Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли шасту ҳаштум
нишонаҳое, ки аз тариқи набз бигиранд

Набзҳои путкӣ, мӯрчагӣ, сахт аррагӣ ва мавҷӣ баданд ва набзи оҳугии ҳамроҳ бо заъф низ бад бувад.
Ноҳамворие, ки ба ҳангоми он набз сахт канда-канда ояд ва ҳаракатҳо суст буда, сипас як ҳаракати қавие онҳоро пешгирӣ кунад ва ин пешгирӣ на доимӣ, балки гоҳгоҳӣ бошад, сахт бад аст. Гуфтаанд, ки агар набзи бари чап думодум ва бари рост канда-канда буда, баробари он заъф ҷой дошта бошад, ин далели бад бувад. Бидон, ки набзи табиии бисёр одамон ноҳамвори бад аст. Инро низ бояд ба назар гирифт.
Фасли шасту нуҳум ҳукмҳои хуни бинӣ

[Бемориҳое] мисли сарсом, омосҳои гарми ҷигар ва омосҳои гарми зери сари устухонҳои паҳлу аз тариқи хуни бинӣ ба таври пурра буҳронӣ шаванд: ба ҳангоми якумӣ аз кадом сӯрохи бинӣ хун наояд, фарқ надорад, вале ба ҳангоми мобоқӣ аз ҳамон баре хун ояд, ки [беморӣ] аз ҳамон бар бувад. Табҳои сӯзон низ ҳамчунин, вале аз гурӯҳи якумӣ бошанд. Аммо омоси шуш аз тариқи [хуни бинӣ] буҳронӣ нашавад ва барсом бошад миёни [ҳар ду гурӯҳ] биистад. Таби рӯзафкан гоҳе аз ин роҳ буҳронӣ шавад.
Аксари хуни бинии судманд чун ориз бигардад, андар рӯзҳои тоқ ориз бигардад ва кам тасодуф биафтад, ки андар рӯзи чаҳорум ба амал ояд, вале андар рӯзи севвум, панҷум, ҳафтум ва нуҳум бошад, ба амал ояд. Агар аз хуни бинӣ умеди некӣ бошад, вале он суст ояд, чунонки Буқрот гуфтааст, бояд аз тариқи рехтани оби гарм бар сари бемор ва гармибандӣ кардан онро ёрӣ бидиҳанд, ҳамчунон ки агар ба ифрот омадани он бимнок бошад, бо рехтани оби сард ва ниҳодани миҳҷама бар сари устухонҳои паҳлуи аз бари хуни бинӣ буда пеши онро бигиранд. Беҳтарин хуни бинӣ онест, ки аз бари дардманд ояд ва акси он чандон хуб нест. Аз тариқи хуни бинӣ буҳронӣ шудани омосҳое аз ҳама беҳтар аст, ки аз ноф боло ва ё балғамӣ бошанд.
Ба ҳангоми омосе, ки роҳи санг шудану дер давом карданро пеш гирифта аст, чашмдори рим кардану кафидани он бош, на чашмдори аз тариқи хуни бинӣ ва ғайра буҳронӣ шудани он. Ба ҳангоми буҳрони омоси сарди мағз ва омоси шуш интизори он набош, ки буҳрон аз тариқи хуни бинӣ ба амал хоҳад омад.
Фасли ҳафтодум нишонаҳое, ки аз тариқи хуни бинӣ гирифта шаванд

Хуни бинии кам бад аст. Бештари хуни бинии бад онест, ки хун сиёҳ бошад ва кам тасодуф биафтад, ки ба ҳангоми хуни бинии бад хуни сурхи тобишнок ояд. Хуни биние, ки андар рӯзи чаҳорум биафтад, бар душвории буҳрон далолат кунад. Баръакс, хубаш онест, ки андар рӯзҳои тоқ ба амал ояд.
Фасли ҳафтоду якум нишонаҳое, ки онҳоро аз тариқи атса бигиранд

Атса агар андар марҳалаи анҷом ориз бигардад, хуб аст, вале андар аввалҳои беморӣ яке аз нишонаҳои зуком ва ё хилти сӯзишовар бувад.

Фасли ҳафтоду дуввум
ҳукмҳои бироз

Мо андар бобати бироз андар Китоби нахустин ба таври умумӣ ва мухтасар сухан рондем ва ҳоло моро лозим аст андар ин бобат батафсилтар ва чандоне таваққуф кунем, ки муносиби гуфтор андар баёни бемориҳои тез бошад. Бидон, ки ҳар кӣ бисёр арақ кунад, ӯро аз тариқи шикамрав буҳрони том ба амал нахоҳад омад.
(98) Фасли ҳафтоду севвум нишонаҳое, ки аз тариқи бироз гирифта шаванд

Бидон, ки ба ҳар ранг омадани бироз фақат андар ду ҳол сутуда аст: яке он, ки агар ин гуногунӣ буҳронӣ буда, баъд аз пазиш андар рӯзи буҳронӣ ба амал омада бошад ва нишонаҳои буҳронӣ сутуда бошанд; ва дигар ин, ки аз паси ошомидани доруи ба таври қавӣ исҳоловари гуногун ба амал омада бошад. Ин [ҳаррангӣ] андар ҳар ду ҳолат бар покшавии эҳтимолии тан далолат кунад, вале ба ҳангоми дигар ҳолатҳо бар сӯзиш, гудозиш ва бисёрии хилтҳои табаҳ гувоҳӣ диҳад. Бирози бадбӯи шабеҳ ба бирози кӯдакон ва бирози нахустини навзод бад аст.
Бирози зарданоке, ки аз оғози беморӣ ояд, бар бисёрии зарда далолат кунад ва нохуб аст, вале ба наздики пасравӣ бар пок шудани тан гувоҳӣ диҳад ва ин далели хуб бошад. Агар бирози заҳравии бисёре берун ояд ва беморӣ сабук нагардад, ин нишонаи бад аст. Шикамрави бисёре, ки баъд аз зоҳир шудани нишонаҳои бад ва афтидани қувват ба амал омада, ғайри сабукиовар бошад ва андар ин ҳангом агарчи таб канда шуда бошад ҳам, далели марг аст. Шикамраве, ки бидуни хӯрдани ягон чизи равғанӣ равғанӣ ояд, бар гудозиши андомҳои аслӣ далолат кунад ва ин далели бад, вале на ҳалокатовар бувад, зеро бошад, ки ин равғаннокӣ аз сӯи гӯшт ояд.
Агар бар [бироз] чизе шабеҳи зардоб падид ояд, зардӣ тобишноктар шуда, бадбӯӣ ғолиб ояд ва агар ин [ҳолат] ба ҳангоми табҳои тез ҷой дошта бошад, ин ҳалокатовар аст. Бирозе, ки гирди онро чизи тунуке гирифта бошад, ин гувоҳӣ диҳад, ки он зардоби аз ҷигар оянда аст ва он сӯзанда буда, бирозро зуд берун орад. Бошад, ки он худ ба танҳоӣ ояд ва ин бад аст. Агар андар бироз чизе чун пӯсти боқилии мисрӣ ҷой дошта бошад, ин ба ҳангоми ҳамаи бемориҳо нишонаи ҳалокатовар бувад.
Фасли ҳафтоду чаҳорум ҳукмҳои қай

Мо андар бобати қай ҳам андар Китоби нахустин сухан рондем ва моро воҷиб аст бахшҳое аз он гуфтаҳо ва дигар чизҳоеро андар ин ҷой оварем, ки муносибтаранд.
Пас, мо мегӯем: Судмандтарин қай онест, ки балғам ва зардаи ба ҳангоми он қай карда сахт омехта бошанд, на сахт ситабр. Қай ҳар андоза холистар бошад, ҳамон андоза бадтар аст. Зардаи холис бар шиддати гармӣ ва балғами холис бар шиддати сардӣ далолат кунанд.
Фасли ҳафтоду панҷум нишонаҳое, ки аз тариқи қай гирифта шаванд

Бидон, ки қаи рангаш мухолифи ранги қаи ҳамешагӣ, яъне [мухолифи] қаи сафеди обакӣ ва қаи зард бад аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ