Қонуни тиб

Баръакс, бояд шини [басёр] баъд аз пазиш, баъд аз тунук омадани пешоб андар оғоз ва баъд аз кам будани шин ба амал ояд. Агар чунин набошад, далолат бад-он кунад, ки моддаи ситабри дурдбахшанда бисёр ва беморӣ кушанда аст.
Ҳамчунин ба шиддат рангинии [пешоб] аз ғайри шин на бар некӣ ва пухтагӣ далолат кунад ва бошад, ки ин аз сабаби дард, аз сабаби шиддати гармӣ ва аз сабаби гуруснагӣ ориз бигардад, зеро гуруснаро пешоб бештар рангин ва камдурд ояд. Шини сурх бар бисёрии хун ва бар пас афтидани пазиш далолат кунад ва ҳангоми табҳои сӯзон тосаву андӯҳ онро ҳамроҳӣ кунанд. Агар он то чиҳил рӯз давом кунад, беморӣ дер кашида, буҳрон ҳатто андар рӯзи шастум ҳам ба амал наояд.
Агар андар пешоби тунук дурди сурхи овезоне ҷой дошта бошад, ки ба барсӯ бигарояд, ин ба ҳангоми бемориҳои тез бар шӯридагии ақл далолат кунад ва агар давом ёбад, бими ҳалок шудани [беморро] дорад. Агар қивоми пешоб ба ситабр шудан оғоз кунад ва дурди овезон ба нишастан ва сафед шудан бипардозад, ин бар саломатӣ далолат хоҳад кард. Шине, ки ба ҳангоми табҳои тез бар ҳайъати пораҳои гӯшт зоҳир бигардад ва далелҳои пазиш нопайдо бошанд, ин далолат аз он кунад, ки он пораҳо тарошаҳои андомҳоянд, вале на аз гурда. Агар андар ин ҳангом пухтагӣ ҷой дошта, вале таб набошад, ин далели он ҳолате аз гурда аст, ки донистӣ. Он шине, ки ба пашизи моҳӣ монанд буда, ба ҳангоми он нишонаи пазиш мавҷуд набошад ва таб тез бувад, пас ин аз тариқи асабҳо, устухонҳо ва рагҳоро тарошидани таб падид омадааст. Андар ғайри ин ҳолат аз обгаҳ бувад. Шини сабӯсмонанд бар ҳамон гуна тароша ва низ бад-он далолат кунад, ки таб ба фурӯтар тарошидан оғоз кардааст. Фарқи ин ва шини обгаҳӣ он бошад, ки ба ҳангоми шини обгаҳӣ нишонаҳои дарди обгаҳ ҷой дошта, [пешоб] пухта ва ситабр бувад.
Фасли ҳаштоду чаҳорум нишонаҳои аз тариқи ҳолатҳое аз қабили ранг ва қивом ҳосилшаванда, ки онҳо ба сабаби далелҳои як чиз бо ҳам фароҳам омада бошанд .
ва нахуст андар баёни пешобҳои равғанӣ
Яке аз инҳо пешоби равғаниест, ки рангу қивомаш рангу қивоми равғанро монад. Ин агарчи бад аст, вале агар
далелҳои дигар ба саломатӣ далолат кунанд, андар ин ҳол
чандон бад нест. Лекин агар шини [он] ба равғани зайтун монанд бошад, сахт бад бувад. Умуман, пешоби равғани зайтунгуни холис бад буда, ин ҳамонест, ки туро
ба ранги равған бинамояд ва ба изофаи он ба зардию сабзӣ бизанад. Агар пешоби равғани зайтунгун баъд аз
пешоби сиёҳ ояд, ба шаҳодати Руфуси ҳаким ин далели
некист. Бадтарин намуди пешоби равғани зайтунгун онест,
ки ба оғози беморӣ ояд. Ҳар гоҳ агар далелҳо ба бадии
[беморӣ] далолат кунанд ва бемор андар рӯзи чаҳорум
пешоби равғани зайтунгун кунад, ин аз он огоҳӣ диҳад,
ки бемор андар рӯзи шашум хоҳад мурд. Пешобе, ки якбора аз нишонаҳои сутуда ба нишонаҳои накӯҳида би
гардад, ин ба ҳангоми бемориҳои тез далели марг аст, зеро ин далолат бад-он дорад, ки қувват ба иллати душвории бемориҳо ба якбора афтода аст. Пешоби равғанӣ гоҳе бар ошуфтагии ақл далолат кунад, аз баҳри он ки аз сабаби хушкидани [мағз] ба амал омада бошад.
Агар баробари пешоби дорои лахтҳои хуни баста ба ҳангоми таби тез забон бихушкад, ин нишонаи бад аст ва агар ба изофаи он [забон] сиёҳ бошад, боз ҳам бадтар хоҳад буд. Ҳамроҳи пешоб омадани хун ба ҳангоми таби тез ҷуз ба шиддати тезии он ва кафидани рагҳову шохаҳои онҳо ба чизи дигаре алоқаманд нест ва бастагии хун ба сабаби шиддатнокии гармии [пешоб] бувад.
Пешоби сафеди тунуке, ки дорои кафк ва абрпораи зард аст, бар хатари бузурге далолат кунад, зеро аз ин нобасомонӣ ва шиддатнокии тезии модда гувоҳӣ диҳанд.
Андар бобати пешоби тунунки сиёҳ мо ба қадри кофӣ пеш аз ин сухан рондем. Пешоби тунуки малларанг агар андар оғози табҳои тез ба пешоби ситабри сафед табдил ёбад, сипас чун пешоби харон тираи дурднок боқӣ монда, ба беихтиёр рехтан оғоз кунад ва андар ин ҳангом бехобию бетоқатӣ ҷой дошта бошанд, ин гуна [пешоб] бар ташаннуҷи ҳар ду бар далолат кунад, ки агар нишонаҳои хуб бар ин [далолат] ғолиб набошад, аз паси он марг фаро расад, зеро пешоб ҷуз ба сабаби ғалабаи хилти сафровии гарм тунуку малларанг ва ҷуз ба сабаби душвории беморӣ ва нобасомонии ҳолатҳои модда ситабру сахт нахоҳад шуд. (102) Гуфтаанд, ки пешоби каме, ки ба ранги хун ояд, бад аст. [Хусусан агар каси ба таб гирифтор бемории ирқуннасо дошта бошад].129 Фасли ҳаштоду панҷум нишонаҳои баде, ки аз тариқи чӣ гуна рехтани пешоб ба даст оянд
Агар бемори таби тезро аз ғайри будани реш ва ё омосе андар афзорҳои пешобронӣ пешоб ҷуз ба миқдори кам ва бо дард берун омадан натавонад ва ба изофаи он набз думодуму заиф бошад, ин нишонаи бад аст. Ҳар гоҳ ба ҳангоми таби доимӣ пешоб баста гардида, сар ба шиддат дард кунад ва арақ бисёр ояд, ин далолат бар кузоз кунад. Пешобе, ки ба ҳангоми таби ором чакрачакра ояд, бар хуни бинӣ шудан гувоҳӣ диҳад, вале агар таб тези сӯзон бошад, бар ҳолати баде далолат кунад, ки мағзро расида бошад ва агар таб паст бошад, бар бисёрии пурӣ ва бар заиф омадани табиат аз кори рондан далолат кунад. Сабаби пешобе, ки ба ҳангоми табҳои тез беихтиёр берун ояд, нотавонии қувват ва офати андар мағз буда бувад ва ин танҳо аз он сабаб ба амал ояд, ки моддаи тези гармиваранда ба мағз бизанад ва андомҳои мушакӣ низ бо ӯ анбозӣ кунанд.
Фасли ҳаштоду шашум
ЯКЧАНД НИШОНАҲОИ БАДИ ПЕШОБ
Пешоби обакӣ ва пешоби сиёҳи бадбӯи ситабр баданд.
Пешобе, ки аз фурӯсӯи он ба барсӯ чизе чун дуд бар шавад, [далели он бошад, ки] ба наздикӣ марг фаро расад.
Ҳамчунин, пешоби равғание, ки рангаш ба ранги оби гӯштшуста монад ва бисёр бадбӯй бошад, қаттол аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор