Қонуни тиб

(96) Фасли шасту чаҳорум
гуногунии ҳолатҳо аз ҷиҳати
арақ кардан ва ё арақ накардан
Хоб беш аз бедорӣ арақоваранда аст, аз баҳри он ки ба ҳангоми хоб гармии модарзодӣ бо рутубатҳо бештар машғул шавад ва низ аз баҳри он ки нафасгирӣ ба ҳангоми хоб мушкилтар бувад ва ин моддаҳоро ба сӯи андарун равона кунад. Буқрот гуфтааст: «Бе тақозои ягон сабаб андар хоб бисёр арақ кардан далолат бад-он дорад, ки худованди он бар тани хеш беш аз андозаи тавоноии он ғизо афзуда бошад». Агар ин арақоӣ аз ғайри чизе хӯрдани худованди он ба амал ояд, пас, бидон, ки ӯ эҳтиёҷ ба истифроғ дорад. Сабаб он бошад, ки арақи бисёр ба ҳоли дурустии қувват ҷуз ба иллати бисёрии модда наояд ва ҳаққи ин [модда] он аст, ки аз тарафи табиат ронда шавад. Ин бисёрӣ ё ба сабаби наздик, яъне ба пурии наздик вобаста буда, ин пурии наздик аз ғизоҳои нав хӯрда ба амал ояд ва ин гуна пурӣ аз тариқи гуруснагӣ, ё варзиш ва ё ба таври табиӣ арақ кардан бартараф шавад ва ё мумкин аст ба сабаби пешгузаштаи дуре, яъне ба фазлаҳои пешина алоқаманд бошад, ки андар ин гуна ҳолат ҷуз аз истифроғи поксозандаи тан аз ин фазлаҳо чизе суд набахшад. Аммо арақ кардан бошад, гоҳе танҳо бахши латиф, тунук ва ками онро берун намуда, бахши фосид ва нофармонбардори онро андар тан бигузорад ва табиатро андар зери бори хилти фосид биниҳад.
Ин яке аз [сабабҳоест], ки [табиатро] заиф созад.
Бидон, ки ҳар андоза гармии модарзодӣ қавитар бошад, ҳалшавӣ ҳамон андоза ноаён бигузарад ва ҷуз ба ҳангоми вуҷуд доштани сабабҳои дигар арақ наояд. Бад-ин сабаб арақ берун аз табиат шудааст, зеро он ё аз сабаби пурӣ, бисёрӣ ва ба шиддат фарох шудани масомҳо, ё ба сабаби хуб гуворидан натавонистани қувват ва ё ба сабаби ҳаракати шиддатнок ба амал ояд.
Фасли шасту панҷум рӯзҳое, ки андар онҳо арақ бештар ва ё камтар ояд
Аксар, ки ҳангоми бемориҳои тез арақ ояд, андар рӯзи севвум ва панҷум ояд, вале андар рӯзи чаҳорум кам ояд, балки ба нудрат биафтад, ки ин гуна бемориҳо андар рӯзи чаҳорум аз тариқи арақ буҳронӣ шаванд. Ба гуфтаи касони ботаҷриба кам биафтад, ки бемор андар рӯзи бисту ҳафтум, сиву якум ва сиву чаҳорум арақ кунад.
Фасли шасту шашум тариқаҳои далелгирӣ аз арақ кардан
Арақ аз тариқи чӣ гуна ба ламс андар омадан, яъне бо
гармию сардии худ далолат кунад; бо ранги худ, яъне бо
соф будан, ё моил ба зардӣ будан ва ё моил ба сабзӣ будани худ далолат кунад; бо мазаи худ, яъне бо талх будан, ё ширин будан ва ё моил ба турушӣ будани худ далолат кунад; [51] бо бӯи худ, яъне бо бадбӯй будан, ё
турушбӯй будан, ё ширинбӯй будан ва ғайра далолат
кунад; бо қивом, яъне бо тунукӣ ва ё часпакии хеш далолат кунад; бо миқдор, яъне бо бисёр ва ё кам будани
хеш далолат кунад; бо маҳалли хеш, яъне бо фаровоноӣ
ва ё камоии хеш [аз он ҷо] ва аз кадом андом [омадани худ]
далолат кунад; бо ҳангоми хеш, яъне бо омадани худ ан
дар оғоз, ё анҷом ва ё марҳалаи пастравӣ далолат кунад;
ва бо оқибати хеш, яъне бо сабукӣ овардан ва ё ранҷ, табларза, фарошо ва дигар аразҳо овардан далолат кунад.
Фасли шасту ҳафтум нишонаҳое, ки аз тариқи арақ кардан бигиранд
Арақи сард баробари гармии таб ва хусусан оне, ки ба сар ва гардан хос аст, нишонаи сахт бад бувад. Андар ҳоле, ки сард набудаи он аз беҳушӣ огоҳӣ диҳад, пас, сарди он чӣ гуна чунин набошад! Ин бадтарин намудҳои арақ аст, аз баҳри он ки вай бар беҳушии падидомада далолат кунад, на бар беҳушие, ки бояд падид ояд ва агар андар ин ҳангом таб бисёр баланд бошад, пас, марг наздик аст. Низ арақи сард танҳо ҳангоме ба амал ояд, ки гармии модарзодӣ афтида бошад ва он рутубатҳоро нигоҳ доштан натавонад, балки онҳоро раҳо кунад ва бинобар он гармии бегона онҳоро фаро гирифта, бухор кунад. Сипас он гармӣ ба иллати бегона будан онҳоро тарк кунад ва онҳо сард бигарданд.
Арақи канда-канда бад аст. Арақи бисёр бад-он далолат кунад, ки беморӣ ба иллати бисёрии моддаи хеш дер хоҳад кашид ва худованди онро ба иллати заиф будан на раг задану исҳол, балки ҳуқнаҳои нарм созгоранд. Он арақе, ки аз паси он сабукӣ дарёфта нашавад, нишонаи хуб нест ва агар баъди он ранҷи бештаре дарёфта шавад ва агар ин гуна арақ тамоми танро фаро гирифта бошад ҳам, ин нишонаи бад аст.
Арақе, ки баробари оғози беморӣ зуд ояд, бад буда, бар бисёрии модда далолат кунад, вале агар сабаби он намнокии ҳавое бошад, ки ба серборонӣ вобаста аст, андар ин ҳол бадияш камтар хоҳад буд. Бисёр бошад, ки беморӣ бо арақ кардан оғоз ёбад ва сипас таб ба амал омада, дер давом кунад.
Ҳар гоҳ (97) аз сабаби арақ эҳсоси фарошо падид ояд, хуб нест, балки бад бувад, аз баҳри он ки фарошо бар густариш ёфтани хилти бади ранҷовар андар тан гувоҳӣ диҳад ва ин далели он бошад, ки арақ поккунанда нест, балки он бахш аз хилтҳои бадеро ба ҳар сӯ биронад, ки тезии онҳо аз тариқи омехта будан бо рутубатҳои бо арақ ба таҳлил рафта шикаста буд. Низ аз он далолат кунад, ки модда бисёр аст ва бо ёрии ин гуна истифроғи арақӣ ҳал нахоҳад шуд. Агар қувват ва набз заиф буда, пешонӣ андак арақ кунад, ин нишонаи бад аст ва агар набз биафтад, ин [фаро расидани] марг хоҳад буд. Арақи хубе, ки гоҳе аз тариқи он буҳрони пурра ба амал ояд, он арақест, ки андар рӯзи буҳронӣ рӯй дода, тамоми танро фаро бигирад, фаровон ояд ва баъди он бемор сабукӣ ҳис кунад. Сипас арақе биистад, ки тамоми танро фаро гирифта набошад, вале баъд аз худ сабукӣ оварад. Умуман, ба чӣ гунагии арақ аз ҷиҳати гармӣ, сардӣ, ранг, бӯй ва маза, ба миқдори он аз ҷиҳати бешию камӣ, ба чигоҳӣ падид омадани он аз ҷиҳати андар марҳалаи оғоз, ё марҳалаи анҷом ва ё марҳалаи пастравӣ афтидани он, ба қувват ва сустии таби қарини он буда ва ба сабукию гаронии пас аз он баамалоянда бояд диққат дод.
Бидон, ки каси аз беморӣ бархезанда ба сабаби пасмондаҳои модда бисёр арақ кунад ва агар аз ӯ андаке хун бигиранд, бад нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор