Қонуни тиб

Агар андар бархе аз андомҳо дарди сахте падид омада, сипас бе ҳеҷ сабабе якбора тамоман хомӯш шавад, ин бад хоҳад буд.
Фасли чиҳилу ҳаштум нишонаҳое, ки аз тариқи овоз, сухан гуфтан ва хомӯшӣ гирифта шаванд
Овози баланд хуб аст ва бо низом сухан гуфтан [низ] хуб аст, вале хилофи инҳо бад бувад. Хомӯшии дароз аксар далели васваса, ё истирхо ва ё ташаннуҷи мушакҳои забон ва ҳанҷара ва ё далели гурехтани тахаюлест, ки сарчашмаи сухан гуфтан бошад. Агар бемор ба ҳангоми буҳрон сухан гӯяд, хуб аст. Умуман, хомӯшии каси пургӯ далели оғоз ёфтани сабабҳои васваса ва ё он чизе бошад, ки мо ёд кардем ва бисёр сухан гуфтани каси камгӯ далели оғозёбии ҳазён ва парешонии ақл бувад.
Фасли чиҳилу нуҳум нишонаҳое, ки аз тариқи ақл бигиранд
Бидон, ки ҳазён гуфтан баробари ҳаракат кардану ба сар ва бинӣ задан неканҷом аст, вале баробари бовиқорию бурдборӣ кушанда бувад.
Фасли панҷоҳум нишонаҳое, ки аз тариқи ҳаракатҳо бигиранд
Бисёр хашм гирифтану бетоқатӣ намудан нишонаи нохуб аст ва бар бисёрии бухоре далолат кунад, ки бар сар зада бошад. Ҳар соат ба худ омада нишастани бемор далели бад аст ва ин аз сабаби ё тоса, (94) ё парешонақлӣ, ё тангии нафас, хуноқ ва омоси шуш ба амал ояд. Ин гуна [ҳаракат] аз ҳама бадтар аст, аз баҳри он ки вай ҳарчанд сабабҳои дигаре низ ҷой доранд, вале аксар вақт ба иллати хуноқ ва тангии нафас рӯй диҳад. Агар андомҳоро ҳаракат кардан гаронӣ оварад, низ далели бад аст ва агар нохунҳо тираранг шаванд, пас, марг фаро расида бошад.
Раъша агар аз сабаби буҳрони хуб набошад, нишонаи бад аст.
Фасли панҷоҳу якум128 нишонаҳое, ки аз ҳайъати рагҳо гирифта шаванд
Буқрот гуфтааст: «Агар рагҳои варидии хурди пешонӣ, пилкҳо ва охурак бархоста бошанд, нишонаи бад аст.
Тағйир ёфтани ранги рагҳои намудор аз ҳоли хеш ва ба ранги товусӣ ва арғавонӣ табдил ёфтани онҳо ва зуҳури [рагҳое] ба ин сурат, ки пеш чунин набуданд, низ бад бувад».
Фасли паҷоҳу дуввум нишонаҳое, ки аз тариқи гумонҳо бигиранд
Агар бемор аз марг бисёр битарсад, хатарнок аст.
Фасли панҷоҳу севвум ҳукмҳое, ки аз тариқи хамёза ва даҳонфожа бигиранд
Даҳонфожаву хамёза аз он сабаб ба амал оянд, ки та
биат аз барои рондани фазлаҳо андомҳои мушакиро ба ҳаракат биоварад. Агар андом фурӯмоя ва модда ками фармонбаранда бошад, ба [даҳонфожаву хамёза] эҳтиёҷ нест, балки аз барои зидди ин ҳолат бад-онҳо эҳтиёҷ биафтад. Агар ин баробари аз ҳоли гармӣ ба сардӣ гузаштан падид ояд, ин кумак ба табиат буда, нишонаи бад нест ва бисёр вақт аз ин далолат кунад, ки табиат ба сабаби бисёрии модда ва ё ба сабаби заъфи қувват ҷуз ба ёрии лиф қодири ҳал кардан нест.
Фасли панҷоҳу чаҳорум нишонаҳое, ки аз тариқи хоббинӣ гирифта шаванд
Бисёр бошад, ки бемор чизҳои аз ҷинси чизҳои буҳронишаванда бударо ба хоб бинад. Масалан, каси [беморияш] аз тариқи арақ буҳронӣ шаванда андар хоб бибинад, ки ба гармоба ҳамедарояд ва ё барои он омодагӣ дорад.
Фасли панҷоҳу панҷум нишонаҳое, ки [50] аз тариқи иштиҳо ва ташнагӣ бигиранд
Набудани иштиҳо ба ҳангоми бемориҳои деррав бад аст ва ба ҳангоми бемориҳои тез низ бад буда, вале на бадон андоза бирасад. Умуман, ин бар хилтҳои табаҳ ва ё ба марги қувваи нафсонӣ ва табиӣ далолат кунад. Агар ташнагӣ ба ҳангоми табҳои сӯзон аз байн биравад, хусусан баробари сиёҳ шудани забон, далели бад хоҳад буд.
Фасли панҷоҳу шашум ҳукмҳо ва далелгириҳо аз тариқи ярақон
Ярақони пеш аз рӯзи ҳафтум ва пеш аз пазиш ба амал оянда бад аст. Ин ба шартест, ки агар, ба гуфтаи бархе аз [пизишкон], исҳол онро пешгирӣ накунад, вале ин ҳукм қиёсист. Умуман, буҳрони пеш аз рӯзи ҳафтум фарорасида сутуда нест. Ҳар гоҳ ярақон пас аз рӯзи ҳафтум зоҳир бигардад ва агар дигар нишонаҳо қарини он набошанд, ин низ чандон некфарҷом нахоҳад буд. Агар ярақон андар рӯзи ҳафтум, ё нуҳум ва ё чаҳордаҳум рӯй дода, баробари он нишонаҳои хуб мавҷуд бошанд ва андар ноҳияи ҷигар ягон офате ва ё сахтӣ ва омосе ҷой надошта бошад, ин сутуда аст ва бисёр биафтад, ки аз тариқи ин гуна ярақон буҳрони пурра ба амал ояд. Бар сутуда будани он ҳолати сабукие далолат кунад, ки аз паси он ҳис карда шавад ва бар бад будани он ҳис кардани ҳолати зидди сабукӣ гувоҳӣ диҳад. Яке аз ҳолатҳои далели бадии ӯ ин аст, ки баробари ярақон аз шикам зардаи ҷӯшон ва чизҳои бади сӯхта берун оянд. Андар ин гуна ҳолат агар исҳоли ба ғоят қавии поккунанда ва ё арақи ба ғоят зиёд онро пешгирӣ накунанд ва агар қувват қавӣ набошад, аз бемор бояд бимнок буд. Ба ҳангоми [ҳолатҳои ёдшуда] зуд сабукӣ ба амал ояд.
Фасли панҷоҳу ҳафтум нишонаҳое, ки аз тариқи омосҳо гирифта шаванд
Агар таби тез боиси омосҳои буни рону зери бағал ва
андомҳои атрофӣ бигардад, ин бад аст ва аз он намуде ҳам бадтар бошад, ки нахуст ин омосҳо ба амал оянду баъд ба сабаби уфунат табҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор