Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

— Эй маликаи меҳрубон, дуруст гуфтаанд, ки ҳунар аз зар беҳ.1

Хонандагони арҷманд, пайи омӯзиши касбу ҳунар талош варзед, ки ободии рӯзгор аз он вобаста мебошад.

ЗЕБОСАНАМ ВА МАХЛУҚИ ДЕВСУРАТ

Дар замонҳои қадим савдогаре умр ба сар мебурд. Ӯ се духтар ва се писар дошт. Духтари хурдии савдогар — Зебосанам бисёр соҳибҷамол ва ҳирадманд буд. Ӯро ғайр аз апаҳояш ҳамагон дӯст медоштанд. Рӯзе аз рӯзҳо савдогар ба назди фарзандонаш озурдахотир омада, хабар дод, ки корҳои тиҷоратии ӯ хуб нестанд ва акнун бояд фарзандон қаноатро пешаи худ созанд. Бародарон ба кӯмаки падар бархостанд. Зебосанам дар баробари бародаронаш ба корҳои хоҷагӣ кӯмак мекард, лаҳзае бекор наменишаст, аммо апаҳояш тамоми рӯзро бо бекорӣ мегузарониданд, онҳо ба ягон кори хонавода даст намезаданд.

Баъди чанде ба савдогар хабар доданд, ки яке аз киштиҳои гумшудаашро ёфтаанд. Ин хабар ҳамагонро хушҳол сохт. Савдогар аз хурсадӣ зуд роҳи шаҳрро пеш гирифт. Ҳангоми хайрухуш аз духтаронаш пурсид, ки бароишон аз шаҳр чӣ тӯҳфа орад. Зебосанам гул хосту апаҳояш куртаворӣ.

1 Сказки народов СССР. — Душанбе, 1988. — с. 498-500.

пешина
аз 87
навбатӣ