Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бинобар он падид омадани ин гуна ҳолат аз занон некфарҷомтар аст, аз баҳри он ки гоҳе эшон аз тариқи ҳайз ин гуна моддаро аз худ истифроғ кардан битавонанд.
Бидон, ки пешоби сиёҳ ҳар қадар камтар бошад, ҳамон қадар бад буда, бар нест шудани рутубат далолат кунад.
Низ, ҳар андоза ситабртар бошад, ҳамон андоза бадтар хоҳад буд ва мурод аз ин ба ҳангоми бемориҳои тез ҷой доштани ӯст. Агар пешоби сиёҳ ба ҳангоми табҳои тез ба тунукию латифӣ бигарояд ва дорои дурди овезон ва бӯи тез бошад, ин аз сардард ва шӯридагии ақл огоҳӣ диҳад.
Хубтарини ҳолатҳои [пешоби сиёҳ] он бошад, ки бар хуни бинии сиёҳ далолат кунад, аз баҳри он ки модда тези ғолиб бувад. Гоҳе ҳангоми он (100) ба иллати гармии на чандон ба ифрот ва на чандон каме, ки [моддаро] ба сӯи мушакҳо биронад, арақ ояд ва пеш аз арақ омадан фарошо рӯй хоҳад дод.
Ҳар гоҳ пешоби сиёҳе, ки дорои дурди сиёҳи овезони гирд ва ҷамъшуда аст, бебӯй бошад ва баробари он андар ҳар ду бар азҳамкашидагӣ ва андар зери сари устухонҳои паҳлу омос ҷой дошта, арақ ояд, ин бар марг далолат кунад. Ин гуна азҳамкашидагии сари устухонҳои паҳлу бар ташаннуҷ гувоҳӣ диҳад ва ин гуна арақ бошад, аз сабаби нотавонӣ ба амал ояд. Пешоби тунуки обакии моил ба сиёҳӣ бо тунукии худ ба дарозии беморӣ ва бо сиёҳии худ бар бадии он далолат кунад. Андар бобати пешобҳои сиёҳи латиф гуфтаанд, ки агар худованди онҳоро иштиҳои таом падид ояд, бимирад.
Агар пешоби тунуки сиёҳ ба пешоби малларанг ва ситабр табдил ёбад ва агар дорои бӯй набошад, бар ягон иллати андар ҷигар ҷойдошта ва хусусан бар ярақон далолат кунад, зеро ин дигаргун шудан аз тунукӣ ба ситабрӣ ва аз сиёҳӣ ба маллагӣ бар коҳиш ёфтани гармӣ ва ҷой доштани гувориш гувоҳӣ диҳад. Ин яке аз он ҳолатҳое бошад, ки баробари он ва ё баъди он сабукӣ ба амал ояд.
Агар ин гуна набошад, бар моддае далолат кунад, ки андар ҷигар дармонда, аз он маҷоли пок шудан набошад ва судда падид оварда бошад. Гузашта аз ин агар [модда] гарм бошад, вайро бибинӣ, ки андар пеши назарат омос падид биоварад.
Агар баробари пешоби латифи сиёҳе, ки ба ҳангоми табҳои тез андак-андак ва ба муддати дароз ҳамеояд, дарди сару гардан ҷой дошта бошад, ин ба тадриҷан рафтани ақл далолат кунад, вале андар занон некфарҷомтар бувад.
Фасли ҳаштоду дуввум сурхии пешоб ба ҳангоми бемориҳои тез

Агар пешоб ба изофаи сурхӣ тунук бошад, якҷоя бо нишонаҳои сутуда бар зуд омадани буҳрон ва бо зидди онҳо бар марги зуд фарорасанда далолат кунад. Умуман,
[пешоби сурх] бар афрӯхтагии сахт ва пешоби ба изофаи сурх тунук ҳангоми бемориҳои тез бар сардард ва шӯ

ридагии ақл гувоҳӣ диҳанд. Пешоби ситабри сурх ҳангоми бемориҳои тез агар андак-андак ва думодум ояд ва бӯи бад дошта бошад, далели хатарнокист, зеро бар гармии сахт ва изтиробу нотавонии табиат далолат кунад. Агар фаровон ояд ва сердурд бошад, хусусан ба ҳангоми табҳои омехта бар канда шудани [беморӣ] далолат кунад.
Он пешобе, ки ҳангоми бемориҳои тез аз хуни холис иборат бошад, қаттол аст, зеро бар пурии хунии бошиддате далолат кунад, ки баробари он ҷӯшиши тез ҷой дошта бошад. Ба ҳангоми ин гуна [пешоб], ки агар хун ба сӯи дил майл кунад, бими ихтиноқест, ки аз пурии тиҳигоҳҳои дил ба амал ояд ва агар ба сӯи мағз майл кунад, бими падид омадани сакта бошад.
Агар пешоби ниҳоят сурх ба ҳангоми табҳои аз мондагӣ падид оянда ба пешоби ситабр табдил ёбад ва сипас дурди бисёре зоҳир бигардад, вале ба зер нанишинад ва андар ин ҳангом сардард ҳис карда шавад, ин далолат ба дер кашидани беморист, аз баҳри он ки модда нофармонбардор бувад ва бинобар ҳамин ҳам вай аз аввал ситабр нагардад ва чун ситабр шуд, зуд ба зер наравад.
Лекин буҳрон [андар ин ҳол] аз тариқи арақ ба амал ояд, зеро модда ба сӯи рагҳо бигарояд. Ин гуна пешоб ба пешоби ярақонӣ монанд буда, аз вай бо он фарқ мекунад, ки ҷомаро рангин насозад.
Умуман, пешоби ҳам сурхгавҳару ҳам сурхдурд бар [моддаи] хоми норасид далолат кунад ва хусусан агар сурхияш чандон баланд набошад, яъне ба тирагӣ бигарояд, бар дер давом кардани [беморӣ] гувоҳӣ диҳад.
Пешоби малларанг ба ҳангоми таби тез агар ба пешоби сафед ва ё сиёҳ табдил ёбад, ин далели бад аст, зеро он бо сафед шудани худ бар задани модда ба сӯи сар ва бо сиёҳ шудани худ ба тезшавии [53] кайфияти беморӣ далолат кунад.
Фасли ҳаштоду севвум нишонаҳое, ки аз тариқи шини [пешоб ] бигиранд

Бидон, ки шини гуногунқивому гуногунранге, ки бар бисёрии хилтҳои гуногун далолат кунад, бад аст. Аз ҳама бадтари он шинест, ки бахшҳояш аз ҳама хурдтар бошанд ва он бар табиате далолат кунад, ки то бахшҳо хурд нашаванд, қодири рондани онҳо нест. Ҳамвории шин бисёр бошад, ки беш аз сафедии он бар некӣ далолат кунад.
Бисёр вақт касе, ки шинаш ба сурхӣ бигарояд, лекин ҳамвор бошад, бизияд ва касе, ки шинаш ба сафедӣ бигарояд, вале ноҳамвору пароканда бошад, бимирад. Ба ҳақиқат [шини] дурустқивом назар ба дурустранг ронда шуданро осонтар бипазирад. [Шини ҳамвор] инчунин бад-он далолат кунад, ки хилтҳо аз беморӣ чандон бисёр мутаассир нашудаанд. Ҳамчунин шини хубе, ки бахшҳояш реза бошанд, гувоҳӣ аз он диҳад, ки табиат андар вай сахт таъсир кардааст, вале беморӣ не.
Шини сарҷӯшии кафкие, ки сафедии он аз сабаби омезиши бод бошад, бисёр бад (101) ва берун аз табиат бувад. Шини хом [низ] бад аст. Шини бахшҳои болоияш тунуки ҳаракаткунанда беҳтар аз шини бахшҳои болоияш фишурдаи ҳамвор бувад ва бештар бад-он далолат кунад, ки беморӣ зуд анҷомёбандаи тез аст. Шине, ки пеш аз дурд шуданаш онро тунукӣ наомада бошад ва аз ибтидо ҳамин тавр мавҷуд бошад, бар бисёрии хилт далолат кунад, на бар пухтагии он.

пешина
аз 1215
навбатӣ