Қонуни тиб

Аз тариқи замони буҳрон бад-ин гуна далел бигиранд, ки чун бибинанд ва бидонанд, ки андар кадом аз ду рӯз шиканҷаи [беморӣ] давомдортар аст, буҳронро аз он рӯз биҳисобанд, вале ин ба шартест, ки агар ягон ҳукме қавитар аз ҳукми ин далел монеи он набошад. Аз ҳамин боб як рӯзе, ки бояд буҳронро ба шарти ёдшуда аз он ҳисобанд, рӯзи миёнгини се рӯз бувад.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи қувваи рӯзҳо ва табъҳои онҳо бад-ин гуна аст, ки масалан, агар арақ шаби ҳафтум ба рехтан оғоз намуда, тамоми рӯзи ҳаштум пайваста омадан гирад, пас, агар чи таб ба рӯзи ҳаштум канда шавад ҳам, вале буҳрон ба рӯзи ҳафтум бошад, на ба рӯзи ҳаштум. Агар ҳол на бад-ин гуна буда, арақ андар рӯзи сездаҳум ояд ва бемор беист то рӯзи чаҳордаҳум арақ кунад ва агар таб ба рӯзи чаҳордаҳум канда шавад, пас, буҳронро бояд ба рӯзи чаҳордаҳум нисбат дод. Аз баҳри он ки қувваи рӯзҳои ҳаштум ва сездаҳум аз ҷиҳати некфарҷомӣ ба дараҷаи қувваи ду рӯзи дигар нарасад. Марг ба рӯзи шашум бештар аз ҳафтум ва ба рӯзи даҳум бештар аз нуҳум бувад.
Аммо огоҳӣ пайдо кардан аз тариқи ба ҳам ҷамъ омадани ҳукмҳо чунон аст, ки пеш аз ин, масалан, ҳангоми рӯзи чаҳордаҳумро ёд кардани мо зикр ёфт, зеро андар ин рӯз арақ кардану канда шудан бо ҳам якҷо биафтанд.
Аммо ба ҳангоми далел ҷустан [59] аз тариқи рӯзҳои огоҳикунанда бояд бингарӣ, ки агар андар мисолҳои ёд
шуда ягон огоҳие аз сӯи рӯзи чаҳорум ҷой дорад, пас, ба қатъият ҳукм кун, ки буҳрон ба рӯзи ҳафтум нисбат дорад ва ё андар он рӯз биафтад, вале агар огоҳиро аз рӯзи ёздаҳум дарёбӣ, пас, ҳисоб кун, ки буҳрон ба рӯзи чаҳордаҳум нисбат дорад.
Фасли даҳум андар баёни нисбати рӯзҳои буҳрон ба бештари бемориҳо
Чунонки донистӣ, бояд буҳрони бемориҳои ниҳоят тез ба рӯзи ҳафтум биафтад ва буҳрони онҳое, ки аз ҷиҳати тезӣ сипастаранд, бояд ба рӯзҳои чаҳордаҳум ва бистум ва буҳрони бемориҳои аз инҳо ҳам сипастар ба рӯзи чиҳилум биафтанд. Баъд аз ин буҳронҳои бемориҳои ба таври мутлақ деррав биистанд.
Агар таби сӯзон андар рӯзҳои ҷуфт шиддат ёбад, ин нишонаи бад аст ва бисёр бошад, ки он ба рӯзи шашум [беморро] бикушад ва рӯзи чаҳорум аз он огоҳӣ дода, (113) андар он арақи сард ва [дигар аразҳои] монанди он падид оянд. Буҳрони баъзе бемориҳо, аз қабили сарсом, аксар вақт бо вуҷуди тезии ин беморӣ ба рӯзи ёзадҳум афтад, аз баҳри он ки бахши бештари он аксар баъд аз рӯзи севвум ва чаҳорум оғоз ёфта, сипас андар миёни як ҳафта буҳронӣ шавад.
Гуфтор андар баёни табҳо ва рӯзҳои буҳронҳо ба анҷом расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор