Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли ҳаштоду ҳафтум
нишонаҳои бади андар беморон [дидашаванда], ки аз ҷинсҳои гуногун иборат
буда, бадии онҳо аз он ҷиҳат бошад, ки
онҳо андар беморони таб ва дигар беморон якбора ба ҳам ҷамъ оянд

Агар қай, печиши ноф ва ошуфтагии ақл бо ҳам ҷамъ оянд, инҳо нишонаҳои марговар буванд. Агар чӣ гуна ба ҳисси ламс дарёфтани тан, ранги он ва чизи аз тариқи қай ва истифроғ беруноянда гуногун бошанд, ин бад-он далолат кунад, ки табиат гирифтори хилтҳои гуногун ва бемориҳои гуногун аст ва ба мубораза бурдан бо ҳамаи онҳо эҳтиёҷ дорад. Ин яке аз омилҳоест, ки ногузир ӯро нотавон хоҳад кард.
Агар ба ҳангоми таби ҷудонашаванда сардии беруни тан, афрӯхтагии дарун ва шиддатнокии ташнагӣ бо он ҷамъ шуда бошанд, ин қаттол аст. Агар баробари ба ҳам задани дандонҳо ошуфтагии ақл ҷой дошта бошад, пас, бемор андар остонаи марг қарор дорад.
Агар ягон беморро ба изофаи аланга, сӯзиш ва дарди шикам ва хафақону азҳушравӣ якбора исҳоли сиёҳ ориз гардад, ин нишонаи марг бувад. Агар пешонӣ арақи сард кушояд, нохунҳо зарду кабуд ва дигаргун шаванд, забон варам карда, бар рӯи он ва бар тан табишҳои ғайри одӣ падид оянд, пас, марг наздик аст.
Агар ба изофаи таб андар ноҳияҳои сари устухонҳои паҳлу дилзанию паридан ҷой дошта, сипас ба изофаи инҳо чашм ба таври беҷо ҳаракат кунад, аз ин чашмдори бад шудани ҳол бояд буд, зеро ин ҳол ба бодҳои дамоваранда далолат кунад ва дилзанӣ ба сабаби омоси шадид ва ба сабаби шиддатнокии набзи шоҳраг ба амал омада бошад. Набзи сахти занандаи пайдарпай ва ниҳоят бузург ёри девонагист. Бояд андар ин ҳангом ба тааммул нигарист, зеро бошад, ки дилзаниву паридан ба сӯи андомҳои дарунӣ фурӯ нараванд, балки андар зоҳири мароқ ҷой дошта бошанд. Андар ин ҳолат агарчи омос ҳам ҷой дошта бошад, зиёнвар нест, вале ба шарте, ки бузургии [набз] беандоза зиёд набошад. Агар ин ҳолат бист рӯз давом кунад ва омосу таб ором наёбанд, ин бар сар овардани [омос] далолат кунад. Гоҳе бемор [54] аз тариқи пешоби фаровон омадан ва гузаштани модда ба сӯи андомҳои атрофӣ хусусан ба сӯи пойҳо аз ин ҳолат ҷон ба саломат бибарад. Агар касони аз беморӣ нотавоншударо нафаси думодум ва беҳушӣ ориз бигардад, пас, марг наздик аст ва беш аз чаҳор соат назиянд. Агар касеро таби сӯзон бошад ва аз ғайри ҷой доштани буҳрони аз тариқи исҳол ва ё беҷошавии модда баамаломада бидуни гармихомӯшкунии ба ғоят зиёд ва низ бидуни аз як иқлим ба иқлими дигар рафтан, чӣ андар як кишвар ва чӣ андар ду кишвар якбора сабукӣ ва ором шудани гармӣ ҳис кунад ва суръати набз суст шуда, ӯро ҳолате чун осудагӣ падид ояд, ба зуд мурдани он ҳукм барор.
Агар касеро таб бошад ва дилаш ногаҳон ба сахт задан дарояд, ҳукак падид ояд ва шикамаш бе сабаби маълуме баста шавад, ӯ бимирад. Агар пешоби касе, ки бемории тез дорад, нахуст малларанги латиф ва сипас ситабру сафед бигардад, вале ҳамчунон тира ва мисли пешоби харон боқӣ бимонад ва агар бемор ба беихтиёр

пешоб кардан оғоз намуда, бехобию бетоқатӣ низ ҷой дошта бошанд, [ҳамаи] ин бад-он далолат кунанд, ки андар ҳар ду бар азҳамкашидагӣ зоҳир шуда, сипас бемор бимирад. Гуфтаанд, ки ҳар гоҳ пешоб (103) баъд аз сафед будан зардавӣ шуда, бар сари он чизе кафкмонанд падид ояд ва сипас аз ҳар ду сӯрохи бинӣ хуни сиёҳ ҷорӣ шавад, ин бад ва нохуб бувад.
Бархе аз нишонаҳои бад онҳоест, ки гурӯҳе аз пизишкон ёд кардаанд, вале ҷуз ба душворӣ андар онҳо роҳ набаранд. Гуфтаанд, ки агар одамро бар раги варидии гардан обиларезае шабеҳи донаи каду ва бо хушкрандаи сафеди бузург барояд ва ӯро ба чизҳои гарм иштиҳо пайдо шавад, бимирад. Гуфтаанд, ки агар одамро бар гижгоҳии чап обиларезаи сурхи сахт барояд ва ба изофаи он худованди он ба хориши сахти чашм гирифтор шавад, андар рӯзи чаҳорум бимирад. Гуфтаанд, ки ҳар киро андар зери чашм обиларезае мисли наск барояд, андар рӯзи даҳум бимирад ва худованди ин гуна дард ба чизҳои ширин иштиҳо пайдо кунад. Гуфтаанд, ки ҳар иллати шадиде, ки ногаҳон ориз бигардад ва сипас аз паси он қай ва ё шикамрав рӯй бидиҳад, ин далели марг бувад. Гуфтаанд, ки агар бемори таб ва ё ягон бемори дигареро омосҳо ва решҳои нарм падид омада, сипас ақлаш биравад, хоҳад мурд. Гуфтаанд, ки агар одамро андар рӯй ва тан130 сустгӯштӣ ба амал омада, вале дард накунад ва ӯро андар оғози ин ҳол бинӣ бихорад, ба рӯзи дуввум ва ё севвум бимирад. Гуфтаанд, ки агар ягон касро бар зону чизе чун ангури гирдшакл бирӯяд ва он сиёҳ буда, гирдогирдаш сурх бошад, зуд бимирад, агар не, баъд аз панҷоҳ рӯз [хоҳад мурд] ва нишонаи маргаш он бошад, ки арақи сард кушояд.
Фасли ҳаштоду ҳаштум нишонаҳои дер кашидани беморӣ

Бидон, ки дер кашидани беморӣ ё ба сабаби ситабрии [моддаи] андомҳои дарунӣ ва ё ба сабаби тадбири ғизоии бетартибона ба амал ояд. Чӣ гунае набошад, ба ҳангоми он меъда нотавон бигардад, аз баҳри он ки [дер кашидани беморӣ] онро лоғар кунад.
Нишонаҳои он ё дер пухтанест, ки аз тариқи он далел бигиранд, ё дер ба зер нишастани дурди овезон аст ва ё пайваста шини сурх доштани пешоб бувад. Низ, кам зоҳир шудани пажмурдагӣ бар дер кашидани беморӣ далолат кунад. Ҳамчунин, агар баробари тезии беморӣ набз бузург, рӯй фарбеҳ, сари устухонҳои паҳлу дамида буда, пажмурда набошад, ин бар камҳалшавандагӣ ва дер кашидани беморӣ далолат кунад. Ҳар гоҳ нишонаҳои буҳрон пеш аз пазиш оянд ва агар қувват наафтода ва нишонаҳои марг зоҳир нашуда бошанд, па, беморӣ дер давом хоҳад кард.
Бидон, ки агар ҳолатҳои бимноки буҳрон ва дардҳои он на суде бахшанду на зиён оваранд ва ҳолатҳои [беморӣ] ба ҷои хеш боқӣ бимонанд, пас, беморӣ ба дарозо бикашад. Бисёр паридани [андомҳо] ба ҳангоми беморӣ ва хусусан агар аз ибтидои беморӣ оғоз ёфта бошад, ин бар дер кашидани он далолат кунад, вале агар андар марҳалаи анҷом падид ояд, созгортар хоҳад буд. Бисёр арақ кардан бар дарозии [беморӣ] далолат кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ