Қонуни тиб

Бояд ба тадриҷ ба варзиши муътадили сабук бипардозад, зеро он сахт судманд аст ва бо чизе машғул бишавад, ки хунашро афзоиш бидиҳад. Ӯро бояд осуда доранд ва шоду масрураш кунанд, вале аз ҳар гуна истифроғ, хусусан аз ҷимоъ дураш бидоранд. Шароб ба андозаи муътадил ва хусусан шароби латифи тунук ӯро судманд бувад.
Аз миёни касони аз беморӣ бархоста аз ҳама беш касе сазовори манъи кушодаайшист, ки буҳронаш ноаён гузашта бошад, зеро ӯ қобили кандашавӣ бувад. Бошад, ки чунин беморро ба истифроғ эҳтиёҷ биафтад ва аз ҳама беҳ барои он исҳоли латиф буда, [онро] хусусан ҳангоме [бояд ба кор бурд], ки агар бирозро зардавӣ ва ё моил ба ранг ва қивоми яке аз хилтҳои сабабгори таб биёбӣ ва андар иштиҳо халале мушоҳада кунӣ. Ҳар гоҳ [исҳол овардан] бихоҳӣ, нахуст каси аз беморӣ бархостаро осуда дор ва қувваташро ба оҳистагӣ биафзой, он гоҳ ба истифроғ бипардоз.
Гоҳе туро бад-он эҳтиёҷ биафтад, ки бо ёрии ғизо ҳам истифроғ оварӣ ва ҳам тақвият бидиҳӣ. Андар ин ҳангом ба бемор ғизоҳои доругии исҳоловар бидеҳ ва ё бо онҳо каме аз доруҳои исҳоловарандаи созгоре биомез, ки мисоли онҳо барои худовандони зарда олу, ширхишт, тарангубин ва монанди он мебошад.
Бошад, ки эшонро пешоб тозондан суд бахшад ва бо ёрии он рагҳояшон пок бигарданд. Гоҳе ҳамин доруҳои пешобтозонандаи маъруф чунин таъсир дошта бошанд ва шароби омехта низ ҳамин гуна таъсир кунад. Аммо ба раг задан бошад, каси нав аз беморӣ бархостаро кам эҳтиёҷ биафтад ва агар биафтад ҳам, ҳангоме биафтад, ки намуди зоҳирӣ ва нишонаҳои хун бад-он далолат кунанд ва хусусан чизе шабеҳ ба пасмондаи табро андар рагҳо мушоҳада кунӣ ва андар лабон табхол дарёбӣ. Гоҳе туро ба задани раги бемори таб бадии хуне маҷбур кунад, ки ба сабаби боқимондаи бахши хокистарии хилтҳо вобаста бошад ва он туро лозим бидорад, ки то хуни бадро бирезӣ ва хуни хубро афзоиш бидиҳӣ. Андар ин ҳолат бояд оҳиста рафтор намуда, ягон кореро ба якборагӣ ба амал наоварӣ.
Хоби рӯзона бошад, ки ба иллати сустӣ овардан каси аз беморӣ бархостаро зиён бирасонад ва бошад, ки ба сабаби осудагӣ овардан суд бахшад. Агар ин гуна [хоб] ӯро созгор наояд, бошад, ки ба иллати хомӣ овардан ва шикастани қуввати гармии модарзодӣ боиси падид омадани таб бигардад. Эҳтиёт андар кори ҳамаи касони аз беморӣ бархостаи чи пок ва чи ғайри пок он бошад, ки бояд ҳоли эшон то ду-се рӯз ва беш аз он бар ҳамон тадбири ғизоӣ ва дигар тадбирҳое бигузарад, ки ҳангоми беморӣ ҷой доштанд ва умуман ин ба андозае бояд давом кунад, ки аз рӯзи буҳронии пеш аз рӯзи тандурустӣ омада ҳам таҷовуз кунад. Сипас он миқдорро афзоиш бидиҳанд. Тадбири бемори нав бархостаи танаш пок ва он касеро, ки табаш некфарҷом аст, набояд латиф сохт, зеро ин тани ӯро тафсонида, ҳолашро бад хоҳад кард. Баръакс, бояд ки ӯ андар андаке аз рӯзгор аз ҳоли пажмурдагию лоғарӣ рӯ ба фарбеҳӣ ниҳад, зеро қувваташ ба ҷой аст. Ба каси ҳолаташ баръакс буда хилофи ин [тадбир] кунанд.
Агар каси аз беморӣ бархостаро иштиҳо набошад, пас, ӯро пурист ва агар иштиҳо дошта бошаду вале фарбеҳ нашавад, па, вай бар хеш беш аз тавоноӣ ва беш аз қуввати табиаташ бо ғизо гаронӣ овардааст ва [табиат] онро аз худ кардан ва андар тан парокандан натавонад, ё мумкин аст андар тани ӯ хилтҳои бисёре ҷой дошта, табиат бо онҳо ба кор аст, ё қуввати меъда ва ё қуввати тамоми тани ӯ сахт афтодааст ва ё ӯро гармии модарзодияш рӯ ба афтодан буда, ғизоро на ба андозае дигаргун кардан тавонад, ки то он муносиби ғизокашандагии табиат бигардад.
Ин гуна шахсон агарчи андар оғози кор иштиҳои таъом дошта бошанд ҳам, вале ҳоли эшон оқибат ба [56] беиштиҳоӣ бикашонад, зеро офатҳо ва пур будани тан аз хилтҳои бад андар шиддатёбию пастшавӣ буванд. Агар [каси аз беморӣ бархостаро] нахуст иштиҳо набошаду сипас ба сабаби ҷон даровардани қувват иштиҳо пайдо кунад, беҳтар аз он аст, ки нахуст иштиҳо дошта, сипас беиштиҳо бигардад. Агар иштиҳо доим бошад, вале тан ба қавию пурра шудан нагарояд, пас, қувваи иштиҳо ва афзорҳои он дуруст ва қувваю афзорҳои гувориш заиф бошанд. Бояд каси аз беморӣ бархоста ба тадриҷ аз [хӯрдани гӯшти] тиҳу ва мурғчӯҷа сар карда, ба гӯшти бузғола бигузарад ва то вақте ки рагҳо танганд, набояд ба ғизои ҳамешагӣ боз ояд.
Бошад, ки сикангубин ва ҳамчунин чизҳои туруш эшонро саҳҷ биоваранд, аз баҳри он ки рӯдаҳояшон камқувват буванд. Яке аз тадбирҳои аз барои нав аз беморӣ бархостагон [судманд] ин аст, ки эшонро аз ҳавое, ки андар он сукунат доранд, ба ҳавои зидди он бибаранд. Дигар аз тадбири эшон риоят намудани он эҳтиёткориест, ки ба ҳангоми намуди бемории ӯ лозим аст ва бояд бо он чизеро муқобил гузошт, ки аз он осудагӣ ҳосил шавад. Масалан, ҳангоми [аз беморӣ бархостани] беморони барсом бояд аз дуруштии синаи эшон бимнок буд. Набояд каси аз беморӣ бархоста андар гармоба арақ кунад, зеро аз ин гӯшти нотавони ӯ об хоҳад шуд. Агар ӯро бисёр (107) арақ ояд, пас, андар [танаш] фазлаҳост. Бо теғ тарошидани сар ба сабабе, ки пеш аз ин ёд карда шуд, ӯро зиён дорад.
Фасли наваду ҳафтум ғизо додани каси аз беморӣ бархоста
Бояд ғизои ӯ андар кайфият хубкимуси осонгувор бошад ва бояд ӯ на гуруснагӣ кашад ва на ташнагӣ. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки кайфияти [ғизоро] бар зидди мизоҷи иллати пешгузашта бигардонанд, аз баҳри он ки ё осори он ҳанӯз боқист ва ё аз барои эҳтиёт [чунин кунанд].
Бидон, ки ғизоҳои тари обакӣ зудтар ғизо шаванд, вале камтар ғизо бахшанд ва ғизои ситабри сахт, чи хӯрданӣ ва чи ошомиданӣ баръакси он бувад. Агар пасмондаи гармӣ тақозои [ғизоҳои] сард накунад, набояд, ки бар чунин шахс бо онҳо гаронӣ овард, балки бояд ба ӯ ғизоҳои мӯътадил, дорои гармии латифу рутубати комил ва зуд пазирандаи гувориш бидод. Бояд ғизои ӯ андар камият ба андозае бошад, ки гуворидану ҷудо шуданаш хуб бигузаранд. Агар ягон гаронӣ, қароқур ва зудгузарию дергузарии беандоза мушоҳада нашавад, миқдори онро ба тадриҷ биафзоянд, вале агар чизе аз онҳоро нописанд ёфтӣ, миқдори ғизоро коҳиш бидеҳ. Агар каси аз бемо рӣ бархостаро якбора пурӣ рӯй дода, меъдааш аз ҳам кашида шавад, бошад, ки ба таб гирифтор ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор