Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

ба ларза даромад. Бо ин ҳама бадкирдории Мансур Аждаҳо худро ба даст гирифт ва кӯзаи ӯро бо як халтаи пур ба дасташ дода, то соҳил гусел кард ва вақти даромадан ба ҳавзи худ гуфт:

  • Ин халтаро дар хонаатон бурда кушой.

Мансур дар фикри тангаву тилло чӣ тавр ба хона расидани худро нафаҳмида монд. Модари бадкораву баднафс ӯро бо халтаи пур дида, хурсанд шуд ва бо писараш ба хона даромаданд. Дару тирезаро маҳкам пӯшониданд ва халтаро кушоданд. Аз даруни халта мору каждуми бисёр баромада, ба модару писари бераҳму бадкирдор ҳамла карданд. Модару писар доду фиғон бардоштанд, аммо мардуми деҳа, ки аз онҳо безор шуда буданд, ба онҳо эътибор надоданд. Ҳамин тариқ, бадкоронро мору каждум пора-пора карда хӯрданд.1

1 Золотая Мбулу.-Москва: «Детская литература», 1985.- с.22-27.

пешина
аз 87
навбатӣ