Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Савдогар рафта киштиашро фурӯхту қарзҳояшро супорид ва боз бепул монд. Ӯ бо фикру хаёли зиёд роҳ ба сӯйи хона гирифт ва дар торикшаби сарди тӯфонӣ раҳгум зад. Ноҳост дар назараш рӯшноӣ тофт. Савдогар наздик омада, он ҷой кулбаи вайронаеро дид. Аспашро назди кулба баста, худ вориди он шуд. Дар даруни кулба касе ба назар намерасид. Дар болои миз анвои хӯрок гузошта шуда буданд. Савдогар соҳибхонаро хеле мунтазир шуд, вале аз ҳеҷ кас дарак нашуд. Ӯ баъди интизории зиёд ба хӯрдани хӯрок шурӯъ намуд, шикамашро сер кард ва чӣ тавр хоб рафтани худро нафаҳмида монд. Чун аз хоб бархост, дар болои кати хоб либоси наверо дид, болои миз низ пиёлаи қаҳваи гарм истода буд. Ӯ дар дил ба соҳибхона изҳори миннатдорӣ карда, ба аспи худ савор шуд ва роҳи хонаашро пеш гирифт. Дар роҳрави назди кулба чашми савдогар ба гулҳои зебое афтод ва хоҳиши Зебосанам ба ёдаш омад. Ӯ аз байни ин гулҳо зеботаринашро интихоб намуда канд. Дар ҳамин лаҳза садои ваҳмангезе ҳама ҷойро ба ларза овард ва савдогар дар назди худ махлуқи девсуратеро дид.
– Ман туро аз марг наҷот додам, – бо ғазаб ба сари савдогари дилкафшуда наҷра зад махлуқ, – ту бар ивази ин некиҳоям бадӣ кардӣ, акнун марг туро мунтазир аст.
– Ҷаноби мӯҳтарам, – хастаҳолона ба сухан даромад савдогар, – ман гулро барои духтарам кандам, агар малоли хотиратон гашта бошад, узр мехоҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё