Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

НаврасонАфсона
Аз аввал хондан

толотум даромад ва аз миёни оби каб-кабуди он Аждаҳои бадхайбат баромада боғазаб пурсид:
– Ту кистӣ ва чаро ба ман халал мерасонӣ?
– Маро модарам барои шустани кӯза ва овардани тангаву тилло ин ҷой фиристод, — ҷавоб дод Мансур.

Аз ин суханони беандешаи ӯ аждаҳо писҳанде карда, ӯро ба миёни худ печонид ва ба қаъри ҳавз фурӯ кашид. Дар даруни ҳавз Мансурро низ халтахо пур аз биринҷу ҷуворимакка ва арзан, шаш деги мисин дар назди оташдон мунтазир буданд.

– Бароям хӯрок паз, — фармон дод аждаҳо ва худ
барои истироҳат дохили қасраш рафт.

Мансури бекорхӯҷаву танбал ва тайёрхӯр дар умраш коре накарда буд. Ӯ чӣ кор карданашро намедонист, ки аз нодонӣ биринҷу ҷуворимаккаву арзанро болоиҳам рехта, ба зери дегҳо алов гузошт ва рехтани обро фаромӯш кард, ба хӯрок намак низ наандохт. Бӯйи ғализи сӯхта ҳама ҷойро фаро гирифта буд. Ҳамин вақт гурбаи Аждаҳо омад, вале Мансури ҳанноту танбал онро лагаткӯб кард. Гурба базӯр ҷон ба саломат бурда, аз ин писари бетарбият назди Аждаҳо шикоят кард. Аждаҳо гуфт:
– Ӯро санҷиши дигаре дар пеш аст.

Аждаҳо бо гурба назди Мансур омад ва
фармон дод ки тахтапушти ӯро шӯяд. Мансур
боғазаб ба сӯйи Аждаҳо дод зад:
– Махлуқи бадҳайбати пир, пушти хордори
туро ҳеҷ гоҳ нахоҳам шуст.

Аз ин суханон Аждаҳо ба қаҳр омада думи
худро бар замин зад ва аз зарби он замину замон

пешина
аз 87
навбатӣ