Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бидон, ки исми «фалағмунӣ» андар забони юнониҳо ба ҳар гуна афрӯхтагӣ дода мешуд, сипас ҳар гуна омоси гарм ва баъд ҳамон омоси гармеро [фалағмунӣ] номиданд, ки дорои сифати ёдшуда буда, ба сабаби банд шудани хун ва баста гардидани роҳҳои нафас низ аз афрӯхтагӣ холӣ нест. Кам иттифоқ биафтад, ки фалағмунӣ сода бошад. Вай дар бештари ҳол ҷуфти сурхбод, ё ягон сахтӣ ва ё ягон бодгирифтагӣ бувад.
Ӯро сабабҳоеанд, ки бархе сабабҳои пешгузаштаи баданӣ буда, аз пурӣ, ё аз бадгавҳарии хилтҳо бо нотавонии андоми пазирандаи [хилтҳо] ва ё агар пурӣ ва бадгавҳарии хилтҳо ҷой надошта бошанд, [танҳо] аз нотавонии андоми пазирандаи [хилтҳо] иборатанд. Бархе дигар сабабҳои берунӣ буда, мисоли онҳо бурида шудан, ё пора шудан, ё шикастан, ё лағжидан ва ё решҳое буванд, ки бисёр вақт андар андом падид оянд ва ба иллати дард ва заъф модда ба сӯи он [андом] бигарояд. Гоҳе мумкин аст моддаҳо рӯ ба сӯи он оварда, андар гузаргоҳҳое дармонанд, ки аз ҳама заифтаранд, чунонки баробари решҳо ва гари дардовар андар маҳалҳои тиҳӣ омосҳо падид оянд. Афзоиши он аз тариқи афзоиш ёфтани ҳаҷм ва азҳамкашидагӣ ва анҷоми он аз тариқи анҷом ёфтани [омос] маълум бигарданд ва агар омос римкунанда бошад, андар ин ҳангом рим ҷамъ шавад. Ба ҳангоми пастравӣ ба нарму заиф шудан бипардозад. Фалағмунии бад онест, ки рӯ ба пастравӣ наниҳад ва на низ рим кунад ва ин гуна фалағмунӣ боиси мурдан ва гандидани андом бигардад. Бисёр бошад, ки ин ба сабаби бузургии омос ва бисёрии модда чунин бошад ва бисёр бошад, ки омос агарчи хурд аст, вале ба сабаби палидии модда чунин [оқибат биовард].
Ту худ медонӣ, ки чӣ чиз ҳангоми рӯ ба паст шудан ниҳодани дилзанӣ ва хомӯш шудани афрӯхтагӣ паҳн бигардад ва чӣ чиз ба ҳангоми афзоиши дилзанию гармӣ ва устувор мондани онҳо фароҳам хоҳад омад ва низ медонӣ, ки чӣ чиз ба сабаби душвории пазиш, тирагӣ ва шиддат ёфтани азҳамкашидагӣ бигандад. Бидон, ки то агар табиат моддаро мағлуб насозад, аз он андар зоҳир ягон омос ва фалағмунӣ падид наояд. Бидон, ки ҳар гоҳ табишҳои думмалӣ андар ҷавори якдигар биафтанд, аз падид омадани думмали римкунанда огоҳӣ диҳанд. Бояд ба худованди омосҳои дарунӣ оби коснӣ ва оби ангури сагакро бо пашизҳои хиёршанбар бидиҳанд.
Фасли севвум илоҷи фалағмунӣ

Агар фалағмунӣ аз сабаби беруна падид ояд, холӣ аз ин нест, ки сабаби беруна танро ё пок ва ё пур дарёбад.
Агар онро пок дарёбад, андар ин ҳангом танҳо ба муолаҷаи омос аз ҷиҳати он ки омос аст ва ба берун кардани моддаи бегона, ки омосро ба амал овардааст, эҳтиёҷ афтад. Инро аз тариқи доруҳои ковокунанда ва доруҳои ҳалкунандаи нарм ба амал оранд. Мисоли онҳо зимодест, ки аз орди гандуми бо об ҷӯшонида ва аз равған бисозанд.
Гоҳе, хусусан агар омос сермодда бошад, ин гуна [зимод] аз нештар задан ва [дигар] тадбирҳо бениёз бигардонад.

Агар ин [сабаби беруна] танро пур дарёбад, андар ин ҳол набояд ба омос доруҳои ковоккунанда расонида шаванд, зеро онҳо беш аз миқдори ҳалшаванда бад-он сӯй [модда] бикашанд. Баръакс, бояд моддаро аз тариқи раг задан истифроғ намуд ва гоҳе эҳтиёҷ ба исҳол низ биафтад. Ҳар гоҳ ин корҳоро кардӣ, доруҳои ковоккунанда ба кор бибар. Илоҷи [фалағмунӣ] ба илоҷи он омосе наздикӣ дорад, ки ба сабаби пурии тан ба амал ояд, вале фарқаш ин бошад, ки андар ибтидо ба пасгардонии модда на ба андозаи бисёре, ки он эҳтиёҷ дорад, балки ба камтар аз он эҳтиёҷ дошта бошад.
Агар сабаб сабаби пешомадаи ғайри беруна бошад, андар ин ҳангом бояд бо истифроғ ба муолаҷа оғоз намуда, агар эҳтиёҷ ба раг задан ва исҳол биафтад, инҳоро ба қадри пурра ба амал оранд. Ба инҳо аз баҳри он эҳтиёҷ биафтад, ки ё тан нопок аст ва ё иллат бузург буда, аз истифроғ овардану кам кардани модда ва ба сӯи мухолиф кашидани он чора нест.
Агар тан серфазла набошад, мумкин аст андоми [беморро] чизе падид ояд, ки аз он заиф бигардад ва бинобар он моддаҳои тан агарчи моддаҳои фазлагӣ набошанд ҳам, ба сӯи он [андом] кашида шаванд. [60] Ба ҳангоми он бояд шартҳои маълумеро аз қабили син, фасл, тан ва ғайра риоя намуд. [Муолаҷаро] ба истиснои он ҳолате, ки мо андар Китоби нахустин шарт гузоштем, бояд бо доруҳои пасгардонанда оғоз кунӣ ва сипас баробари афзоиши [омос] ба доруҳои пасгардонанда доруҳои ковоккунанда ҳамроҳ кунӣ ва ҳар қадар ки бештар афзоиш ёбад, ҳамон қадар доруҳои ковоккунандаро кам-кам афзоиш бидеҳ. Ба марҳалаи анҷом, боз истодан ва ба ғоят расидани ҳаҷму азҳамкашидагии [омос] доруҳои ковоккунандаро ғолибият дода, онҳоро холис ба кор бибар. Бахше аз онҳо, ки хушконандаанд, андар поёни [беморӣ] шифобахшанд, вале ковоккунандаҳои тар бошанд аз барои фарох сохтани масом ва ором намудани дард буванд.
Доруи хушккунанда ҳамон доруест, ки [омосро] беҳ кунад ва чизеро нагузорад, ки то боқӣ монда, рим бигардад. Агар он пурра шифо набахшад (115) ва ягон чизеро боқӣ бимонад, ин ҳам чизи каме бошад, ки тезии андар [дору] буда онро ба таҳлил нест кунад. Гоҳе аз сабаби пас гардонидани модда дард шиддат ёбад, аз баҳри он ки модда дармонда, андом сахт кашида шавад. Гоҳе аз сабаби он модда ба сӯи андомҳои сарвар пас бигардад, гоҳе сахт шудани омос рӯй диҳад ва гоҳе чунин ориз бигардад, ки хусусан агар андар охири беморӣ ва қариб ба анҷом расидани он бо [доруи пасгардонанда] муолаҷа карда шавад, андом ба сабзу сиёҳ шудан оғоз кунад.
Бидон, ки шиддати дард туро маҷбур кунад, то доруҳоеро ба кор барӣ, ки аз ғайри кашидани [модда] ковокӣ биоваранд ва гоҳе онҳо дорои хусусияти сардифизоие бошанд, ки монеи ковоксозӣ набошад.
Аз баргаштани модда ба сӯи андомҳои сарвар истифроғ эминӣ бахшад, вале агар он [модда] аз худи онҳо ҷудо бошад ва ба тариқи ронда шудан аз онҳо ба амал омада, андомҳои ин [моддаро] аз онҳо пазиранда ҳамчун резишгоҳи онҳо бошанд, андар ин ҳол ногузир барои пас гардонидан ва рондани [модда] ҳеҷ имконият нахоҳад буд ва мо инро андар ҷои дигар ба таҳқиқ расонидем. Агар туро бими он бошад, ки [омос] ба сахтӣ ҳамегарояд, доруҳои ковоккунандаеро ба кор бибар, ки дорои хусусияти гармиоварӣ ва тариафзоии қавӣ буванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ