Қонуни тиб

Ҳамчунин, набояд якбора биошомад, зеро ин гоҳе хатарнок аст.
Вақти ғизодиҳӣ бояд ҳангоми муътадилии ҳаво андар тобистон бегоҳиҳо ва андар зимистон пешиниҳо бошад.
Вале агар ягон сабабе тақозои ба шитоб ғизо додан кунад, бояд ба ӯ баҳра-баҳра, на ба серӣ, ғизо дод.
Яке аз чизҳое, ки бояд каси аз беморӣ бархоста аз он парҳез кунад, оби сахт сард аст, зеро он бошад, ки ба бархе аз андомҳои дарунӣ гаронӣ оварад ва бошад, ки боиси ташаннуҷ бигардад ва мо касонеро ҳамедонем, ки бадон бимурданд.
Бидон, ки гоҳе иштиҳои каси аз беморӣ бархоста ё ба сабаби нотавонӣ ва ё ба сабаби доштани хилтҳо андар меъда бикоҳад ва андар бештари ҳолатҳо ҳолате чун маниши гаштан ӯро ҳамроҳӣ кунад. Гоҳе дигар [иштиҳо] ба сабаби ҷигар ва кам [ғизо] кашидани он бикоҳад ва ин ҳол андар ранг ва бирози тунуки сафед зоҳир бигардад.
Бошад, ки он ба сабаби хилтҳои андар тамоми тан ҷой дошта ва хоммонии ғизо бикоҳад ва ё мумкин аст ин [коҳиш] ба иллати заъфи қуввати тан ва гармии модарзодӣ
ва ё [заъфи] хосси меъда ба амал ояд. Ҳар як аз ин ҳолатҳоро бо тадбирҳои бароят маълум ва ҳар қадар ки мумкин бошад бо эҳтиёттар чорае биандеш.
Бидон, ки сикангубини биҳигӣ аз барои касони аз беморӣ бархоста ва хусусан аз барои онҳое, ки иштиҳояшон ба сабаби заъфи меъда рӯ ба афтидан аст ва эшонро бими саҳҷ нест, аҷаб доруи хубест. Аммо он доруҳои қавигардонандаи меъда, ки аз ин ҳам гармтаранд, масалан, қурси гул ва монанди он, гоҳе мумкин аст сабабгори канда шудани бемор бигарданд.
Фасли наваду ҳаштум ҳаракатҳои бемориҳо
Марҳалаҳои бемориро донистӣ. [Акнун] бидон, ки ҳаракатҳои давраҳои [беморӣ] аз ҷиҳати сахтӣ гоҳе рӯ ба афзоиш буда, бар [фаро расидани] марҳалаи анҷом далолат кунанд ва гоҳе рӯ ба коҳиш буда, бар [фаро расидани] марҳалаи пастравӣ гувоҳӣ диҳанд. Ҳаракатҳои бемориҳо ва аразҳои онҳо шаб шиддат ёбанд, аз баҳри он ки андар он ҳангом табиат аз ҳама чиз рӯй гардонида, ба пазонидани модда сахт бипардозад.
Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ СОАТҲО, РӮЗҲО ВА ДАВРАҲОИ БУҲРОНӢ
Фасли нахустин
андар баёни оғози беморӣ
ва ибтидои ҳисоби бУҳрон
Аз миёни мардумон бархеҳо гуфтаанд: «Оғози беморӣ, ки ҳисоби рӯзҳои буҳрон аз он гирифта шавад, ҳамон тарафи вақтест, ки ба ҳангоми он бемор таъсири бемориро ҳис кунад». Бархе дигар аз мардумон гуфтаанд, ки «на ин, балки он тарафи вақте бошад, ки ҳангоми он бемор дароз кашида, бихобад ва андар феълҳояш зиён зоҳир бигардад». Ин гуна ихтилоф андар бобати табҳое ба амал ояд, ки ғайри ногаҳонӣ ориз шаванд, вале ба ҳангоми табҳое, ки ногаҳон ориз бигарданд, аввали вақт пӯшида нест. Мисоли ин чунон аст, ки гурӯҳе аз беморони табро таб ба таври ошкоро ногаҳон оғоз ёбад. Эшонро пеш аз ин ҳеҷ дигаргуние рӯй надода бошад ва сипас чун бихобанд, ё ба гармоба дароянд ва ё монда шаванд, ногаҳон таб шаванд. Аммо ба ҳангоми он табҳое, ки пеш аз онҳо шикастагӣ, сардард ва монанди инҳо падид омада, сипас [худи табҳо] ориз бигарданд, ҳар ду амр мавриди ихтилоф бошанд. Аз ҳама беҳтар он аст, ки вақти ибтидои табро аз худи таб ба эътибор бигиранд, зеро андар он ҳангом хориҷ шудани мизоҷ аз ҳоли табиӣ ба таври намоён зоҳир бигардад. Оғози сардард ва шикастагиро ҳеҷ эътиборе нест ва дароз кашидану хоб рафтан низ на аз он чизҳоест, ки бад-онҳо эътимод кунанд, зеро бошад, ки бемор дароз накашида бошаду вале таб кайҳо оғоз ёфта бошад. Агар зан бача биниҳаду сипас ӯро таб ориз шавад, [оғози вақтро] бояд аз ибтидои таб гирифт, на аз ҳангоми бача ниҳодан, ки гурӯҳе ба хато онро оғоз бишмаранд. Аксар вақт таб [андар ин ҳолат] баъди рӯзи дуввум ва севвум падид ояд.
(108) Фасли дуввум
андар баёни сабаби рӯзҳои буҳрон
ва давраҳои он
Бисёр касон ба ҳангоми муайян кардани рӯзҳои буҳрони бемориҳои тез сабаби онро аз тариқи моҳ бидонанд.
Яъне қувваи моҳ қувваест, ки андар рутубатҳои дунё сироят намуда, муҷиби андар онҳо падид омадани намудҳои гуногуни дигаргунӣ бигардад ва ба ҳасби пазироии модда бар пазишу гувориш ёварӣ кунад ва ё таъсири баръакс бирасонад. Эшон аз барои ҳоли мадду ҷазр, баробари андозаи нури моҳ афзоиш ёфтани мағзҳо ва баробари пур шудани моҳ пухта шудани меваҳои дарахтону тараҳоро далел биоваранд. Ба гуфтаи эшон рутубатҳои тан андар зери таъсири моҳ буда, ҳолатҳои онҳо ба ҳасби дигаргунии ҳолатҳои моҳ дигаргун бигарданд ва зуҳури ин дигаргунӣ баробари шиддат ёфтани зуҳури ихтилоф андар ҳолати моҳ шиддат ёбад. Аз ҳама шадидтари он ҳангоми андар муқобили ҳолати пештар истодани моҳ аст ва сипас ба қадри чаҳоряк муқобил истодани он бувад. Ин иборат аз тақсим намудани даври моҳ ба ду ним ва сипас ба ними ним мебошад.
Ин [одамон] гуфтаанд: «Модоме ки даври моҳ тақрибан бисту нуҳ рӯзу сеяк буда, аз онҳо рӯзҳои бо [офтоб] ҷамъоиро бикоҳанд, зеро моҳ андар ин рӯзҳо таъсире нарасонад ва онҳо аз ду ним рӯзу се як иборатанд, пас бисту шашу ним рӯз боқӣ бимонад. Ними он сездаҳ рӯзу чаҳоряк, чаҳорякаш шашу ним рӯзу ҳаштяк ва ҳаштякаш се рӯзу чаҳоряк ва ними ҳаштяк буда, [бахши охирини] даври аз ҳама хурди моҳ бувад». Гоҳе инро аз тариқи дигар ҳосил кунанд ва натиҷаи он бо ин ҳисоб каме мухолафат намуда, андаке фузунтар ояд, лекин андар он бе рун шудан аз ҷодаи савоб ҷой дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор