Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фанни севвум
АНДАР БАЁНИ
ОМОСҲО ВАТАБИШҲО, ки аз се мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
АНДАР БАЁНИ ОМОСҲО ВА ТАБИШҲОИ ГАРМ ВА ТАБАҲ
Мо андар Китоби нахустин андар баёни омосҳо ва ҷинсҳову роҳҳои муолаҷаи онҳо ба таври ҳамагонӣ сухан рондем ва ҳар кӣ хоҳони шунидани он чизе бошад, ки ҳоло баён мекунем, ночор бояд [нахуст] бад-он ҷой муроҷаат кунад. Аммо андар ин ҷой ҳоло мо ба таври ҷузъӣ сухан хоҳем ронд.
Фасли нахустин гуфтор андар баёни омосҳо ва табишҳо

Мо мегӯем: Ҳар як омос ва табиш ё гарм аст ва ё ғайри гарм. Омоси гарм ё аз хун, ё аз ягон чизи ба равиши хун буда, ё аз сафро ва ё аз ягон чизи ба равиши сафро буда ба амал ояд. Оне, ки аз хун аст, ё аз хуни сутуда бошад ва ё аз хуни бад. Хуни сутуда ё ситабр аст ва ё тунук. Омоси аз хуни сутудаи ситабр баамаломада фалағмуние бувад, ки ҳам гӯшт ва ҳам пӯстро фаро бигирад ва дилзананда бошад. Оне, ки аз хуни тунук падид ояд, фалағмуние бошад, ки танҳо пӯстро фаро бигирад ва он «махмалак» ва бидуни дарди дилзананда бувад.
Аз хуни ситабри бад намудҳои гуногуни хуроҷҳои бад падид оянд ва агар бадию сӯзандагии он шиддат ёбад, сурхбод ба амал омада, боиси рӯй додани сӯхтагию хушкрешӣ бигардад. Бадтарини инҳо «оташи форсӣ» аст.
Аз хуни тунуки бад омоси фалағмуние падид ояд, ки ба изофаи баду палид будани хеш моил ба сурхбод бошад.
Агар ин хун бештар тунук бошад, сурхбоди фалағмунӣ ба амал ояд ва агар бештар бад бошад, аз он сурхбоди дорои обилаҳову ғӯзаҳо ва сӯхтагию хушкрешӣ падид ояд.
Омоси сафровӣ ё аз сафрои ниҳоят латиф падид ояд, ки андар ҷои дарунтар аз зоҳири пӯст банд гардидан натавонад ва ин гуна [сафро] тез буда, аз он ё намлаи фақат хазанда, ки он латифтар аст ва ё намлаи хазандаю хӯраноке, ки бад бувад, ба амал ояд ва ё аз сафрое падид ояд, ки бештар ситабру камтар гарм буда, беш аз якумӣ дарунтари пӯст ҷой гирифта бошад ва дорои балғам бувад.
Намлаи говарсӣ аз он падид омада, камтар фурӯзандаю дертар ҳалшаванда бошад. Агар модда ситабртару бадтар бувад, намлаи хӯранок ба амал ояд. Агар андар си

табрӣ то ба дараҷаи қивоми хун бирасад ва бад бошад, сурхбоди бад ба амал оварад. Ба ҳангоми ҳамаи ин намудҳо модда ҳарчанд ки минбаъд дигаргун шавад, вале бади латиф бувад. Ба сабаби тунукиаш табиат онро биронад ва он ҷуз андар пӯст ва чизи бад-он наздик дигар андар ҳеҷ чизе банд нашавад.
Агар моддаи омоси гарм афзоиш ёфта, омос сахт бузург бигардад, пас, он аз ҷумлаи омосҳои тоунии қаттол бошад. [Омоси] бо номи «тароқиё»132 маъруф низ аз ҷумлаи омосҳои ёдшуда бувад. Ин намудҳои омосҳои бад ва дигар намуди бад-инҳо монанд андар соли вабоӣ бисёр рӯй диҳанд.
Аз миёни омосҳои гарм [агар] омоси бад на рӯ ба пастравие ниҳад, ки аз паси он нармию пажмурдагӣ ба амал хоҳанд омад ва на ба рим кардан, балки рӯ ба табаҳ сохтани андом биниҳад, ин на ҳамеша ба сабаби бузургии омос ва бисёрии модда, балки гоҳе мумкин аст аз сабаби палидии модда ба амал ояд. Бидон, ки омосҳоро кам биафтад, ки содаи холис бошанд, балки аксар вақт онҳо мураккаб буванд.
Бидон, ки ҳар омоси андар зоҳир буда, ки дорои дарди дилзананда нест, рим нахоҳад кард. Аммо андар баёни омосҳои дарунӣ бошад, мо гуфта гузаштем.
Фасли дуввум андар баёни фалағмунӣ

Фалағмуниро пеш аз ин шинохтӣ ва низ донистӣ, ки
нишонаҳои он аз гармӣ, афрӯхтагӣ, афзоиши ҳаҷм, азҳамкашидагӣ ва муқовамат нишон додан иборат аст. Агар он
фурӯнишаста ва ба наздики шараёнҳо ҷой гирифта бошад
ва агар ин андоми [бемор] на мисли ҳамаи андомҳои дарунӣ бошад, чунонки ҳоли онҳоро донистӣ, балки дорои
асаб буда, аз тариқи он ҳис бикунад, он гоҳ фалағмуниро низ дарди дилзананда хоҳад буд. Шараёнҳои он [андом] ҳар андоза бузургтару бисёртар бошанд, дилзанандагии [фалағмунӣ] ва дардоварияш ҳамон қадар шиддатнок бувад ва ҳал шудан ва ё рим карданаш ҳамон андоза зудтар ба амал ояд. Фалағмунӣ агар андар андоми (114) ҳассос ҷой гирифта бошад, чи гунае набошад, аз паси он дарди сахте падид хоҳад омад ва ҳамеша рагҳои хурди он андом, ки ноаён буданд, зоҳир бигарданд.

пешина
аз 1215
навбатӣ