқҳои душвор рӯй диҳанд, пас, марг сояафкан шуда бошад, чаро ки дил ба сабаби шиддати гармӣ насими бисёр тақозо кунад, вале роҳи он баста бошад ва бинобар он дил аланга гирифта, бадмизоҷияш ба ифрот бирасад ва дигар таҳаммули зистан накунад.
Каҷ шудани гардан ба тавре ки монеи фурӯ бурдан бигардад, низ ҳамчунин бувад. Ин ба сабаби ё беҷой шудани муҳраҳо ва ё шиддат ёфтани хушкӣ ба амал ояд ва ба ҳангоми таб аз ин ду бадтар чизе нест. Низ, агар бемор ҷуз ба сахтӣ чизеро фурӯ бурдан натавонад, далели бад бошад ва агар обро фурӯ бурданӣ шавад ва он аз бинӣ берун ояд, ин ҳам ҳамчунин бошад. Низ, агар бемор ҳар доим оби даҳон фурӯ бурдан бигирад, далели нохуб аст.
Фасли сиву панҷум нишонаҳое, ки аз тариқи меъда ва даҳони он гирифта шаванд

Ҳукак ба ҳангоми бемориҳои тез ва хусусан пас аз исҳол бад аст. Ҳамчунин, афрӯхтагии меъда ва хафақони меъдавӣ баробари гармии таб бад буванд.
Фасли сиву шашум нишонаҳое, ки аз тариқи андомҳои нафасгирӣ ҳосил шаванд

Нафаси сард ҳангоми бемориҳои тез бад буда, ба марги гармии модарзодӣ далолат кунад. Нафаси ноҳамвор ва
нафаси шабеҳ ба нафаси канда-кандаи каси гирякунанда,
ки [ҳар замон] ҳаво фурӯ бибарад, низ бад буванд. Ҳамчунин, бад нафас гирифтане, ки ба сабаби парешонии ақл

рӯй диҳад, бад аст ва оне, ки ба сабаби омосҳои андар ноҳияҳои сина ҷойдошта ба амал ояд, боз ҳам бадтар бувад. Касони марг фарорасидаро шикам бидамад ва пайдарпаю суст ва чун ба боло барояндагон нафас бигиранд.
Фасли сиву ҳафтум нишонаҳое, ки аз истирхои тан, бад дароз кашидан бар пушт ва нотавонӣ гирифта шаванд

Истирхои тан, бад дароз кашидан бар пушт ва нотавонӣ гоҳе ба сабаби бисёр будани хилтҳои ситабр андар андомҳои дарунӣ, гоҳе ба сабаби хушкии тамоми тан ва сахт коҳиш ёфтани хилтҳо ва гоҳе ба сабаби бе андоза нотавон шудани қувваи мушак ба амал оянд. Далели фарқкунандаи (92) миёни инҳо фарбеҳ ва ё лоғар будани тан нест, чунончи гурӯҳе ҳамин тавр пиндоштаанд, зеро бисёр бошад, ки андомҳои дарунӣ бо рутубатҳо пур бошанду тан лоғар ва бисёр бошад, ки қувваҳои мушакҳо нотавон бигарданду вале тан фарбеҳ. Баръакс, нишонаи ин ҳамаи он чизҳое бошад, ки андар ҷойҳои дигар гуфта омаданд.
Фасли сиву ҳаштум нишонаҳои баде, ки аз сӯи ҳайъати хобравӣ бигиранд

Бар ҷойхоб на бар ҳайъати одатӣ, балки бетартиб ва берун аз одат хобидан хусусан ҳангоме нишонаи бад бошад, ки бемор андак-андак аз ҷои хоб ба як сӯ билағжад ва ҳар бор, ки ӯро рост намуда, бар ҳайъати хуб бихобонӣ, боз бар пушт бигардад ва аз ғайри ҷой доштани гармии бисёр намоёне майлаш ба кушода доштани дасту пойҳо буда, онҳоро на ба шакли табиӣ ба ҳар сӯй афканад. Сабаби ин андӯҳи бузург аст. Андар ин ҳангом низ бояд як чизро ба назар гирифт: гоҳе мумкин аст одам фарбеҳи гаронтан ва [мушакҳояш] зуд сустшаванда буда, ба ҳангоми тандурустӣ ҳамеша бар ҳамин гуна ҳайъат хобиданро дӯст дорад ва мумкин аст ягон дарде монеи аз ғайри бар пушт хобидани ӯ бигардад. Андар ин ҳолат ин низ [49] бими чандон бузурге надорад.
Ҳар гуна ҳайъати ғайри одатие аз қабили бар пушт хобидан, дароз кашидан ва ғайра, ки [беморро] ба ҳоли тандурустӣ ҷой надошта бошанд, ба ҳангоми бемориҳои тез бад бувад.
Бидон, ки бар пушт хобиданро дӯст доштан ё ба сабаби бисёрии хилтҳои андомҳои дарунӣ аст, ё ба сабаби хушкидану ҳал гардидани хилтҳо, ки аз он мушакҳо нотавон бигарданд ва ё ба сабаби нотавоние бувад, ки аз ягон ҷиҳати дигар мушакҳоро ориз бигардад. Агар [бемор] бар паҳлу, бар пушт ва бар дигар ҳайъат хобидан натавонад, баръакс, хоҳони нишастан бошад, ин далели бад аст ва аксар вақт ин ҳолат ба нафасгирӣ вобаста буда, ҳангоми бар паҳлу хобидан ба иллати ҷой доштани омосҳо ва офатҳое андар андомҳои нафасгирӣ, ки ҳоли онҳоро андар [бобҳои] гузашта донистӣ, нафас наояд. Аз мардумон безорӣ кардан ва рӯ ба девор хобидани [бемор] далели нохуб аст ва майли бар шикам хобидан кардан аз ғайри одат бад бувад, зеро ин ё аз сабаби парешонақлист ва ё аз сабаби дарди шикам. Бо [тани] тар бар паҳлу хобидан сутуда аст ва ин касе бошад, ки пайвандгоҳҳояш қобили зуд хам шудаанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ