Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли наваду севвум
намудҳои гуногуни марг, ки [55]
андар марҳалаҳои табҳо рӯй диҳанд ва
нишонаҳои чӣ гуна мурдани бемор

Аз ҷумла маргест, ки баробари оғоз ёфтани навбати таб, ба ҳангоми афзоиши он ва ё ҳангоми давраҳои он рӯй диҳад. Аксар вақт ин ба ҳангоми табҳои омосии дарунӣ ба амал омада, андар ин ҳол фазлаҳо ба якборагӣ ба сӯи омос битарованд ва [ё] ба ҳангоми бемориҳои палиде [ориз бигардад], ки чун онҳо нахуст ба таври қавӣ ҳаракат кунанд, табиат, хусусан агар заиф бошад, аз онҳо шикаста шавад. Умуман, ин гуна [марг] мисли гулӯгир шудан ва ё чун мурдани оташ аз ҳезуми бисёр бувад.
Дигар аз ин ҷумла маргест, ки андар марҳалаи охири навбатҳои таб ба иллати шикаст хӯрдани табиат аз сӯи беморӣ ба амал ояд. Севвумин марг онест, ки ба марҳалаи пастравӣ биафтад ва ин каму нодир буда, аксар вақт ба ҳангоми пастравии ҷузъӣ, на пастравии ҳамагонӣ, рӯй диҳад. Сабабгори ин табиатест, ки худро ҳамчун амонёфта бишуморад, вале гармӣ рӯ ба густариш ёфтан ниҳода, паҳн бигардад ва аз худдорие берун ояд, ки андар рӯзҳои аввал бад-он эҳтиёҷ бошад. (105) Бештари чунин [беморон] аз тариқи беҳуш шудан якбора ва бархе аз эшон ба тадриҷ бимиранд.
Гоҳе пастравӣ пастравии бидуни суст шудани қувват ва ҳал шудани гармии модарзодӣ бошад, вале онро пастравии ростинӣ пиндоранд. Набз ба ҳангоми ҳар ду пастравӣ гуногун бошад: ҳангоми [пастравии] ростинӣ қавӣ ва ба ҳангоми [пастравии] дурӯғин суст бигардад. Вай ба ҳангоми [пастравии] ростинӣ ҳамвор ва ба ҳангоми [пастравии] дурӯғин ноҳамвор буда, аз ҳоли муназзамӣ берун ояд.
Ба ҳангоми пастравии ҳамагонӣ бемор танҳо ба сабабҳое бимирад, ки аз паси [пастравӣ] якбора аз берун ба бемор андар ҳоли камқувватӣ рӯй диҳанд. Мисоли инҳо ҳаракат кардан, ё бархостан ва ё ба хашм омадан бувад.
Гоҳе мисли ҳамин низ ба ҳангоми оғози [беморӣ] рӯй диҳад ва пеш аз ин гуна марг андаке арақи часпак зоҳир бигардад. Бисёр бошад, ки одамон ба ҳангоми обила андар марҳалаи пастравӣ бимиранд ва аксар вақт пеш аз он арақи нобаробар ва моил ба сардӣ ба амал ояд. Вай гоҳе танҳо андар сару гардан ва гоҳе дигар танҳо андар сина падид ояд. Агар пӯст ба ҳангоми назъ хушки аз ҳам кашида бошад, марг аз тариқи арақ кардан ба амал наояд, вале ба ҳоли акси ин аз тариқи арақ кардан рӯй диҳад. Лекин аксари марг ба ҳангоми бемориҳои қаттол аз як ҷиҳат андар соате фаро бирасад, ки ба ҳангоми бемориҳои некфарҷом буҳрони хуб [андар ин соат] биафтад. Масалан, агар [бӯҳрони] беморӣ андар рӯзҳои ҷуфт биафтад, марг ҳам андар рӯзҳои ҷуфт биафтад, вале агар он андар рӯзҳои тоқ биафтад, ин низ андар рӯзҳои тоқ хоҳад афтид.
Бидон, ки таби сӯзон ва дигар бемориҳои бад-он монанд ба наздики анҷом ёфтани навбат боиси марг бигарданд ва андар ин ҳангом аразҳои баде аз қабили ошуфтагии ақл, шиддат ёфтани тоса ва ё субот ва тоби бардоштани таб накардан падид омада, сипас сардард, торик шудани чашм, дарди дил ва бетоқатӣ рӯй диҳанд. Табҳои балғамӣ ба оғози навбат боиси марг бигарданд ва андар ин ҳангом сардӣ ба дарозо кашида, гармӣ ба амал наояд, набз сахт хур

ду бад бувад ва субот ва ланҷӣ шиддат ёбанд. Умуман, ҳамаи ин [бемориҳо] андар соате боиси марг бигарданд, ки он хоҳ аз марҳалаи оғоз бошад, хоҳ болоравӣ ва хоҳ анҷом, ба ҳангоми он ин [аразҳо] бар бемор бештар шиддат биоваранд. Гоҳе ба нудрат андар марҳалаи афзоиши ошкоро марг иттифоқ биафтад.
Агар ба ҳангоми ҳар як аз он марҳалаҳое, ки мо ёд кардем, нек тааммул кунӣ ва нишонаҳои маргро наёбӣ, бепарво бош, вале агар дарёбӣ, ҳадс бизан, ки марг ба амал хоҳад омад ва агар ба изофаи онҳо бахше аз нишонаҳои бади ёдшуда ҷой дошта бошанд, ба таври қатъӣ бад-он ҳукм барор.
Андар бештари ҳолатҳо агар навбатҳо ба рӯзҳои тоқ оянд, [бемор] ба рӯзи ҳафтум бимирад, вале агар ба рӯзҳои ҷуфт биафтад ва хусусан агар бемор тезҳаракат бошад, ба рӯзи шашум бимирад.
Фасли наваду чаҳорум нишонаҳои марги бе буҳрон

Аз ҷумла заъфи қувват ва нотавонии он аз муқовамат бо беморӣ, дигар ба таври ҳатмӣ пас афтодани нишонаҳои пазиш ва инчунин ба изофаи суст ҳаракат кардани беморӣ қавӣ будани он мебошанд. Агар ҳамаи инҳо якҷо биафтанд, бештар далолат хоҳанд кард.
Фасли наваду панҷум ҳолатҳое, ки беҳшавандагонро ориз бигарданд

Гоҳе касони аз беморӣ бархезандаро ба шарте канда шудан рӯй диҳад, ки [ҳолатҳои] андар боби кандашавӣ ёдкардаи мо ҷой дошта бошанд. Эшонро ба ҳасби он чи ки андар боби тадбири [ғизо] ёд кардем, қувват ва ё заъф шиддат ёбад ва гоҳе чунин рӯй диҳад, ки аз чизи хӯрдаашон суд набинанд ва аз он танашон рӯ ба қавӣ шудан наоварад. Гоҳе агар баданҳояшон аз тариқи истифроғ пурра пок нашуда бошанд, эшонро хуроҷҳо ориз бигарданд ва гоҳе дигар бархе аз андомҳояшон ба иллати ронда шудани модда бад-он сӯй табаҳ шавад.
Гоҳе агар тадбирҳои зидди бемориро ба ифрот ба кор баранд, мумкин аст беморонро он бемориҳое ориз бигарданд, ки зидди бемориҳои аз сар гузаронидаашон бошанд. Масалан, агар сардифизоию тариоварӣ аз андоза бигузаранд, эшонро гаронии забон, фалаҷ, қулинҷи сард, сакта, саръ, сардарди монда, дарди нимсара ва монанди инҳо падид оянд.
Бисёр бошад, ки эшонро хориш рӯй диҳад ва онро оби нимгарм бибарад ва гоҳе ба иллати нарасидани ғизо ва паҳн шудани рутубати модарзодие, ки барқароркунандаи сиёҳист, мӯйҳо сафед шаванд, чунонки киштзорро ҳамин ҳол рӯй дода, ҳар гоҳ хушк шавад, сафед бигардад.
Сипас чун ҳолашон беҳ шавад, сиёҳии мӯяшон боз ояд, чунонки киштзорро низ ҳамин гуна буда, чун обаш бидиҳанд, (106) сабзияш боз ояд.
Фасли наваду шашум тадбири ғизоии каси аз беморӣ бархоста

Бояд андар ҳама кор бо каси аз беморӣ бархоста оҳиста рафтор кард ва бояд ба ӯ ягон чизи гарониоваре аз қа били ғизоҳо, ҳаракатҳо, гармобаҳо, сабабҳои нороҳаткунанда ва ҳатто садоҳо ва дигар чизҳо ворид наояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ