Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар истифроғҳои ками чи ба шакли арақ, чи хуни бинӣ ва чи ғайри инҳо ба амал ояндае ҷой дошта, бад-он далолат кунанд, ки табиат моддаро ба ҳаракат овардааст, вале аз пурра рондани он оҷиз аст ва агар онҳоро нишонаҳои дигари хубе ҳамроҳӣ кунанд ва ё нишонаҳои баде ҷой надошта бошанд, ин бар дарозии беморӣ далолат кунад. Агар шини сурх то чиҳил рӯз бимонад, аз дароз кашидани беморӣ огоҳӣ диҳад ва ҳатто то шаст рӯз ба буҳрон ва гузаштани беморӣ умед нахоҳад буд. Андар аввалҳои беморӣ иҳтиломӣ шудан бар дарозии он далолат кунад.
Агар андар рӯзҳои пеш аз [буҳронӣ] нишонаҳои дер давом кардани бемориро мушоҳада кунӣ, далолати онҳо мисли баъд аз [буҳрон] далолат карданашон нест. Низ, агар бибинӣ, ки зидди он нишонаҳо андар рӯзҳои миёнгин ва андар рӯзҳои ахир қариби ба зуҳур омадананд, пас, ҳукми пешгӯиро тааммул кун, то бидонӣ, ки онҳо ба кадом рӯз биафтанд ва он рӯз аз кадом рӯзи [буҳрон] огоҳӣ диҳад. [Инчунин] шартҳои андар ин бобат ёдшударо риоя кун ва ҳоли қувват, синну сол, фасл ва мизоҷ, ҳоли ҳаракатҳои беморро аз ҷиҳати кайфияту камият ва пешоиву пасафтӣ, марҳалаҳои [беморӣ] ва хусусан марҳалаи охири табҳои тез ва дарозию кӯтоҳии онҳоро тааммул намуда, [бидон], ки оё онҳо рӯ ба ҳаракат доранд ва ё ба оромӣ, он гоҳ ба чи андоза [тӯл кашидани] он ҳукм барор.
Фасли ҳаштоду нуҳум нишонаҳои он, ки беморӣ бо буҳрон бигузарад ва ё бо ҳалшавӣ

Агар қувват қавӣ, беморӣ тез ва навбатҳо андар камият ва кайфият рӯ ба фузунӣ бошанд, синн, мизоҷ ва фасли сол аз он қабилҳое буванд, ки ба ҳаракат додан майл дошта бошанд, на ба ором сохтан ва агар пазиш ва зидди онро нишонаҳои зудпадидоянда ҷой дошта бошанд, андар ин гуна ҳол беморӣ аз тариқи буҳрон бигузарад.
Агар ин чизҳо баръакс буда, нишонаҳои дероӣ мавҷуд бошанд, пас, беморӣ дер давом ёфта, ё бикушад ва ё аз тариқи ҳалшавӣ бигузарад. Агар ин [нишонаҳо] омехта бошанд, буҳронҳо нопурра, пасафтода ва гузаришӣ хоҳанд буд. Аммо бар марг ва ё зиндагии [бемор] аз тариқи ҳолатҳои қувват (104) ва он нишонаҳое огоҳӣ бояд ҷуст, ки аз барои ҳар як аз ин ду ҳол таъйин шудаанд ва онро тақозо кунанд.
Фасли навадум ҳукумҳои канда шудани бемор

Бадтарин намуди кандашавӣ онест, ки аз ҳама зуд ва ба ҳангоми сусттарин ҳолати қувват ояд. Агар сурати ҳол бад-ин гуна бошад, ногузир вайро нишонаҳои ҳалокат ҳамроҳӣ кунанд. Кандашавие, ки ба сабаби хатогии тадбири ғизоӣ ба амал ояд, беосебтар аз кандашавиест, ки худ ба худ ва ба ҳангоми дурустии тадбир рӯй диҳад. Яке аз хатоҳое, ки андар ин ҳангом биафтад, ба бемор додани доруҳои гармиоваранда ва он доруҳоест, ки мурод аз онҳо хуб сохтани иштиҳо ва гувориш бувад. Мисоли онҳо гулангубини асалӣ, қурсҳои гул ва монанди инҳо мебошад.
Осори баъд аз буҳрон боқимондаи [беморӣ] агар чорабинӣ нашавад, зуд боиси кандашавӣ хоҳад шуд. Канда

шавӣ аз асли он бадтар аст, аз баҳри он ки бадбахтӣ ҳангоме боз ояд, ки қувват абгор бошад.
Фасли наваду якум нишонаҳои кандашавӣ

Агар ягон касро таб аз тариқи буҳрони пурра ва андар рӯзи он ором наёбад, бими канда шудан дорад, вале агар бидуни буҳрон ором шуда бошад ва хусусан агар буҳрон ба ҳангоми, масалан, обила, ё ярақон, ё гар ва умуман ягон бемории пӯст ҷой дошта бошад, аз канда шудан чора нест. Бар кандашавии баамалоянда аз тариқи нотавонии қувват, иштиҳо, маниши гаштан, баднафсӣ, камии гувориш, табаҳ шудани таом андар меъда ва ба турушӣ ва ё дудӣ гароидани он, дамидани сари устухонҳои паҳлу, ноҳияҳои ҷигар ва испурч, табоҳии хоб, бедорхобии дароз кашидан ва шиддати ташнагӣ далел бигиранд. Хусусан ба шиддат дамидани рӯй, алалхусус пилки болоӣ ва варам кардану баъди гаштани дамидагии рӯй бад-ин ҳол мондани он нишонаи аз ҳама бузург аст.
Яке аз нишонаҳои бад-он далолаткунанда ин аст, ки тан таомро хуб напазирад ва бо он лоғарии тан аз байн наравад. Ин хусусан ҳангоме [хуб далолат кунад], ки агар ин аразҳои бад андар соатҳои навбатҳои бемории гузашта падид омада ва ё шиддат ёфта бошанд.
Гоҳе бар кандашавӣ бад-ин гуна огоҳӣ пайдо кунанд:
аз тариқи набз бад-ин гуна, ки агар думодумию суръати он боқӣ монда бошад; аз тариқи сахт андарун рафтаву пинҳон будани хуроҷҳои буҳронӣ; аз тариқи пешоб бадин гуна, ки агар андар он рангҳои [гуногуни] зиёде аз қабили зардӣ, ё маллагӣ ва ё сурхӣ боқӣ монда бошанд; ё он хом буда, на [дурди] овезон дошта бошад, на нишаста ва ё агар пешоби бемор ба пешоби табиии ӯ шабоҳат надошта бошад.
Бархе аз фаслҳо беш аз бархе дигар бар кандашавӣ далолат кунад. Масалан, андар хазон беш аз дигар фаслҳо кандашавӣ воқеъ шавад. Ҷинси беморӣ низ ҳангоми огоҳӣ ҷустан аз кандашавӣ ёварӣ кунад. Мисолаш инҳост: табҳои омосие, ки агар андар андомҳои дарунӣ гармию аланга аз худ ба ҷой гузошта бошанд; саръ; садар; дардҳои гурда, ҷигар ва испурч; дарди нимсара; «хӯд»; назлаҳо ва оқибатҳои аз онҳо сарзананда аз қабили варами чашм ва ғайра; ва бемориҳои [андомҳои] нафаскашӣ.
Фасли наваду дуввум андар баёни сабабҳои марг

Марг ё ба сабаби он чи, ки мизоҷи дилро табаҳ кунад ва ё ба сабаби таҳлил ёфтани қувват ва хомӯш шудани [гармии модарзодӣ] ба амал ояд. Марги ба сабаби табаҳсозандаи мизоҷи дил падид оянда ба иллати ё дарди сахт, ё ягон кайфияти ба ифрот расидаи маълум, ё кайфияти бегонаи заҳрнок ва ё баста шудани роҳи дам рӯй диҳад. Худовандони барсом аксар вақт ба сабаби наомадани дам бимиранд. Бинобар он набояд гузошт, ки эшон бар пушт бихуспанд ва низ набояд гузошт, ки гулӯяшон бихушкад.

пешина
аз 1215
навбатӣ