Қонуни тиб

Фасли шашум
андар баёни рӯзҳои бофазилат ва бад, ки
хоҳ буҳронӣ бошанд, хоҳ андар миён
афтода ва хоҳ огоҳидиҳанда, ба тартиб
оварда шаванд
Беҳтарини онҳо рӯзи ҳафтум ва чаҳордаҳум буда, баъди онҳо рӯзҳои нуҳум, ҳафтдаҳум ва бистум, сипас панҷум, чаҳорум ва ҳаждаҳум ва андар охир рӯзи сездаҳум биистанд.
Бидон, ки аз ҷиҳати ҳукм қавитарини рӯзҳои буҳрон, қавитарини рӯзҳои андар миён оянда ва қавитарини рӯзҳои огоҳидиҳанда онест, ки ба рӯзҳои аввали [беморӣ] рост ояд ва ҳар қадар ки [аз оғоз] дуртар бошад, ҳамон қадар ҳукми он зиёдтар хоҳад буд.
Фасли ҳафтум андар баёни рӯзҳое, ки на ба маънои якум ва на ба маънои дуввум131 рӯзҳои буҳронӣ нестанд
Инҳо рӯзҳои якум, дуввум, даҳум, дувоздаҳум, понздаҳум ва нуздаҳум буда, рӯзи понздаҳум низ аз ҳамин ҷумла аст. Шигифтовар аст, ки бештари онҳо аз паси рӯзи буҳронӣ оянд.
Фасли ҳаштум андар баёни рӯзҳои огоҳидиҳанда
Рӯзҳои огоҳидиҳанда ҳамон рӯзҳоест, ки ба ҳангоми онҳо асарҳое намудор бигарданд ва ин асарҳо ё ба дигаргунии модда далолат кунанд ё ба ғолиб омадани яке аз ду муборазабаранда, яъне беморӣ ва қувваи [табиат], далолат кунанд ва ё бар оғози ба ҳам дарафтидане далолат кунанд, ки ба таври сабук андар миёни табиату иллат бигузарад ва на аз барои яктарафа намудани ин [мушкилӣ], балки аз барои барангехтани [модда] бувад. Мисоли якумӣ далелҳои пазиш ва ғайри пазиш аст. Мисоли далелҳои пазиш падид омадани ғубори сурх ва ё сафедгун [андар пешоб] мебошад, вале далелҳои нопухтагӣ бошанд, низ маъруфанд. Мисоли дуввумӣ падид омадани шиддатнокӣ ва ё афтодагии иштиҳо ва сабукӣ ва ё гаронии ҳаракат мебошад. Мисоли севвумӣ сардард, тоса, тангии нафас, ларзаи сахт, арақи на ҳамаро фарогиранда ва истифроғи нопурра бувад. Ҳар гоҳ ин асарҳо андар ин рӯзҳо падид оянд, пас, андар рӯзҳои маълуми баъди инҳо оянда буҳрон рӯй диҳад.
Рӯзи чаҳорумро агар нишонаҳо хуб бошанд, огоҳӣ аз ин диҳад, ки [буҳрон] ба рӯзи ҳафтум биафтад ва ё агар нишонаҳо бад бошанд, хусусан ба ҳангоми табҳои сӯзон ва навбатӣ огоҳӣ аз он диҳад, ки буҳрон ба рӯзи шашум биафтад, вале мумкин аст [буҳрони бад ба ҳангоми табҳои ёдшуда] андар рӯзи ҳафтум ва гоҳе андар рӯзи нуҳум низ биафтад. Лекин он ба ҳангоми таби рӯзафкан ҳарчанд ба рӯзи шашум биафтад, вале бисёр бошад, ки ба рӯзи нуҳум низ биафтад.
Рӯзи нуҳум ё аз [буҳрони] рӯзи ёздаҳум ва ё аксар вақт аз буҳрони рӯзи чаҳордаҳум хабар диҳад. Рӯзи чаҳордаҳум бошад аз буҳрони рӯзҳои ё ҳафтдаҳум, ё ҳаждаҳум, ё бистум ва ё бисту якум огоҳӣ диҳад. Рӯзи ҳафтдаҳум низ аз буҳрони бистум ва ё бисту якум хабар диҳад. Рӯзи ҳаждаҳум аз буҳрони бисту якум ва рӯзи бистум аз буҳрони чилум огоҳӣ диҳанд.
Аз рӯзҳои андар миён афтанда рӯзи севвум аз буҳрони рӯзи панҷум ва агар бад бошад, аз буҳрони рӯзи шашум хабар диҳад. Рӯзи панҷум аз буҳрони рӯзи нуҳум
ва агар бад бошад, аз буҳрони рӯзи ҳафтум огоҳӣ диҳад.
Бидон, ки далелҳои рӯзҳои огоҳидиҳанда гоҳе ба сабабе, ки андар боби беруноиҳои буҳрон аз рӯзҳои ҳақиқии худ ёд шудаанд, аз рӯзҳои худ берун баромада, ё пеш аз онҳо ва ё баъди онҳо воқеъ шаванд. Бидон, ки агар баъди рӯзи дуввуми огоҳидиҳанда чизе падид ояд ва он аз ҷинси чизе бошад, ки ба ҳангоми рӯзи аз беморӣ огоҳидиҳанда падид омадааст, пас [беморӣ] тезҳаракат хоҳад буд. Ба нишонаҳои тезонанда ва нишонаҳои ба таъхирандозанда нек бингар ва бо ёрии онҳо оид ба зуд омадан ва ё ба таъхир афтодани рӯзҳое ҳукм барор, ки рӯзҳои огоҳидиҳанда аз онҳо хабар диҳанд. (112)
Фасли нуҳум шинохтани рӯзҳои буҳроние, ки шинохтанашон мушкил бошад
Шинохтани рӯзҳои буҳрон ба ғаразҳои бисёре мавриди эҳтиёҷ аст. Зеро агар буҳрон наздик бошад, туро лозим аст, ки як тадбир ва агар дур бошад, тадбири дигаре биандешӣ. Андар рӯзи буҳрон ва [рӯзҳои] бад-он наздик бояд ба бемор тадбири хоссе бикунанд ва зинҳор набояд бо дору [моддаро] ба ҳаракат овард, зеро бошад, ки ин [дору] табиатро аз барои истифроғ овардан ёварӣ кунад ва он ба таври ниҳоят ба ифрот ояд ва ё бошад, ки ба самти [истифроғи ] табиат мухолафат намуда, боиси падид омадани ду тақозои ба ҳам зид гардида, истифроғ ба амал наояд ва андар ин [зиёни] маълуме бошад. Ҳангоми шинохтани буҳрон низ бояд омилҳоеро ба назар бигирӣ, ки рӯзҳои маълуми буҳронро дигаргун бисозанд.
Тариқаи шинохтан бар ду рӯй аст: яке [шинохтани] буҳрони беморӣ ба таври мутлақ; ва дигар муайян кардани рӯзи буҳрон аз миёни тамоми он муддате, ки буҳрон ба ҳангоми он падид ояд, зеро гоҳе ҳолатҳои буҳрон ду-се рӯз бикашанд ва ба кадоми аз ин [рӯзҳо] нисбат додани он мушкил бигардад.
Бар бахши якум аз ду тариқ огоҳӣ пайдо кунанд: ё аз тариқи нишонаҳои кӯтоҳӣ ва ё дарозии беморӣ ва ё ин ки аз тариқи табъҳо ва қувваҳои бемориҳо. Аммо аз тариқи нишонаҳои дарозӣ ва кӯтоҳии [беморӣ] огоҳӣ ҷустан бар гузариши беморӣ асос ёфтааст. Масалан, агар беморӣ на аз он қабиле бошад, ки имконияти андар рӯзи чаҳорум ва ё наздикиҳои он гузаштан дошта бошад ва агар он имконияти андар рӯзи ҳафтум ва баъди он гузаштан дошта, ба наздики рӯзи чаҳорум нишонаҳои пазиш хеле хуб зоҳир шаванд, пас, умед аст, ки ин [беморӣ] андар рӯзи ҳафтум буҳронӣ бигардад, вале агар он нишонаҳои дароз кашидани беморӣ, ки андар боби худ ёд шудаанд, падид оянд, пас, маълум аст, ки буҳрон каме ба таъхир биафтад ва ё анҷоми [беморӣ] бидуни буҳрон фаро расад. Агар ҳеҷ кадом аз ин ду гурӯҳ нишонаҳо зоҳир нагарданд, умед аст, ки беморӣ андар миёни рӯзҳои ҳафтум ва чаҳордаҳум бигузарад.
Оид ба огоҳӣ ҷустан аз тариқи табъҳои бемориҳо бошад, чунонки донистӣ, масалан, [буҳрони] рӯзи тоқ ба бемориҳои андар рӯзи тоқ ҳаракаткунанда ва ба бемориҳои гарми тез ва [буҳрони] рӯзи ҷуфт ба акси онҳо бештар созгоранд.
Аммо бар бахши дуввум аз тариқаҳои гуногун, масалан, аз тариқи қиёси давраҳо, аз тариқи адади рӯзҳои буҳрон ва замони он ва аз тариқи ростинӣ будани рӯзҳо ва қувватҳои онҳо огоҳӣ пайдо кунанд. Аммо далел гирифтан аз тариқи қиёси давраҳо бад-ин гуна бувад, ки масалан, чунонки медонӣ, рӯзи ҷуфт ба як беморӣ ва рӯзи тоқ ба дигаре бештар созгоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор