Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
– Шунидӣ, – боз фишшос зад мор ва дар гулӯяш сахттар печид.
– Боз андаке сабр кун, эй мор, боз ягон каси дигарро бипурсем, – хоҳиш кард таърифхӯҷа.
Роҳашонро давом доданд. Аз рӯ ба рӯяшон гурӯҳи бачагон баромаданд. Онҳо марди дар гарданаш мор печидагиро дида, тарсиданд, бозиашонро фаромӯш карданд ва рӯ ба гурез ниҳоданд. Вале писари ҳафтсолаи зану шавҳари ҷавон натарсид, нагурехт.
Таърифхӯҷа ба назди ӯ омад ва пурсид:
– Эй писар, бигӯ, ки ба некӣ бадӣ кардан равост?
– Амакҷон, ҳоло аз некиву бадӣ напурсед, аввал бигӯед, ки барои чӣ дар гарданатон мор печидааст?
– Ман чуқурӣ мекофтам, – сар кард ҳикояташро таърифхӯҷа, – белам ба сандуқе бархӯрд. Ман фикр кардам, ки дар он тангаву тилло пинҳон карда шудаанд. Сарпӯши сандуқро кушодам, аз он море баромад ва ба гарданам печид. Мехоҳад маро бар ивази некиам буғӣ карда бикушад.
– Не, не, – ҳайрон шуд писарбача, – ба фикрам ту дурӯғ гуфта истодаӣ. Магар метавонад, чунин мори калон дар сандуқ ҷой бигирад.
– Ман рост мегӯям, эй писар. – Вай дар ҳақиқат дар сандуқ буд.
– Эй мор, – гуфт писарбача, – магар рост аст, ки ту як мори калон дар сандуқ ҷой гирифта будӣ?
– Ҳа, ҷой гирифта будам, – ҷавоб дод мор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё