Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли севвум
андар баёни чигунагии муносибатҳои
баъзе аз рӯзҳои буҳрон бо баъзеи дигараш
аз ҷиҳати қуввату заъф ва муқоясаи онҳо
бо бемориҳо

Бархе аз рӯзҳои буҳронӣ ба ғоят қавӣ буда, қариб ҳамеша андар онҳо буҳрон биафтад, бархе сахт заиф ва бархе дигар миёнаҳол бошанд. Мо онҳоро сипас якояк баён хоҳем кард. Пеш аз ин бояд бигӯем, ки нахустин рӯзи буҳрон рӯзи (110) чаҳорум аст, вале бо вуҷуди ин буҳрон андар он бисёр наафтад ва он аз рӯзи ҳафтум [омадани буҳрон] огоҳӣ диҳад. Аммо рӯзи ҳафтум рӯзи қавӣ ва хуб буда, рӯзи чаҳорум аз он огоҳӣ диҳад. Рӯзи ҳафтумро метавон сари табақаи болоӣ ҳисобид. Рӯзи ёздаҳум ба андозаи рӯзи чаҳордаҳум қавӣ нест, лекин ба ҳангоми бемориҳое аз қабили таби рӯзафкан, ки навбатҳои онҳо ба рӯзҳои тоқ оянд, сахт ва беш аз рӯзи чаҳордаҳум қавӣ бошад. Рӯзи чаҳордаҳум рӯзи қавист ва қувваташ ба ҷоест, ки аз рӯзҳои ба он муносабат дошта ягон рӯзе ёфт намешавад, ки қуввааш аз ҷиҳати тамомияти буҳрон он тараф, ҳатто аз ҷиҳати ҳукмҳои буҳрон ва неканҷомии он ба андозаи рӯзи чаҳордаҳум бирасад. Рӯзи ҳафтдаҳум қавист ва рӯзҳои бад-он муносабат дошта қавитаранд.
Муносабати ӯ бо рӯзи бистум чун муносабати рӯзи ёздаҳум бо чаҳордаҳум бувад. Рӯзи ҳаждаҳум яке аз рӯзҳои кам иттифоқ афтандаи буҳрон аст ва андар ҳолатҳои бисёр кам бо рӯзи бисту якум муносиб ояд. Рӯзи бисту чаҳорум ва сиву якум аз ҷумлаи рӯзҳои кам иттифоқафтандаи буҳрон бошанд. Аз инҳо ҳам камтар рӯзи сиву ҳафтум буда, чунин бинамояд, ки гӯӣ аз рӯзи буҳрон нест. Рӯзи чиҳилум қавитар аз рӯзи сиву чаҳорум аст, вале рӯзи сиву чаҳорум дорои қувваи дуруст ва қавитар аз рӯзи сиву якум бувад.
Бидон, ки ба ҳангоми бемориҳое аз қабили таби рӯзафкан, ки навбатҳояшон ба рӯзҳои тоқ биафтанд ва ба ҳангоми бештари бемориҳои тез буҳрон зудтар ояд ва ба рӯзҳои тоқ биафтад. Бинобар он ҳангоми таби рӯзафкан буҳронро бояд ба рӯзи ёздаҳум интизор шуд ва ба рӯзи чаҳордаҳум ҷуз ба нудрат интизор нашаванд, зеро ҳатто навбати ҳафтум ҳам аксар вақт каме аз рӯзи чаҳордаҳум камӣ кунад. Ба ҳангоми он бемориҳое, ки навбатҳои онҳо ба рӯзҳои ҷуфт афтанд, буҳрон дер ояд ва андар рӯзҳои ҷуфт биафтад.
Бештари рӯзҳои буҳронии табақаи олӣ, масалан, аз рӯзҳои ҳафтум, ёздаҳум, чаҳордаҳум, ҳафтдаҳум ва бистум иборатанд. Давраҳои бемориҳо андар бештари ҳолатҳо мувофиқи шумораи рӯзҳои буҳронҳо оянд ва масалан, ҳафт давраи таби рӯзафкан чун ҳафт рӯзи таби сӯзон бошад. Ҳоли шумораи моҳҳо ва солҳои табҳои деррав низ бар ҳоли шумораи рӯзҳои табҳои тез созгор ояд. Масалан, таби рӯзафкан ҳафт моҳ давом карда, ҳангомҳои огоҳидиҳандаи он бар қиёси огоҳидиҳиҳои рӯзҳо бигузаранд ва пешоиву пасафтӣ ба ҳангоми онҳо бар қиёси [пешоӣ ва пасафтии] рӯзҳо буда, мо инро баъд ёд хоҳем кард.
Фасли чаҳорум рӯзҳое, ки андар миён биафтанд

Ин рӯзҳо, ки мо ёд кардем, рӯзҳои буҳронии аслиянд.
Гоҳе ба яке аз сабабҳое, ки ё аз берун ориз шудааст, ё ҳангоми зуд ва ё суст ҳаракат кардани беморӣ аз худи беморӣ ориз шудааст, ё аз сабаби қавӣ будан ва ё заъиф будани тан ориз шудааст, ё аз тариқи аразҳое, чун бехобӣ

кашидан ба сабаби ягон бехобиоварандаи берунӣ, ориз шудааст ва ё ба яке аз сабабҳои баданию нафсонии сахт ба ифрот расида воқеъ шудааст, буҳрон ё ба таври таъҷилӣ пеш аз он [рӯзҳо] ояд ва ё ба таъхир афтода, пас аз онҳо ояд, вале ин гуна [буҳрон] на танҳо ҷои буҳрони андар вақти худ лозим бударо гирифтан натавонад, балки низ костатар аз он бошад. Агар сабаби қавии оризшуда вуҷуд намедошт, буҳрон ногузир андар ин [рӯзҳо] меафтид ва на пеш меомад ва на ба таъхир меафтод. Лекин ҳар гоҳ ин гуна ориз рӯй диҳад ва агар он қавӣ бошад, вақти [буҳрон] дигар шуда, [58] ё пештар бирасад ва ё ба таъхир биафтад, вале агар он заиф бошад, кори буҳронро душвор намуда, онро пурра ба амал омадан нагузорад.
Рӯзҳоеро, ки андар онҳо ин гуна каҷравиҳо биафтанд, «рӯзҳои андар миён афтанда» хонанд ва онҳо аз як ҷиҳат ҳукми рӯзҳои буҳронро доранд. Мисоли онҳо рӯзҳои севвум, панҷум ва шашум, ё рӯзи нуҳум ва ё рӯзи сездаҳум мебошад. Рӯзҳои севвум ва панҷум рӯзи чаҳорумро фаро бигиранд ва рӯзи нуҳум андар миёни рӯзҳои ҳафтум ва ёздаҳум биафтад. Гоҳе мумкин аст рӯзи андар миён афтанда бо яке аз ду рӯзе бартарӣ дошта бошад, ки андар ду сӯи он ҷой доранд ва ё рӯзи буҳроние, ки миёни ин рӯзи андар миён афтанда ва рӯзи андар ҷониби дигар афтанда ҷой дорад, бо он [рӯзи андар миён оянда] бештар сазоворӣ пайдо кунад. Шитобидани [буҳрон] аз рӯзи ёздаҳум ба нуҳум бештар аз пасафтодан аз рӯзи ҳафтум ба рӯзи нуҳум бувад, вале бо вуҷуди ин ҳар ду ҳолат бисёр воқеъ шаванд.
Фасли панҷум андар баёни қавӣ ва ё заъиф будани рӯзҳое, ки андар миён биафтанд

Бидон, ки рӯзи нуҳум рӯзи қавӣ буда, андар миёни [рӯзҳои буҳронӣ ] пеш биафтад ва сипас рӯзи панҷум ва баъд рӯзи севвум биистанд. Вай аз рӯзи чаҳорум, ки рӯзи аслии [буҳрон] аст, чандон камоии зиёде надорад.
Рӯзи сездаҳум (111) ба сабаби заъфаш чунин бинамояд, ки гӯӣ на аз рӯзҳоест, ки андар онҳо буҳрон биафтад. Аммо рӯзи шашум бошад, рӯзест, ки андар он буҳрон ҷуз ба намуди бад наафтад, вале агар ғайри бад биафтад, душвор, ноаён, ноқис ва ғайри эмин аз хатар хоҳад буд. Ин [рӯз] аз ҷиҳати он ки андар вай буҳрон кам биафтад ва агар биафтад, ба шакли бад ва ё ғайри сабук гузарад, чунин бинамояд, ки гӯӣ акси рӯзи ҳафтум аст. Аз бадии он рӯзи чаҳорум огоҳӣ диҳад ва кам ва ба душворӣ тасодуф биафтад, ки рӯзи чаҳорум аз некии он огоҳӣ диҳад. Бинобар ин ба ҳангоми он нишонаҳои бимноке чун намудҳои гуногуни сакта ва аз ҳуш рафтан рӯй диҳанд ва хусусан агар истифроғ ҷой дошта бошад, беҳушӣ аз тариқи қай рӯй диҳад. Андар ин [рӯз] инчунин афтидани [қувват], такидану ларзидан ва бекор шудани набз ориз бигарданд, вале агар ба ҳангоми он арақ ояд, он [андар ҳамаи тан] яксон нахоҳад буд. Гоҳе андар ин [рӯз] аз тариқи истифроғ буҳрони нопурра ба амал ояд, ки он бо ёрии хуроҷи бад ва ё ярақон пурра бигардад ва пешоб бади шини баддор ояд. Ин ба ҳангоме чунин аст, ки агар [буҳрон] некфарҷом бошад, вале агар [некфарҷом] набошад, чӣ гуна хоҳад шуд? Некфарҷомии ин буҳрон аз тариқи канда шудани бемор зоҳир бигардад. Ҷолинус гуфтааст, ки рӯзи ҳафтум ҳамчун шоҳи одил, рӯзи шашум ҳамчун шоҳи саркубкунандаи ситамгар ва рӯзи ҳаштум ба рӯзи шашум наздик аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ