Қонуни тиб

Мисоли ин қаи сабз, қаи ганданогун ва хусусан бадбӯй, қаи чугундарӣ, қаи арғавонии сурх ва қаи тираранг мебошад. Бадтарини онҳо қаи зангорӣ ва сиёҳ аст. Хусусан агар ҳамроҳи он ташаннуҷ ба амал ояд, ин беморро ҷо ба ҷо бикушад, вале агар ҳанӯз қувват боқӣ бошад, мумкин аст ду рӯзи дигар зинда монад. Ба ҳангоми қай бояд диққат дод, ки ранги он аз сабаби ягон чизи хӯрдагӣ ба амал наомада бошад. Агар бемор бар ҳамаи ин рангҳо қай кунад, ин ниҳоят бад аст. Қаи бадбӯй бад аст ва қаи холис низ, чунонки ёд кардем, бад бувад.
Фасли ҳафтоду шашум ҳукмҳои пешоб
Моро андар фанне аз Китоби нахустин, ки хоси аразҳост, андар бобати пешоб гуфтаҳои ҳамагоние гуфта омаданд [52] ва ҳоло мо аз он ҷой ва аз ғайри он чизҳое биоварем, ки андар ин ҷой муносибтаранд. Пас, мо мегӯем:
Агар андар пешоб нишонаи пазиши қавӣ дида нашавад, аз ин воҷиб намеояд, ки бар ҳалок шудани бемор ҳукм кунанд, зеро мумкин аст бемор андар ин ҳолат бо ёрии истифроғе бираҳад, ки аз ягон тариқе ба амал омада, ҳам пухтаю ҳам хом ба таври қавӣ берун ронда шаванд. Ё мумкин аст хилт ба гузаштани муддати дароз ҳал шавад ва ё хусусан агар сахт бад набошад, мумкин аст аз тариқи хуроҷ буҳронӣ шавад. Лекин [ба ҳар ҳол нопухтагии пешоб] андар бештари ҳолатҳо бад буда, бар қавӣ будани беморӣ далолат кунад ва камтарин далолат ин аст, ки [беморӣ] дер бикашад. Пешобе, ки андар ҳамаи марҳалаҳои беморӣ бар рангҳои пешоби тандурустон боқӣ бимонад, низ ҳамчунин бувад, вале агар баробари авҷ гирифтани беморӣ ба дигаргун шудан оғоз кунад, ин некфарҷомтар аст. Бисёр бошад, ки пешоб ба ҳангоми бемориҳои вабоӣ аз ҷиҳати қивом, ранг ва шини хеш хуб ва табиӣ буда, вале худованди он рӯ ба ҳалокат бувад.
Бидон, ки бисёр вақт беморонро пешобҳои аз ҷиҳати қивом, ранг ва ғайра бад ба амал оянд, вале бо вуҷуди ин хусусан ҳангоми бемориҳои тезе, ки ба сабаби ҷигар ва маҳаллҳои ба пешоб алоқаманд падид меоянд, ҳамчун таровиши буҳронӣ бошанд.
Фасли ҳафтоду ҳафтум нишонаҳои пешобие, ки аз тариқи камию бешии он гирифта шаванд
Агар пешоб боре каму боре (99) бисёр ояд ва боре баста бигардад, ин ба ҳангоми табҳои тез бад буда, аз муборазаи сахти миёни беморӣ ва табиате гувоҳӣ диҳад, ки гоҳе ғолиб ояд ва гоҳе мағлуб шавад ва бар ситабрии модда ва ба душворӣ пазишпазирии он [далолат кунад].
Ин гуна [пешоб] ба ҳангоми оромии табҳо аз он огоҳӣ диҳад, ки [беморӣ] ба иллати ситабрии хилт дер хоҳад кашид.
Фасли ҳафтоду ҳаштум нишонаҳое, ки аз тунукии пешоб гирифта шаванд
Бидон, ки пешоби тунук гоҳе, масалан, ба ҳангоми зиёбетус ба амал ояд ва баробари он ташнагии бардавом, зудзуд берун рафтан ва ба осонӣ рехтан ҷой хоҳанд дошт.
Мумкин аст ба сабаби хомӣ ва суддаҳое [пешоб тунук] ояд, ки монеи берун омадани модда бигарданд. Гоҳе дигар ин мумкин аст ба нотавонии қувваи дигаргунсозан
да вобаста буда, [пешоб] ба осонӣ баромадан натавонад, вале ин камтар аз зиёбетус бад бувад. Агар ба ҳангоми бемориҳои тез пешоби тунук якчанд рӯз давом кунад, бар парешонии [ақл] далолат кунад ва агар парешонӣ рӯй диҳад ва баъди он ҳам тунукии пешоб давом ёбад, ин бар марги зуд фарорасандае гувоҳӣ диҳад, ки аз сабаби бар мағз ҳамла кардани моддаҳо ва бекор шудани нафас рӯй диҳад.
Агар [пешоб] ба ситабр шудан бипардозад, вале баробари он сабукие ҳис карда нашавад, ин гоҳе мумкин аст ба гудозиши андомҳо вобаста бошад. Агар ба ҳангоми болоравии ҳамагонии таб пешоби обакӣ бисёр бигардад, бар омосе далолат кунад, ки андар бахшҳои фурӯсӯвини тан падид ояд. Аз барои донистани қивоми аз рангҳои гуногун омехта низ ба бобҳое муроҷаат кун, ки баъди ин [боб] оянд.
Бидон, ки тунукӣ бо сиёҳиву сурхӣ қариб ҷамъ намеояд ва агар ба чунин ҳол дучор оӣ, бидон, ки сабаби он ё ягон чизи рангинкунанда аст ва ё кайфияти бемориовар ба шиддат қавӣ буда, андар пешоб таъсир карда бошад.
Фасли ҳафтоду нуҳум нишонаҳое, ки аз тариқи ситабрии қивом ва ё тирагии пешоб гирифта шаванд
Агар пешоби тунук ба ҳангоми таби монда ситабр бигардад ва нишонаҳо хуб бошанд, ин бар буҳроне далолат кунад, ки аз тариқи арақ ба амал ояд, вале агар нишонаҳо хуб набошанд ва таб сахт сӯзон бошад, бар афрӯхтагие далолат кунад, ки андар дил ва ё ҷигар ҷой дошта бошад. Соф шудани пешоби ситабр пеш аз буҳрон нишонаи нохуб аст ва ин бар банд гардидани модда ва оҷиз омадани табиат аз рондани он далолат кунад.
Пешоби ситабру тирае, ки ягон чиз андар зераш нанишинад ва равшан нашавад, бар ҷӯшидани хилтҳо аз шиддати гармии бегона ва бар нотавонии гармии модарзодии пазонанда далолат кунад ва бинобар ин бад бувад. Аксар вақт табҳои аз мондагӣ ба амал омада аз тариқи пешоби тафсон, хусусан андар рӯзи чаҳорум ва хусусан ҳангоми бо хуни бинӣ қарин гардидани он буҳронӣ шаванд.
Фасли ҳаштодум андар баёни пешоби сафед ба ҳангоми бемориҳои тез
Пешоби сафед ба ҳангоми табҳои тез бар рӯ гардонидани модда аз сӯи рагҳо ва афзорҳои пешоб далолат кунад. Бошад, ки он ба сӯи мағз бигарояд ва андар ин ҳангом сардард ва сарсом падид оянд ва бошад, ки ба сӯи бархе аз андомҳои андарунин бигарояд ва ин бар омос далолат кунад. Агар нишонаҳо нишонаҳои некфарҷом бошанд, пас, ин далолат бад-он кунад, ки модда андар ҳолатҳои кам аз тариқи қай ва андар бештари ҳолатҳо, хусусан агар нишонаи қай мавҷуд набошад, аз тариқи исҳол берун омада, боиси саҳҷ бигардад. Агар пешоби сафед ҳангоми таби тез тунук бошад ва сипас ба изофаи сафедӣ онро тирагию ситабрӣ ориз бигардад, ин далели ташаннуҷ ва марг хоҳад буд.
Фасли ҳаштоду якум андар баёни пешоби сиёҳ ба ҳангоми табҳои тез
Бидон, ки сиёҳии пешоб ҳарчанд худ ба худ нишонаи
бад аст ва ҳарчанд, ки бо ӯ нишонаҳои дигари баде низ ҳамроҳӣ кунанд, вале ба сабаби он раво нест, ки ҳангоми бемориҳои тез ҳукми қатъии ҳалокат бароварда шавад, зеро [гоҳе] бибинӣ, ки қувват қавист ва ба ҳар гуна истифроғҳои гуногунҷинсе қодир буда, баъди он осудагӣ падид ояд, чунончи занонро ҳангоме ҳамин гуна ҳолат рӯй бидиҳад, ки аз тариқи ҳайз хилтҳои баде низ берун раванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор