Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли сиву нуҳум
нишонаҳое, ки аз тариқи пӯст бигиранд

Агар пӯст ба андозае бихушкад, ки чун онро бикашӣ,
дубора ба ҷои худ бар нагардад, ин далели бад бошад. Ба
изофаи нафаси сард баровардан агар аз пӯст бухори гарм
берун ояд, ин далели ҳалок шудан аст ва сабаби ин ҷуз
ба фано расидани гармии дил чизе нест.126
Фасли чиҳилум
нишонаҳое, ки аз ҳолатҳои шикам
ва ноҳияҳои сари устухонҳои паҳлу
гирифта шаванд

Бидон, ки дамиш овардани шикам ба ҳангоми бемориҳои тез, кам гуворидани он, хусусан ҷой доштани шикамрав ва алалхусус рӯ задани табишҳои паҳни тирагун [бар шикам] нишонаи марг аст. Аз ҳам кашида шудани сари устухонҳои паҳлу ва як бари онҳо назар ба дигараш баромадатар будан бад бувад. Низ баромадатар будани як бар аз баре ҳамин тавр бошад, ки андар баромадагию фурӯрафтагӣ ва инчунин андар эҳсоси нармию сахтӣ додани худ ба ҳангоми ламс ҳамтои ӯст. Агар мароқ на аз сабаби бод бидамад ва ба изофаи он шоху хушк бошад, пас, андаруни он омос аст, вале на андар худи он, вагарна хушк намешуд. Агар аз ҳам кашида шудани сари устухонҳои паҳлу дардмандона бошад, пас, модда моил ба фурӯсӯст, вале агар бе дард бошад, пас, модда майл ба барсӯ дошта бошад.
Фасли чиҳилу якум нишонаҳое, ки аз тариқи мақъад бигиранд

Бидон, ки худ ба худ баромадани мақъад ба ҳангоми табҳои тез далели бад аст.
Фасли чиҳилу дуввум нишонаҳое, ки аз тариқи закар ва хояҳо бигиранд

Бидон, ки нармии хояҳо нишонаи бад аст ва омосидани онҳо ба ҳангоми бемориҳои тез низ ҳамчунин бувад.
Турунҷидани хояҳо ва нара ё ба марги гармии модарзодӣ ва ё ба дарди сахт далолат кунад. Ҳангоми оғози беморӣ эҳтилом рӯй додан ба дарозии [беморӣ] далолат кунад ва андар охири беморӣ сутуда бувад.
Фасли чиҳилу севвум нишонаҳое, ки аз тариқи заҳдон бигиранд

Баромадани заҳдони зан ва шарми пеш ба ҳангоми таби
тез далели бад аст. [Ихтиноқи заҳдон низ бад бувад].127 (93)
Фасли чиҳилу чорум
нишонаҳои баде, ки аз тариқи андомҳои
атрофӣ бигиранд

Аз ҷумла аз ҷиҳати кайфияти онҳо бад-ин гуна бошад, ки масалан сардии андомҳои атрофӣ баробари гармии таби тез, пойдорӣ ва канда нашудани он нишонаи нохуб аст, вале ба ҳангоми табҳои деррав номақбул нахоҳад буд.
Сабаби ин андар табҳои тез омоси бузургест, ки андар ши

кам падид ояд, ё хомӯш шудани гармии модарзодӣ ва ё фаро расидани беҳушӣ ва аз ҳам пош хӯрдани [қувваи табиӣ] бувад. Қавитарин далолати сардии андомҳои атрофӣ ба ҳангоми табҳои тез бар ҳалокат он аст, ки агар сардии онҳо андар оғози беморӣ ориз бигардад. Агар сардӣ ба тавре бошад, ки дигар [андомҳо] гарм нашаванд, низ ҳамчунин бувад. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ диҳанд, ки ҳамаи хун ба сабаби омос ба андарун ақибнишинӣ кардааст.
Тирагии ангуштон ва нохунҳои дасту пойҳо нишонаи ҳалокат аст, вале якбора сурху арғавонӣ шудани дасту пойҳо аз тирагӣ ҳам кушандатар бувад. Агар [андар охири андомҳо бемор] гаронӣ ҳис кунад, пас, марг наздик аст, зеро гаронӣ ба заъфи қувваи нафсонӣ далолат кунад. Тирагӣ бар заъфи гармии модарзодӣ ва сурхӣ бар фасод ва ғалабаи хилтҳо далолат кунанд, вале сиёҳӣ беҳтар аз тирагӣ ва сурхист. Бо вуҷуди ҳамаи ин агар бибинӣ, ки нишонаҳои хуб бисёранд, аз эҳтимол дур нест, ки бемор шифо ёбад, вале сарҳои андомҳои дигаргуншуда биафтанд.
Сӯхтани андомҳои атрофӣ ва пӯст баробари сардии дарун низ нишонаи марг аст.
Бархе аз ин [нишонаҳоро] аз ҷиҳати ниҳоди андомҳои атрофӣ бигиранд. Масалан ташаннуҷ хусусан аз паси исҳол кушанда аст ва кузоз баробари ҳазён гуфтану шиддат ёфтани таб далели марг бувад.
Фасли чиҳилу панҷум нишонаҳое, ки аз тариқи хобу бедорӣ гирифта шаванд

Агар ба рӯз хоб ояд, на ба шаб, ин далели нохуб аст, вале агар андар ҳар ду ҳангом хоб наояд, бад хоҳад буд, аз баҳри он ки сабаби ин чӣ гунае набошад, табаҳ шудани мағз аст. Беосебтарин хоби рӯзона онест, ки аввали рӯз биафтад. Ҳамаи онҳо андар марҳалаи анҷоми навбатҳои табҳо баданд, вале андар ибтидои онҳо бисёр бошад, ки бе зиён бигузаранд. Субот баробари заъфи набз хусусан агар андар ин ҳангом парешонақлӣ ҷой дошта бошад, бад аст, зеро он ба сабаби заъфи қувват ба амал ояд, на ба сабаби рутубати мағз. Гоҳе мумкин аст ин аз сабаби уфунати хилти сард рӯй диҳад. Хоби аз ҳад зиёд ба ҳангоми беморие, ки аз паси он парешонақлӣ рӯй диҳад ва сардии дасту пойҳо онро ҳамроҳӣ кунад, бад аст, ҳамчунон ки хоби сабукиовар хуб хоҳад буд.
Фасли чиҳилу шашум нишонаҳои баде, ки аз тариқи корҳои даст бигиранд

Пурзи ҷома чидани [бемор] ва ҳар доим чунон коре кардан, ки гӯӣ аз худ ва ё аз девор [пурз ва коҳпора] мечида бошад, нишонаи бад аст ва сабаби он бухорҳоест, ки ба сӯи мағз бизананд ва онҳо ба иллати фуруд омадан ба чашм ва ба сӯи рутубати сафедимонанд андар пеши назари бемор чизҳои набударо бинамоёнанд.
Фасли чиҳилу ҳафтум нишонаҳое, ки аз тариқи дардҳо бигиранд

Бидон, ки дарди сахти андомҳои дарунӣ ба ҳангоми
табҳои тез нишонаи бад буда, бар сӯзиши сахт, ё бузург шудани омос ва ё хуроҷ далолат кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ