Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бинобар ин, муддатҳо муддатҳое бошанд, ки ба ҳангоми онҳо дигаргуниҳои бузург рӯй диҳанд ва инҳо айни рӯзҳои давраҳои хурд буванд.
Ҳар гоҳ ба ҳангоми оғоз ёфтани як муддат модда хуб бошад, ба ҳангоми анҷоми он ба таври намоён ба сӯи беҳӣ дигаргун бигардад, вале агар ба ҳангоми оғози муддат модда ва ҳолатҳо табаҳ бошанд, онҳо ба ҳангоми анҷомёбии ин муддат бештар ба сӯи табоҳӣ дигаргун шаванд.
Буҳронҳои бемориҳои рӯ ба дерравӣ доштаро, ки марҳалаҳои онҳо беш аз як моҳ бикашанд, аз тарафи офтоб ҳисобгирӣ кунанд. Баъд [бояд гуфт], ки ин муайянсозӣ ва таҳлил мавриди шубҳаанд ва баъзе маҳалҳои баҳснок доранд, лекин пардохтан бад-онҳо бар уҳдаи табиатшинос буда, пизишкро ҳеч суде надоранд. Вазифаи пизишк донистани он чизҳоест, ки аз тариқи таҷрибаҳои бисёр ба даст оянд, вале уҳдадор нест, ки иллати онҳоро бидонад, зеро баёни ин иллат ӯро аз [синоати пизишкӣ] ба сӯи синоати дигаре бибарад. Баръакс, бояд гуфтаи оид ба рӯзҳои буҳрон буда гуфтае бошад, ки ба тариқи таҷриба ва ё аз тариқи донишҳои вазъӣ ва ба тасдиқ аз дигарон гирифта, гуфта шавад.
Бидон, ки бештари чунин касон «давр» гуфта, он чизеро гӯянд, ки дучанд шуданаш ӯро аз ҷинси хеш берун набарад ва маънои ин он бошад, ки дучандӣ онро ба сӯи рӯзи ғайри буҳронӣ нахоҳад бурд. Мисоли ин [даври] чаҳоррӯзӣ ва ҳафтрӯзист, ки дучанд шудани онҳо ҳамеша ба рӯзи буҳронӣ бианҷомад. Ин ба ҳасби эътибори рӯзҳои буҳрони он бемориҳоест, ки [буҳрони] чаҳоррӯзӣ ва ҳафтрӯзӣ муносиби онҳост. Даврҳои хуби аслӣ сетоанд:
даври чаҳориҳо, ки он том аст; даври ҳафтиҳо, ки низ том бошад; ва даври бистиҳо, ки томтари ҳамагон аст, зеро рӯзҳои чиҳилум, шастум ва ҳаштодум ҳама рӯзҳои буҳронанд. Аммо ду даври нахустин [57] ба сабаби он касре аз [даври ахир] бикоҳанд, ки ба эътибор гирифтани он воҷиб аст. Бад-ин сабаб се ҳафтрӯзӣ бист рӯз бошад, на бисту як рӯз. Чаҳоррӯзии якум рӯзи чаҳорум [ба поён расад] ва андар чаҳоррӯзии дуввум каср баробар карда шавад ва бинобар он вай андар рӯзи ҳафтум биафтад, зеро он аз шаш рӯзу як миқдори беши рӯзи ҳафтум иборат бошад ва бинобар он ҳамчун пайваста биафтад. [Даври] чаҳоррӯзии севвум андар рӯзи ёздаҳум биафтад ва андар ин ҳангом вақти дучандаи ҳафтрӯзиро ба тавре баробар кунанд, ки ҳафтрӯзии дуввум фаро расад ва андар рӯзи чаҳордаҳум биафтад. Сипас мо ҳафтрӯзии севвумро чун баробар кунем, ба рӯзи бистум биафтад. Ҳол андар чаҳоррӯзиҳо бад-ин гуна буд, ки чаҳоррӯзии якум ва дуввум пайваста, дуввуму севвум гусаста ва севвуму чаҳорум пайваста буданд.
Ҳар гоҳ [ҳисоб аз] рӯзи чаҳордаҳум бигузарад, андар он хилоф биафтад. Фозилтарини пешиниён, масалан, Буқрот ва Ҷолинус аз пайваста оғоз кардаанд ва бинобар он тартиби рӯзҳо чунин шудаанд: рӯзи бисту ҳафтум чаҳоррӯзиҳои пайваста ва бисту якум дучанди ҳафтрӯзиҳои гусаста. (109) Ҳамин тариқ, ду ҳафтрӯзии гусастаро мебинем, ки аз паси онҳо [ҳафтрӯзии] севвуми пайваста ояд ва бо ҳамин бист рӯз тамомият ёбад. Сипас як гусаста аз бистум ояд, ки он бистучаҳорум бошад. Баъд, бисту ҳафтум пайваста ва баъди он сиву якум ояд, ки ҳафтрӯзиҳои он гусаста бошанд. Сипас сиву чаҳорум ояд, ки андар он нахуст ҳафтиҳои пайваста ва сипас як ҳафтрӯзии гусаста бошад. Баъд, рӯзи чиҳилум фаро расад. Сипас, дучандӣ бар асоси се ҳафтрӯзиҳо ояд, вале он бист рӯз бошад

ва андар охир пайвастаи он шаст, ҳаштод, сад ва саду бист бишавад ва ба рӯзҳои миёнгини онҳо чандон бисёр диққат надиҳанд.
Аз дигарон, масалан, Аркоғонис гуфтааст, ки баъд аз рӯзи чаҳордаҳум ҳаждаҳум омада, он рӯзи буҳрон бошад, баъд бисту якум ва бисту ҳафтум омада, сипас сиву дуввум ва баъди он сиву ҳаштум оянд ва ба он ҳафтрӯзии [оянда] бипайвандад. Гурӯҳе рӯзҳои чиҳилу дуввум, чиҳилу панҷум ва чиҳилу ҳаштумро аз ҷумлаи рӯзҳои буҳрон шуморидаанд ва андар ин кор аз ҷодаи савоб берун рафтаанд. Худ бингар, ки чаҳоррӯзиҳо ва ҳафтрӯзиҳои эшон ҷудокарда чӣ гуна биафтанд.
Чаҳоррӯзиҳо ҳангоми рӯзҳои буҳрон то рӯзи бистум қувваи қавӣ доранд. Сипас қувватнокӣ ба ҳафтрӯзиҳо гузашта, то рӯзи сивучаҳорум бирасад. Ҳар гоҳ бемор ҳангоми бемории деррав аз рӯзи бистум гузарад, ба [давраҳои] ҳафтрӯзӣ бояд эътибор дод. Ба наздики Аркоғонис аз ҷиҳати ҳафтрӯзиҳо буҳрони хуб овардани рӯзи бисту якум беш аз рӯзи бистумест, ки он шоҳиди фазилати рӯзи ҳафтдаҳум бар ҳаждаҳум бувад. Лекин Буқрот, Ҷолинус ва касони баъд аз эшон омада ҳолро бад-ин гуна дарнаёфтаанд. Хилофи андар бобати рӯзи бисту ҳафтум ва бисту ҳаштум ҷойдошта низ ҳамин тавр буда, ақидаи Аркоғонис ғайри ақидаи он ду [пизишк] аст ва ӯ рӯзи бисту ҳаштумро бартар шуморидааст. Ҳоли рӯзи сиву якум бо сиву дуввум, сиву чаҳорум бо сиву панҷум ва чиҳилум бо чиҳилу дуввум низ ҳамчунин бувад.
Бидон, ки аз миёни бемориҳо бемориҳоест, ки буҳронашон андар ҳафт моҳ ва гузашта аз ин андар ҳафт сол, чаҳордаҳ сол ва бисту як сол биафтад. Бархеҳо чунин пиндоштаанд, ки баъд аз рӯзи чиҳилум дигар буҳрон ба тариқи истифроғи қавӣ ба амал наояд, вале масъала бадин гуна нест ва на низ беморро бад-он эҳтиёҷ бошад, ки беморияш аз барои ин гуна [буҳрон] ба бемории тез табдил ёфта, ӯро кандашавӣ ва ё бемории мураккабе падид ояд. Номумкин нест, ки табиат ба ҳангоми бемории деррав пайваста, ба пазиши [модда] машғул буда, сипас якбора бар вай фишор оварда, онро берун андозад. Вале ин ҳол кам рӯй диҳад ва бештар бад-он гуна бошад, ки [пизишкон] ёд кардаанд ва ин гуна [беморӣ] ё ба тариқи буҳронҳои ноқис, ё ба тариқи хуроҷҳои дероянда ва ё ба тариқи таҳлил яктарфа шавад.
Буқрот гуфтааст, ки бархе аз рӯзҳои буҳронӣ ҷуфт ва бархе тоқанд ва буҳронҳои рӯзҳои тоқ аксар вақт ва андар бештари бемориҳо қавитар буванд. Мисоли рӯзҳои ҷуфт рӯзи чаҳорум, шашум, ҳаштум, даҳум, чаҳордаҳум, бистум, бисту чаҳорум ва дигар рӯзҳои ҷуфтест, ки ба ҳасби ҳар ду равия баршумурдем. Мисоли рӯзҳои тоқ севвум, панҷум, ҳафтум, нуҳум, ёздаҳум, ҳафтдаҳум, бистуякум, бисту ҳафтум ва сивуякум бувад. Сипас Ҷолинус он чиро ки андар ин фасл аз ҳоли рӯзи ҳаштум ва даҳум ёд кардаанд, напазируфтааст ва онро хилофи асосҳои Буқрот дарёфтааст. Шояд инро Буқрот пеш аз хуб донистани масъалаи рӯзҳои буҳрон гуфта бошад ва ё шояд ин ба маънои дигаре бошад.
Бидон, ки гоҳе як чанд рӯзи буҳрон бо ҳам пайваста ҳамчун як рӯз бигарданд ва ин ҳол аксар вақт чи ба ҳангоми буҳрони истифроғӣ ва чи хуроҷӣ баъд аз рӯзи бистум рӯй диҳад.
Бидон, ки агар андар рӯзи буҳрони хуб нишонаҳои бад падид оянд, ин аз ҳама бадтар бошад ва ба марг далолат кунад. Аксар вақт, масалан, бархе аз ин [нишонаҳои бад] андар рӯзи ҳафтум ва ё чаҳордаҳум ориз бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ