Қонуни тиб

Вале ин намуд ҳам бад аст. Омосҳое, ки андар буни гӯш бароянд ва аз тариқи рим кардан напазанд ва ё баъди онҳо истифроғе ба амал наояд, бад бошад. Агар ҳеҷ як аз ин ҳолатҳо набошад, яъне агар ин омосҳо на бипазанд ва на ягон истифроғи қавие аз паси онҳо рӯй диҳад, ин нишонаи [хеле] бад бувад. Низ, набояд бо пазише фирефта шуд, ки ҳангоми ориз шудани хуроҷ ҷой дошта, вале дигар хилтҳо нопухта бошанд, зеро ин ғайри кофист. Чунончи бисёр вақт чун ин ҳолат рӯй диҳад, гумон баранд, ки пастравии [беморӣ] фаро расид, вале ин [беморро] бикушад.
Ҳар табиш ва ё омосе, ки нахуст зоҳир шавад ва сипас ба андарун биравад, бад аст, вале агар ин андарун рафтан аз қавӣ будани табиат гувоҳӣ диҳад, [на чунин бошад]. Бошад, ки ин намудор шудану ба андарун рафтан аз барои табиати шахс одати ҳамешагӣ бошад, андар ин ҳол далолати он чандон бад нахоҳад буд.
(95) Фасли панҷоҳу ҳаштум нишонаҳое, ки аз тариқи ҳайъати табишҳо ва чизҳои бад-онҳо монанд гирифта шаванд
Табишҳои шабеҳи нахӯди сиёҳ ба ҳангоми табҳои тез ниҳоят бад аст ва агар онҳо пурра бирӯянд, андар рӯзи дуввум бисёр бошад, ки худованди онҳо ҳалок бигардад. Ба ранги сабзу сиёҳ, ё осмонгунӣ ва ё зард гардидани решҳои тан нишонаи бад аст ва зарди онҳо аз ҳама сабуктар бувад. Гуфтаанд, ки агар бар зонуи бемор чизи сиёҳе чун ангури сиёҳ барояд ва гирдогирдаш сурх бошад, бемор зуд бимирад, вале агар он то панҷоҳ рӯз бикашад, он гоҳ нишонаи марги бемор он бошад, ки арақи сард оварад. Агар бар вариде, ки андар гардан аст, чизе шабеҳи донаи беданҷир ва бо обилаҳои сафеди бисёр бирӯяд ва беморро ба чизҳои гарм иштиҳо падид ояд, андар рӯзи бистум бимирад. Мо он табишҳои ҳалокатовареро, ки андар забон ориз бигарданд, пеш аз ин ёд кардем.
Гуфтаанд, ки ҳар гоҳ ба ҳангоми таб чӣ гунае набошад, бар ҳамаи ангуштони даст омоси сиёҳе мисли донаи говдона ва сахт дарднок бирӯяд, бемор андар рӯзи чаҳорум бимирад ва ӯро [пеш аз ин] гаронӣ ва субот рӯй диҳанд. Агар ба болои он табиат баста гардад, сарсом падид ояд ва гоҳе [табиат] ба андозае баста бигардад, ки аз он саҳҷ ба амал ояд.
Фасли панҷоҳу нуҳум нишонаҳое, ки аз тариқи табларза ҳосил кунанд
Бидон, ки табларзаи бисёр такрорёбанда ба ҳангоми таби душвор, ки ба изофаи он заъфи қувват низ ҷой дошта бошад, ҳалокатовар аст, вале баробари пойдор будани қувват низ агар таб аз тариқи он канда нашавад, низ хуб нест.
Бадтарини намудҳои он ҳамонест, ки аз паси он истифроғи бефоида ба амал омада, вале таб ором нагирад. Агар истифроғ ба амал наояд, андар ин ҳол далолат бад-он кунад, ки хилт ҳаракат дорад, ғолиб аст ва ронданаш номумкин аст. Ин низ бад аст. Аммо ба ҳангоми табларзаи як бор оризшаванда ба таври қатъӣ чунин ҳукм кардан, ки оё он ба сабаби заъфи беандозаи қувват ба амал омадааст ва ё ба ягон сабаби дигар, қариб нодуруст аст.
Фасли шастум
ҳукмҳои истифроғ
Истифроғи судбахши аз тариқи исҳол, қай ва ғайра баамалоянда истифроғи баъд аз пазиш рӯйдиҳанда, истифроғе, ки ба ҳангоми он хилти бади истифроғаш лозим берун ояд, истифроғи ба осонӣ гузаранда ва истифроғе бошад, ки баъди он сабукӣ ҳис кунанд.
Яке аз нишонаҳои хилти берун меовардаашро пурра берун овардани истифроғ, чи аз тариқи дору ва чи аз ғайри дору, ин аст, ки ба берун овардани хилти дигар оғоз кунад. Намуди бади он чунин аст, ки баъд аз анҷом ёфтан ба кандани пардаҳо, ё овардани хуни сиёҳ, ё хилти бадбӯй ва ё хилти холис оғоз кунад. Ба ҳангоми қай низ ҳамчунин аст.
Агар истифроғ баъд аз оғоз ёфтан кӯтоҳӣ кунад, бояд ба он ёварӣ расонд, вале агар ба ифрот ояд ва ҳанӯз пазиш оғоз наёфта бошад, ин сазовори он нест, ки ба судмандии он эътимод кунанд.
Истифроғи сусту андаке аз қабили арақ, ё хуни бинӣ ва ё ғайри он далолат бад-он кунад, ки табиат ба ҷунбиш омадааст, вале қавӣ нест. Агар дигар нишонаҳо бад бошанд, ин далели марг аст, вале агар бад набошанд, бар дер кашидани беморӣ гувоҳӣ диҳад.
Фасли шасту якум ҳукмҳои арақ
Арақ овардан ба ҳангоми бемориҳои тез ва инчунин ба ҳангоми табҳои деррави балғамӣ ва аз барои худовандони омосҳои хатарнок ва омосҳои андомҳои дарунӣ буҳрони хеле хуб маҳсуб мешавад.
Фасли шасту дуввум сабаби бисёр арақ кардан
Бисёрии арақ ё ба сабаби модда вобаста буда, он ё бисёр ва ё тунук бошад, ё ба сабаби қувват вобаста буда, ё қувваи ронанда қувӣ бошад ва ё қувваи нигоҳдоранда заиф ва ё ба сабаби маҷроҳае вобаста бошад, ки аз сабабҳои фарохкунанда фарох шуда бошанд. Кам арақ кардан ба зидди ин сабабҳо алоқамандӣ дорад. Арақро агар пок кунанд, бисёртар бирезад ва агар ба ҳоли хеш бигузоранд, қатъ шавад.
Фасли шасту севвум аз ҳам тафовут доштани андомҳо аз ҷиҳати арақ кардан ва накардан
Андомҳое, ки аз ҳама бештар арақ кунанд, он андомҳоеанд, ки моддаи баамаловарандаи беморӣ андар онҳо бештар бошад. Андомҳое, ки арақ накунанд, он андомҳоеанд, ки дорои чунин модда нестанд ва низ он андомҳое бошанд, ки яке аз сабабҳои тангсозандаи масомҳо бар онҳо ғолиб омадааст.
Аз ҷумла паҳлуе, ки бемор бар вай бихобад, андар бештари ҳол кам арақ хоҳад кард, аз баҳри он ки вай фишурда шуда ва маҷроҳояш хушк бошад ва на ба сӯи он рутубат биравад ва на аз он рутубат битаровад. Арақ аз андомҳои пасини аз қабили пушт бештар аз андомҳои пешини аз қабили сина буда ояд ва бахшҳои барсӯвин, хусусан сар, бештар аз фурӯсӯвин арақ кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор